ДУХТАР ДАР КӮЧА НАМЕГУЗОРАД

Арӯсу домод дар яке аз рӯзҳои аввали тӯйи никоҳашон қарор карданд ба ҳеҷ кас дар намекушоянд.

Падару модари домод ба дидани навхонадорон омаданд. Арӯсу домод дар дохили хона ба якдигар нигариста монданд. Домод хост дарро кушояд, вале аҳд ба ёдаш расид. Дарро накушод. Падару модараш ноилоҷ гашта рафтанд.
Баъди чанде падару модари арӯс омаданд, ба дар ангушт заданд. Боз ба ҳам нигаристанд арӯсу шаҳ. Арӯс басо музтариб ба назар тофт. Ашк дар чашм гуфт: «Ин хел карда наметавонам». Ва рафта дарро кушод. Домод чизе гуфта натавонист...
Аз байн солҳои зиёд гузашт. Зану шавҳар чаҳор писар ёфтанд. Баъд духтарчадор шуданд. Падар ба муносибати духтардор шуданаш базми калон орост, ба маҳалла ош дод. Занаш бо ҳайрат пурсид: «Чаро бо таваллуди чаҳор писар не, бо духтардор шудан ин қадар ҳиммат кардед?»
Шавҳар хаёломез даҳон кушод:
– Чунки духтарам дар кӯча намегузорад. Дарро мекушояд!

Б. ЭРГАШЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: