Ду амирзода буданд дар Миср: яке илм омӯхту дигаре мол андӯхт (ҷамъ кард).
Саъдии ШЕРОЗӢ
Ду ҳикоят
Ду амирзода буданд дар Миср: яке илм омӯхту дигаре мол андӯхт (ҷамъ кард). Оқибатуламр он яке алломаи аср гашту ин яке азизи Миср шуд. Пас ин тавонгар (сарватманд) ба чашми ҳақорат дар фақеҳ (донандаи қонуну қоидаҳои дини ислом) назар кардию гуфтӣ: «Ман ба салтанат расидаму ин ҳамчунон дар мазаллат (хорӣ, залилӣ) бимондааст». Гуфт: «Эй бародар, шукри неъмат ҳамчунон афзунтар аст, бар ман ки мероси пайғамбарон ёфтам, яъне илм ва ту мероси фиръавну Ҳомон, яъне мулки Миср!»
Ман он мӯрам, ки дар поям бимоланд,
На занбӯрам, ки аз нешам биноланд.
Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам,
Ки зӯри мардумозорӣ надорам!
***
Дарвешеро шунидам, ки дар оташи фоқа (нодорӣ) месӯхту хирқа (пораи матои куҳна) бар хирқа ҳамедӯхт ва таскини хотири мискинро ҳамегуфт:
Ба нони хушк қаноат кунему ҷомаи далқ,
Ки бори меҳнати худ беҳ, ки бори миннати халқ.
Касе гуфташ: «Чӣ нишинӣ, ки фалон дар ин шаҳр табъе карим дораду караме амим (бисёр) , миён ба хидмати озодагон баста ва бар дари дилҳо нишаста, агар бар сурати ҳоли ту, чунон ки ҳаст, мутталеъ (хабардор) гардад, поси хотири азизон миннат дорад». Гуфт: «Хомӯш, ки дар сахтӣ мурдан, беҳ, ки ҳоҷат пеши касе бурдан!»
Ҳам руқъа дӯхтан беҳу илзоми кунҷи сабр,
К-аз баҳри ҷома, руқъа бари хоҷагон навишт.
Ҳаққо, ки бо уқубати дӯзах баробар аст,
Рафтан ба поймардии ҳамсоя дар биҳишт!
Таҳияи КОМРОН.
Муҳаммад ШОДӢ
ПАДАР
Дар дили шабҳо ба хоби ман дароед, эй падар,
Ногаҳон дил гум занад чун рӯ намоед, эй падар.
Рӯйи нуронии як ҳамсолатон чун пеши чашм,
Баръало бар дидаи пазмонам оед, эй падар.
Боз н-ояд ҳар касе, ки рафт медонам, вале
Чашмчор ин ҷони ман, то дар кушоед, эй падар.
Ман надонистам, ки бахти пойдори ман шумо,
Бар сари ман сояи мурғи ҳумоед, эй падар.
Кардам эҳсос он даме ки бар замин яксон шудам,
Бар самои рӯзгорам муттакоед, эй падар.
Дар куҷо буд ақлам он дамҳо, ки пешам будаед,
Ақли ман омад ба сар, ҳоло куҷоед, эй падар?
Мондаам бе посбон бо чашмпӯшии шумо,
Будаам дур аз хатар, то бар дуоед, эй падар...
Ман надонистам Баҳоваддин Балогардони ман
Ин шумоед, ин шумоед, ин шумоед, эй падар!