«ДУХТАРАМОН БА МАЪЮБИ ЯКУМРӢ ТАБДИЛ ЁФТ»

– мегӯянд бо чашмони пуроб падару модари Ӯлмасхони 27-сола Абӯалӣ Сино гуфтааст: «Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба кори дигар машғул нашудаам».

Пас, оё номбардорону меросбарони ин нобиғаи ҷаҳонӣ – духтурони давру замони мо дар ин ҷода ба ӯ пайравӣ мекунанд? Оё онҳо низ донишу маҳорати тиббии худро такмил дода, пайваста меомӯзанд ва аз навгониҳои илми тиб огоҳу бохабар мешаванд? 
– Омӯзиш, такмили донишу маҳорат бояд як ҷузъи  ҳаёти ходимони соҳаи тиб қарор дошта бошад. Бо гирифтани диплом набояд ба омӯхтан хотима дод. Омӯхтану огоҳӣ аз навгониҳои тиб дар пешрафти кор нақши муҳим мебозад, ӯро соҳибэҳтиром мегардонад,– мегӯяд собиқадори соҳаи ҳифзи тандурустӣ Хонбой Исоев.
– Ӯлмасхон ҳанӯз хурдакак буд. Қариб чорсола шудаву ба боғчаи деҳа рафтуо дошт. Вай бо ҳаракатҳои ҷолиб шавқи ману шавҳарамро бедор менамуд ва моро хурсанд мекард. Рӯзе дар боғча табаш баланд шудааст. Зану шавҳар бохабар шуда, ӯро ба беморхона бурдем. Баъди муоина гуфтанд, ки бояд бистарӣ шавад ва муолиҷа гирад.  Баъди чанд рӯз  духтарчаам табобати лозимиро гирифт ва  табаш оҳиста фаромад. Зану шавҳар хурсанд шуда, духтарчаамонро бо худ   ба хона овардем,– мегӯяд сокини ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Рамзия Сангинова.
Ба гуфтаи ӯ чанд вақт сипарӣ гардид, аммо духтарча  маҷоли ба по хестанро надошт. Вай ва шавҳараш ҳайрону мабҳут монданд ва намедонистанд, ки чӣ тадбир ҷӯянд. Ба гумони онҳо духтарчаашон шояд аз таъсири дорувори тиббӣ ба чунин ҳол афтодааст  ва бо мурури замон дубора ба по хоҳад хест.  
– Маълум шуд, ки Ӯлмасхон ба ҷойи сиҳатшавӣ дигар наметавонист пойҳои худро ба ҳаракат дарорад. То ҳанӯз асрори маъюб шудани духтарамонро намедонем. Агар  саломатиаш барқарор мегардид, мо ин қадар сарсону саргардон намешудем,– тазаккур дод Рамзия Сангинова.
Бори охир Ӯлмасхонро дар шифохонаи ҷумҳуриявии реабилитатсияи маъюбон дида будам. Рӯзи ба деҳа омадан хостам, ки аз ҳоли ӯ хабар гирам. Вақте ки  ба назди дарвозаи ҳавлиашон расидам, чанд нафар духтаронро дидам, ки ӯро иҳота гирифтаву суҳбат мекарданд. Ӯлмасхон маро дида салом дод. Духтарҳо бо Ӯлмасхон хайрухуш намуда, пароканда шуданд.
– Ҳаммаҳаллаҳо ба дидани ман омадаанд. Бештари онҳо ҳамсинну соли мананд. Ҳар кадом  соҳиби хонаву дар ва фарзанд мебошанд. Баъзан маро  ба ин ё он хатнасурии фарзандонашон хабар мекунанд. Ташаккур мегӯяму намеравам. Бо ин ҳол чӣ  тавр равам? Сонӣ чанд шабонарӯз хоб аз чашмонам мепарад. Аммо кӯшиш мекунам, ки падару модарам аз ин ҳолати ман хабардор нашаванд ва дарду доғашон  наафзояд,– мегӯяд Ӯлмасхон ва кӯшиш мекунад, ки қатраҳои ашки чашмонашро аз ман пинҳон дорад. 
 Ин ҳолати ӯро дида ман ҳам қариб худро аз даст медиҳам, вале зуд худро боз ба даст гирифта, вайро дилбардорӣ мекунам. Аммо медонам, ки суханонам танҳо барои таскини дил гуфта шудаанд ва ман зери бори хиҷолат мемонам. Ӯлмасхон сӯям бо табассум менигарад ва баъд мегӯяд, ки вай ҳамеша аз ману ҳамсарам хурсанд аст, зеро  чанд бор ба беморхона омада, аз вай хабар гирифтем. Бо ин роҳ шояд вай мехоҳад маро аз вартаи хиҷолат раҳо намояд. 
 «Чӣ қадар нерӯи мустаҳкам дорад ин Ӯлмасхон!»,– мегузарад аз дилам.
Хабар дорам, ки падару модари Ӯлмасхон солҳои тӯлонӣ  роҳи Сӯх – Фарғона – Тошкандро тай карданд, сарсону саргардон шуданд, ҳар чӣ доштанд, сарф карданд, ки духтарашон ба по хезад. Дар муассисаҳои марбути гуногуни тиббӣ тақрибан профессоре намонд, ки Ӯлмасхонро муоина накарда бошад. Вале аз он ки кор аз кор гузашта буд, ин муоинаҳову муолиҷаҳо ягон натиҷа надоданд. 
Падари Ӯлмасхони маъюб – Ҳусейнҷон Раҳмонов мегӯяд, ки ба чеҳраи заъфаронии духтари 27-солааш менигараду дилаш  таҳ мезанад. Дуруст аст, ки аз тақдир ҷойи гурез нест, аммо ҳамеша ба ҳамон рӯзҳо лаънат мефиристад, ки бо саҳлангории нафаре аз хилъатпӯшони сафед духтараш то охири умр маъюбу аробачасавор шуда монд.
Дарвоқеъ, духтуронеро медонам, ки ҳамеша ба китобҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд ва дар муоинаву муолиҷаи беморон бо ҳавсалаи том машғул мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо зимни муолиҷа аз беаҳамиятӣ худдорӣ мекунанд, пизишкони дигарро ба машварат даъват месозанд. Чунин пизишкони масъулиятшинос ба дарки он маънӣ мераванд, ки як бархӯрди ғалат ё нодуруст нисбати бемор метавонад ӯро маъюби якумрӣ кунаду ба номи худи ӯ низ дар байни мардум тамғаи беобрӯӣ занад.  
– Соҳибони касбу кори гуногун хато кунанд, онро ислоҳ кардан имконпазир аст. Аммо хатои мо – пизишконро касе ислоҳ карда наметавонад. Оре, беморони зиёдро тандурустӣ мебахшем ва ба қайди ҳаёт дубора бармегардонем. Аммо баъзан дар рӯйи мизи ҷарроҳӣ ҷон додани бемор ва ё ба таъхир гузоштани муолиҷаи шахсе, ки ба кӯмаки мо сахт ниёз дорад, метавонад бо фоҷиа анҷом ёбад. Барои ҳамин дар зарурат ё вақтҳои фориғ аз кор бояд ба мутолиаи китобҳои тиббӣ рӯй оварем, воситаҳои замонавии табобатро аз худ намоем, такмили касб кунем,– мегӯяд ҷарроҳи  риштонӣ Хибадҷон Саидов. 
Ӯлмасхон барин духтароне, ки мебоист аз зиндагии пурнишот баҳра бурда, соҳиби хонаву дар ва фарзанд шаванд, набояд ба иллати саҳлангории яклаҳзаина маъюби якумрӣ гарданд. Пас, доимо ҳушёр мебояд буд!

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: