Духтари хушбахти Ватан ҳастам

Дар мамлакатамон баҳри дастгирии ҷавонони боиқтидор, ба рӯйи об баровардани истеъдод ва рағбатноккунии онҳо эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

. Баргузор намудани озмун-азназаргузарониҳо, ҷашнвораҳои санъат, варзиш ва фарҳанг барои муайян намудани соҳибони боистеъдод хидмат мекунад. Бахусус, барои дастгирии духтарони боиқтидор ва фаъол озмуни мукофоти давлатии ба номи Зулфия дар самтҳои фарҳанг, санъат, илму фан, таълим ва адабиёт садҳо духтарони боистеъдодро кашф намуд. Аз ҷумла, аз вилояти Андиҷон 28 нафар духтарон соҳиби чунин мукофоти бонуфуз гардиданд. Дар байни онҳо донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиббии Андиҷон Дурдонабегим Зайнобиддинова низ буд. Мақолаҳои бисёри илмии ӯ дар маҷаллаҳои илмии давлатҳои Русия ва Туркия рӯйи чопро дидаанд. 
Ӯ нафақат аълохон, балки дар корҳои ҷамоатӣ фаъол буда, сазовори стипендияи ҳокими вилояти Андиҷон гардидааст. 
– Ман яке аз духтарони хушбахти Ӯзбекистони Нав мебошам,– мегӯяд Дурдонабегим. – Чунки саъю ҳаракат ва ҷустуҷуйи маро дар соҳаи илму фан давлатамон арзёбӣ намуд. Ба мукофоти давлатии ба номи Зулфия мушарраф гардидам. Аз Президенти кишвар, ки мо ҷавононро ғамхорӣ менамояд, миннатдорам. Ваъда медиҳам, ки бо донишу меҳнати фидокоронаам барои ояндаи дурахшони Ватан ҳисса мегузорам.
Дурдонабегим таҳти мавзӯи “Бемории рагу хун дар занони ҳомила, пешгирии он ва усулҳои табобати замонавӣ” кори илмӣ мебарад.
Дар акс: Дурдонабегим ЗАЙНОБИДДИНОВА.
Аксбардор: Ф. УБАЙДУЛЛОЕВ. ӮзА.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: