ДУХТАРИ БОИСТЕЪДОД АЗ ЧИНДОВУЛ

Имрӯзҳо дар мамлакатамон барои ҷавонони боистеъдод шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, онҳо дар озмунҳои гуногун муваффақиятнок иштирок мекунанд.

Имрӯзҳо дар мамлакатамон барои ҷавонони боистеъдод шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст, онҳо дар озмунҳои гуногун муваффақиятнок иштирок мекунанд. Онҳое, ки комёб мегарданд, ба донишгоҳ ва донишкадаҳои интихобкардаашон бе супориши имтиҳон боимтиёз қабул мешаванд.

Ҳар сол дар арафаи 8 Март – Рӯзи байналхалқии бонувон гурӯҳи духтарони соҳибиқтидори кишварамон барои хулқи аъло, истеъдоди нодир, ташаббускорӣ, комёбиҳояшон дар таҳсил, ҳамчунин дастовардҳои алоҳидаашон дар соҳаи таълим, илм, адабиёт, маданият, санъат, варзиш ва фаъолияти ҷамъиятиашон мувофиқи қарори Президент бо Мукофоти давлатии ба номи Зулфия сарфароз мегарданд.
Имсол дар рӯихати мукофотонидагон хонандаи синфи 9-уми мактаб-интернати давлатии ихтисосонидашудаи ноҳияи Косонсой Олимахон Тоҷибоева ҳам буд.
Камина кӯшиш намудам дар бораи ин духтари соҳибистеъдод, ки дар синни мактабхониаш соҳиби чунин мукофоти бонуфуз гардидааст, ягон маводе иншо кунам.
Мактаби мазкур дар яке аз деҳаи калонтарини ноҳияи Косонсой Чиндовул воқеъ буда, дар шафати роҳи Тӯрақӯрғон – Косонсой қад рост намудааст. Деҳа аз рӯйи Барномаи давлатии «Обод қишлоқ» таъмир ва бунёдкориҳои назаррас амалӣ гардида, он қиёфаи аҷиб пайдо кардааст. Ронандаи мошини сабукрав мошинро оҳиста боздошта, «мана ба манзилатон омадед» гуфт. Ҷонишини директори мактаб оиди корҳои маънавию маърифатӣ Муҳибулло Аҳмедов каминаро самимона пешвоз гирифт. Сипас оиди комёбиҳои ноилгардидаи Олимахон сухан гуфт.
Дарҳақиқат, Олимахон Тоҷибоева дар дили кӯчакаш аз 7-солагӣ ба санъат меҳр пайдо мекунад. Аввал дар мактаби мусиқии рақами 3-юми ноҳия аз Соҷида Аҳмадхонова асрори дуторнавозиро меомӯзад. Сонитар бо омӯзгори мусиқӣ Обидҷон Азимов ба омӯзиши суруд шурӯъ мекунад. Имрӯзҳо дар мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 11-уми шаҳри Намангон аз устодаш Шерзод Абдураҳимов бештар барои омӯхтани сурудҳои мақом маҳораташро сайқал медиҳад.
Вай аз соли 2015 дар озмун ва ҷашнвораҳо иштирок мекунад. Ҳамон сол дар ҷашнвораи бачагонаи байналхалқии эҷодии «Камалак юлдузлари» муваффақиятнок иштирок ва комёб гардид. Инчунин дар азназаргузаронӣ-озмунҳои «Авлоди маънавияташ баланд», «Сарояндаи Ватан», «Ситораҳои боистеъдод» иштирок кард. Соли 2018 дар шаҳри Боку дар ҷашнвораи байналхалқии «Муғом» иштирок намуда, ғолибиро ба даст даровард.
– Олимахон баробари санъатро пеша кардан ҳамаи фанҳоро хуб аз бар карда, бо баҳои аъло илм меомӯзад. Вай яке аз фаъолони клуби «Духтарҷон» ва «Камалак» ба шумор меравад. Вақти холӣ китоб мутолиа карда, бештар шеър машқ мекунад.
– Бо дугонаам Олимахон Тоҷибоева мо мактабиён ифтихор мекунем. Имрӯзҳо дар таълимгоҳамон сафи пайравони Олимахон торафт зиёд мешавад, – мегӯяд Насиба Зокирҷонова.
– Дар кишварамон бо ташаббуси сарвари мамлакат ба санъати мақом эътибор зиёд шуд. То ҳозир сурудҳои «Ӯзбекистон», «Қиролича», «Шалола», «Қаландар», «Мустазод», «Диёримсан», «Қизғалдоғим», «Келиб гулзоримга», «Устозлар», «Фиғонким»-ро иҷро кардам. Аз давраи бачагӣ ба ҳунарпешаи нотакрор Муноҷот Йӯлчиева бо ҳавас нигоҳ карда, аз паи ӯ рафтанро орзу мекардам. Ба ҷашнвораи байналхалқӣ, ки дар рӯзҳои наздик дар Маскав бояд баргузор мегардид, ҳамаҷониба тайёрӣ дида будам, аммо ҳоло ба иллати пандемияи ҷаҳонӣ он ба таъхир андохта шуд, – гуфт бо таассуф Олимахон Тоҷибоева.

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: