«ДУХТАР»-И БУХОРО ШУДА ТАВОНИСТ

Чандин вақт инҷониб дар бораи мухбири телерадиои давлатии Бухоро Матлуба Одинаева чизе нияти иншо кардан дар дил доштам.

 Ду сол инҷониб бо ӯ ҳамкорӣ дорему дар таҳияи намоишу барномаҳои тоҷикии телерадиоканали вилоятӣ иштирок мекунем.

Рӯзе Матлуба дар бораи зодрӯзи Устод Айнӣ намоише сабт мекард, ки журналисти ботаҷриба Ибодат Раҷабова гуфт: 
– Бинед вайро, ҳамсуҳбаташро чӣ хел бо саволҳои кунҷковонааш «ғалбер» мекунад. Э қойил-е, барака ёб Матлуба, – ва дар охири наворгирӣ  қарсакзанон вайро табрик намуданд.
Ҳамон лаҳза худ ба худ фикр кардам. Дар бораи вай чизе навиштан кори сода нест! Ман худам вайро мешиносам?! 
Таи чанд сол мешавад, ки ҳамкорӣ дорем, аммо ӯро қабл аз он танҳо бо воситаи пардаи телевизор ё эфири радио мешинохтам. Охир чанде пеш солҳое буданд, ки барои забони модариамон дари идораҳо баста буданд, аммо ӯ ҳамон солҳо ҳам микрофон дар даст боумедона вазифаи худро шарофатмандона адо мекард. Вайро гоҳо ҳамроҳи чӯпонон дар дашт, гоҳо назди деҳқонон дар саҳро, гоҳо дар ҳузури шоирону гоҳо дар ҳузури олимон, гоҳ дар харобаҳои талу теппаҳои қалъаҳои матруку вайрон, ки сокинони он ҷоҳо таърихи макони хешро, ки моли ривояту афсонаҳо шудаанд, аз пардаи телевизион мебинанд...
Дар Маҳаллаи Боло корҳои наворгирӣ ба охир расиду гурӯҳи эҷодиро ба як пиёла чой таклиф намуданд. Азбаски моҳи рамазон буд ва бандаю Матлуба бо ҳамроҳии ҷияни Устод Айнӣ, муаллими собиқадор Исҳоқ Толибов сари кӯча ба ҳангома андармон будем, дарвозаи яке аз ҳавлиҳо кушода шуду момои солхӯрдае берун шуда, пешамон омад. Вақте ки назди мо расид, саломаш додем. Ӯ ҷавоб гуфту сар бардошта сӯи мо нигаристу офтоби чеҳрааш рӯй боз карда:
– Ибӣ, ман гардам аз шумо, Матлуба-мӣ? – гӯён омада ӯро ба оғӯш кашид.  
– Ман қурбони забони ширини шумо шавам, бегоҳии рӯзи шанбеву пагоҳии якшанбе фақат намоиши шуморо аз телевизиони «Бухоро» тамошо мекунам. Ин вақт касе ҷуръат надорад, ки тамошои канали дигар кунад. Ҳатто набераҳои шӯхам ҳам то тамом шудани барномаи «Паёми рӯз» аз тамошои мултфилмҳо худдорӣ мекунанд... Канӣ як пиёлак чойба марҳамат кунед, э-э хотири пирӣ монад, рӯзи рамазон чиҳо мегӯям, шаб монда дар хонаи мо ифторӣ карда меравед...
– Ҷон гуфта мемондаму онаҷон, лекин камераи наворгириамон дар як рӯз чанд вазифаро бояд иҷро кунад, – ваҷҳ меорад Матлуба. 
– Шуморо дар телевизор дида ҳузур мекардем, ҳоло аз қадами шумо ба кӯчаамон файз даромад, меҳмон шавед, – момо ҳамон истодагарӣ мекард... 
Ҳамон рӯзҳо кадом як олими турк ба Бухоро омада, қабри Афросиёбро  бозёфт кардааст. Аммо дар як намоиши телевизионӣ мо далелҳои зиёду басанда овардем, ки инро ҳанӯз соли 1950 Устод Айнӣ ба аҳли илм ва мардум маълум карда буд. Ба ғайр аз ин дар ин бора Садриддин Салими Бухорӣ дар чандин китобаш хотиррасон карда, боз дар китоби «Кӯҳна ва боқӣ Рометан»-и Т. Ҳалимов ва «Шоҳнома ва Туронзамин тарихи»-и А.Темиров оиди қабри Афросиёб дар Бухоро гуфта шудааст. Бо Матлуба якҷоя оиди харобаҳои қалъаи Ҳазорнур (ин ҷоро қароргоҳи Спитамен медонанд, ки ба муқобили Искандар мубориза бурдааст), қалъаҳои Зандане, Ҳазрати Султони Олам, Хутомимеми қадим (дар деҳаи Хоҷа), боқимондаҳои изи Роҳи абрешим (дар деҳаи Маҳаллашерон), оиди эҷоди Фитрати Вардонзе, Арки Бухоро ва таърихи сарнавишти Сиёвуши Валӣ, эҷодиёти даҳонакии мардуми Шофиркон (иҷрои аллаи модарон ва таърихи «Саломнома»), номи Бухоро, ҳунари қуроқдӯзӣ ва дигар мавзӯъҳо даҳҳо намоишро пешкаши тамошобинон кардаем. 
Матлуба Одинаева хидмати маданӣ, худогоҳӣ ва маънавии мардуми Бухороро карда, худи онҳоро ба худашон мешиносонад. Ба ростӣ, барои аҳли Бухоро барномаҳои тоҷикии телерадио ягона манбаи дастрасӣ ба дунёи маънавиву маданӣ ва адабӣ аст, ки ба забони модарии худ мебинанду мешунаванд. Аз ин ҷост, ки маҳбубияти Матлуба дар байни мардуми фарҳангдӯсти Бухорои Шариф махсусан фавқулодда аст.
Ӯ ду писарро ба воя расонид. Соҳиби хонаву дар кард. Баъди бисту ҳафт соли бозгашташ аз хориҷа ба Бухоро «шаҳрванди Ӯзбекистон» гардид. Аъзои фахрии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон шуд. Аз ҳама муҳимаш, дар дилу дидаи мардуми Бухоро маъво гирифта, «духтар»-и  Бухоро шуда тавонист. 
Боз чӣ гуфтанӣ будам... Мардуми Бухорои Шариф ва гирду атрофи он, ки аксар тоҷикнишинанд, навбат поида, рӯзҳои тантанаву сурашон ду даҳанак аз «апаи худашон Матлуба» сухани тоҷикии поку ноб шунавидан мехоҳанд, чунки имрӯз чунин шудааст, ки дар ин гаҳвораи тамаддунамон фасеҳу равон тоҷикигӯву тоҷикинавис мисли тухми анқо гаштааст. Ин барои ҳар кас бахти бузургест.
Матлуба дар байни мардум, аз барои мардум, дар хидмати мардум ҳамеша камарбаста аст. 

Алимурод ТЕМИРОВ.
БУХОРО.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: