ДУ ҲИКОЯИ ХУРД

ТАШРИФИ БЕҶО

Исроилбобо хост, ки ба арвоҳи гузаштагонаш дуои фотиҳа кунад. Бо ин мақсад вай бо наберачаи панҷсолааш роҳи қабристони деҳаро пеш гирифт. Бобову набера сари қабри пайвандон нишаста, дуои фотиҳа хонданд. Вақти бозгашт, набера аз сангҳои суратдору бошукӯҳи сари қабрҳо ба ҳайрат афтода саволе дод, ки Исроилбобо дар ҷояш ҳайкал барин шах шуда монд.
– Бобо, барои чӣ дар ин сангҳо сурати шумо нест?
– А? – даступо хӯрд бобо. – Ҳа-а, сурати ман... Рассомон кашидани расми мана фаромӯш кардаанд, – ноилоҷ монд бобо.
– Расми шумоя кай мекашанд, бобо? – ҳамоно аз кунҷковиаш намемонд набера. 
– Вақте ту калон шудӣ, расми мана ба рассомон мефармоӣ, хуб?
– Ман кай калон мешавам? – бача ҳамон саволборон менамуд.
– Сонитар. Одам оҳиста-оҳиста калон мешавад, – гуфт бобо ба майли хотир ва косаи чашмонаш аз об пур шуданд.
Бобо дарк кард, ки ҳангоми роҳи қабристонро пеш гирифтан, синну соли бачаро ба ҳисоб нагирифта будааст.

КАДУ

Ду ҳамсоякампир дар курсиҳои назди дарвоза нишаста, байни худ чақ-чақ мекарданд.
– Э, аҷаб замона шуд-да, дугонаҷон, – манаҳ метасфонд яке, – пештар барои чор кило бор ба бозори Сиёб мерафтам. Ҳозир мағозаҳо пури сабзавот, аз зиравор сар карда, то худи «зелен» аз дукон меёбед. Ҳоҷати бозорравӣ нест.
– Ҳа, дугона, – сухани ҳамсуҳбаташро тақвият медод дигаре, – дар дукони хӯрокворӣ ҳатто нос мефурӯшанд, ки носкашҳо овора шуда, ба бозор нараванд.
– Ин ҳоло ҳеҷ гап не, – авҷ гирифт кампири аввала, – дирӯз дарвозаамонро як ҷавони барзангӣ тақ-тақ карда пурсид: «Хола, каду намегиред?» «Кадуят чӣ хел? – гуфтам, – «Ширин ё фач?»
«Ман надонам, – гуфт ҳайрон шуда, — «ба даруни каду надаромада бошам». «Ин тавр, ки бошад, – гуфтам, – дарвозаро аз берун пӯш, бачам». Ҳадаҳа, ҷуфтакро рост кард, дугона, – масхараомез қиқиррос зад кампири аввала.
– Дугона, набераҳои духтарии ман ҳам дар бозор хариду фурӯш мекунанд, зиндагӣ-дия, – арзи дил намуд кампири дуюм.
Ҳамин вақт мошини боркаши «Лабо» баногоҳ пайдо шуду дар назди кампиракон таққӣ истод. Аз кабина ҷавони резапайкаре фаромада, кампири дуюмро ба оғӯш кашида, гарм-гарм пурсупос намуд. Вақти хайрухуш 5-6-тои кадуи калонро назди кампиракон гузошта, илова намуд:
– Аз давлати ман, бичак пухта, баҳузур хӯретон. Ин ба ҳардуятон, фақат дуо кунетон бас, – гуфту мошинашро ба роҳ андохт.
– Дугона, ризқи ману шумоя Худо худаш расонд, ана ин се каду азони шумо, сетои дигараш азони ман, – изҳор дошт кампири дуюм.
– О, ин чӣ хел мешавад, дугонаҷон, пулаша надодем-ку... – дар хиҷолат монд кампири аввала.
– Духтарнабераам туҳфа кард, ба туҳфа пул намедиҳанд, дугона, – ӯро хотирҷамъ намуд мусоҳибаш.
Кампири аввал аз гапи ду дақиқа пештар гуфтааш дар хиҷолат монда, чун шалғам суп-сурх шуд. Вай ҳатто напурсид, ки «Каду ширин аст ё фач?» Зеро он муфт буд.

Солеҳ Саид МУРОД,
ноҳияи САМАРҚАНД. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: