ДУХТАРИ ДЕҲҚОН

Гулчеҳраро яке ҳамчун маслиҳатчии ботаҷрибаи маҳалла, дигаре ба сифати фермери фаъол хуб мешиносанд.

Гулчеҳра Тӯйчиева бо тавсияи роҳбарони ноҳия заминҳои ҳосилдориаш пасти ҳудуди деҳаро ба хоҷагии фермерӣ баргардонд. Бо кумаки шавҳараш Холмаматака дар 46 гектар замин корро оғоз намуд. Холмаматакои чашмикордон аз рӯйи ихтисос муҳандис бошад ҳам, дар бобати деҳқонӣ ба Гулчеҳра “устод” шуд. Ҳолати мелиоративии заминро омӯхт, заҳбурҳо кофта, ба ду тарафи роҳ дарахтони беду сафедор ва тут шинонд. 
– Аз бачагӣ ба деҳқонӣ ҳаваси калон доштам. Бобоям Қучқорбойота Холбобоев деҳқони бомаҳорат буд. Дар колхоз роҳбари бригада буд, аҳли оила дар саҳро кор мекардем, – ёдовар мешавад Гулчеҳра. – Бо нияти хуб тирамоҳ дар 32 гектар ғалла коштем. Ният дорем, ки дар замини боқимонда пунбадона корем. Эътибори роҳбари давлат ба соҳа ва фароҳам овардани имкониятҳоро дида ба ғайратамон ғайрат ҳамроҳ шуд. Дар хоҷагиамон асосан ҷавонон меҳнат мекунанд. Барои онҳо тамоми қулайиҳоро фароҳам овардаем. 10 сар чорвои шохдор, 27 сар гӯсфанд дорем. Ширу ҷурғот, гӯшту равған аз худамон мебарояд. Техникаамон пурра мерасад. Дарахтони гуногуни мевадор, ки дар ду гектар замин доман паҳн кардаанд, ҳоло ғарқи гул мебошанд. 
Гулчеҳраапа баробари деҳқонӣ дар вазифаи маслиҳатчии занону духтарони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Резаксой фаъолият мебарад. 
– 1514 нафар занону духтарони маҳаллаамонро панҷ панҷа барин мешиносам. Барои ҳамин корбарӣ бо онҳо он қадар душвор нест. Ҳаракат мекунам бо ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ суҳбат кунам. Дар яке иқтидори соҳибкорӣ, дар дигаре дӯзандагию пазандагӣ ҳаст, сеюмӣ мехоҳад бо чорвопарварию паррандапарварӣ машғул шавад. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, ба онҳо кумак мерасонам. Роҳбари давлат доир ба дастгирии занону духтарон, онҳоро бо кор таъмин намудан,  мавқеи худро дар ҷамъият ёфтан як қатор вазифаҳои муҳимро гузошт, ки мо низ дар асоси он нақшаҳои худро муайян намудем, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо. – Дар маҳаллаи Резаксой асосан бо деҳқонӣ ва чорвопарварӣ машғул мешаванд. Аз ҳар як ваҷаби замини рӯйи ҳавлии худ босамарона истифода мебаранд, ки дар ин кор бештар занҳо фаъоланд. Дар маҳалла дар асоси шарикии давлатӣ муассисаи томактабии “Дунёи бачаҳо”-ро кушодем ва он 70 нафар кӯдакони маҳалларо фаро гирифтааст.
Дар замини рӯйиҳавлии резаксойиҳо тухмии аввалини зироатҳои баҳорӣ кошта шуд. Ҷӯйборҳо тоза карда, ниҳоли дарахтони меваноку манзаравӣ шинонда шуданд. Дар саҳро низ корҳои баҳорӣ идома меёбанд. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: