«ДУХТАР — САНГИ ФАЛАХМОН»,

ё худ насиҳати модар ба духтар

ё худ насиҳати модар ба духтар
Духтарҷон, «Духтар санги фалахмон» гуфтаанд, рӯзе мерасад ту хонаи падарро тарк мекунӣ. Ту акнун узви оилаи дигар ҳастӣ. Арӯси навро «Пайи қадамаш нек ояд», гуфта дуо кардаанд момоёни мо. Бо дили пурмеҳр, забони ширин, сариштакорию саранҷомӣ рӯзгоратро обод кун. Чи тавре ки мегӯянд, «хонаи босаришта фаришта дорад», таги дарвоза, гирду атрофи танӯру оташдон, ошхона ва анҷоми рӯзгоратро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дор. Ба тартиби шустани либосҳо риоя намо, аввал дасторхон, дастпоккун ва дигар либосҳои сафедро шӯй. Онҳоро дар офтоб хушк карда, дарзмол намо. Тозагӣ гарави саломатӣ аст.
Хӯрокҳои болаззатро омода соз, ба камию костии рӯзгор сабр ва қаноатпеша бош. Зеро, «санги вазнинро об намебарад». Рӯзгоре момоёни мо мушкилӣ, ҷудоӣ, меҳнати ҳаёти сангинро аз сар гузаронда бошанд ҳам, оиларо муқаддас ва пос доштаанд. Пайрави гузаштагон бош.
Меҳмонро хуш қабул кун, меҳмон атои Худо гуфтаанд. Норасоии рӯзгоратро ба меҳмон ошкор насоз, ки ин боиси озурдагии шавҳарат мегардад. Чуноне ки ҳамсоязан боре дар ҳузури меҳмон шавҳарашро сарзаниш карда гуфт, ки дар хона нон нест, ин нест, он нест. Ин ҳолат хеле бад аст. Вақте меҳмон аз дарат мебарояд, ҳоло ӯ дур нарафта даратро сахт напӯш, ки ин боиси дилозурдагии меҳмон мегардад.
Шавҳарат сарпаноҳ, фахр, ғурур, таъмингари рӯзгорат аст. Ӯро дӯст дор ва эҳтиром намо. Бе иҷозати ӯ аз остонаи дарат берун нарав. То охири умр бо ӯ чеҳракушод бош, сурату сиратат ҳамеша зебо бошад.
Ривоят мекунанд, ки рӯзе духтари Муҳаммад (с.а.в.) Фотимаро ба базми духтарон даъват менамоянд. Фотима ба он ҷо меравад ва мебинад, ки занону духтарони зиёде ҷамъ омадаанд. Онҳо либосҳои қиматбаҳо ба бар, бо зару зевар оро дода шуда, бо як такаббуру ҳавобаландӣ дар гирди хони неъмат нишаста буданд. Занҳо ба Фотима, ки куртаву пойҷомаи оддӣ ба тан дошт ва хомӯш менишаст, назарногирона дида медӯхтанд. Фотима дар ин давра худро ноҳинҷор ҳис намуд ва базмгоҳро тарк кард. Ба хона рафта воқеаро ба падараш гуфт. Муҳаммад (с.а.в.) чунин ҷавоб дод: 
«Духтарам, хоксорӣ ва фурӯтанӣ зебу зинати туст». 
Духтарҷонам, вақте ҳомила мешавӣ, модарат бо сад орзуву нияти нек ба дӯхтани анҷоми гаҳвора шурӯъ менамояд. Бахти модарӣ дар сари гаҳвора нишаста аллагӯйист. Чуноне ки ту худ тифл будию ман бад-ин тарз алла мегуфтам:
Ҷони модар, ҷони ҷонам, аллаё,
Муниси рӯзу шабонам, аллаё.
Эй сароғози хушиҳоям, бихоб,
Ман туро танҳо намонам, аллаё.
Алла, алла, аллаё,
Ман, ки ҳоло шокири рӯйи туям,
Содиқона дар такопӯйи туям.
Толеи некат бихоҳам аз Худо,
То ки ҳастам, ман дуогӯйи туям.
Алла, алла, аллаё,
Ҷони модар аллаё...
Азизакам, аз туҳмат, ғайбат, ҳасад ва дурӯғ, ки фазилатҳои бади инсонӣ аст, парҳезкор бош. Ба оила ва рӯзгордории покизаат дигарон бояд ҳавас кунанд ва ибрат гиранд... 

Сафаргул ЙӮЛДОШЕВА,
 ноҳияи Нурато.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: