ДУХТАРИ ДОНИШҶӮЙИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЗАБОНИ МАЛАЙӢ ДАР МАЛАЙЗИЯ ҶОЙИ АВВАЛРО ИШҒОЛ КАРД

28 ноябри соли 2021 дар Малайзия давраи хотимавии Озмуни байналхалқии маҳорати наттоқӣ ба забони малайӣ барои «Ҷоми Сарвазир – 2021» баргузор шуд.

28 ноябри соли 2021 дар Малайзия давраи хотимавии Озмуни байналхалқии маҳорати наттоқӣ ба забони малайӣ барои «Ҷоми Сарвазир – 2021» баргузор шуд.
Ҳамдиёри мо – донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон Наргиза Ортиқова дар сабқати ошкоро, ки дар Иёлати Ҷохори Малайзия ба вуқӯъ омад, ҷойи аввалро ишғол намуд.
Ба ғолиб ҷом ва сертификати сарвазири Малайзия Исмоил Сабрӣ Яъқуб супурда шуд.
Ғайр аз иштирокдори ӯзбекистонӣ дар давраи ниҳоии озмун донишҷӯён аз Индонезия, Ҷопон, Миср, Таиланд, Бруней, Бангладеш, Гвинея ва Мали сабқат варзиданд.
 Ҷойҳои дуюму сеюм насиби толибилмони Донишгоҳи тадқиқоти байналмилалии Токио ва шаҳрванди Малӣ гардид, ки дар Донишгоҳи давлатии Ҷокякартави Индонезия таълим мегирад.

АИ «Дунё»,
шаҳри КУАЛА-ЛУМПУР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: