ДУХТАРИ ҚОЗИИ САМАРҚАНД

Таърихи таълиму тарбия аз адаб оғоз меёбад ва беҷиз нест, ки маҳз адабиёт тавонистааст мавқеи занро дар оила чун тарбиятгари асосӣ муайян намояд.

Таърихи таълиму тарбия аз адаб оғоз меёбад ва беҷиз нест, ки маҳз адабиёт тавонистааст мавқеи занро дар оила чун тарбиятгари асосӣ муайян намояд. Духтари қозии Самарқанд, яке аз бонувони отифаи давраи Темуриён буда, нақши муассире дар саҳнаи адабиёти он давра гузоштааст. Дар «Тазкират-ул-хавотин»-и Маликултоби Шерозӣ омадааст, ки духтари қозии Самарқанд аз содоти саҳеҳулнасаби мамолики Хуросон аст. Ӯ дар байни 14 нафар бонувони дар ин тазкира ҷойдошта чун духтари қозии Самарқанд бо тахаллуси Духтар низ муаррифӣ гардидааст.  
Тахмин меравад, ки сухан дар бораи Қозӣ Ихтиёр, ки дар давраи Шоҳрух иштиғоли вазифаи қозигӣ доштааст, меравад. Дар бораи шоиртабъии ӯ воқеанигорони зиёде маълумот додаанд. Аз ҷумла, дар «Бобурнома»-и худ Бобур Мирзо ӯро чунин муаррифӣ кардааст: «Қозӣ Ихтиёр ном шахс низ буд. Ӯ вазифаи қозигиро хеле хуб иҷро мекард. Бо забони форсӣ оид ба фиқҳ рисола  навишта буд. Фикрҳояш муалло буданд. Ҳамчунин ӯ аз Қуръон оятҳои каломро барои иқтибос ҷамъ оварда буд». Сарчашмаи дигар дар баробари дигар олимони машҳур номи Қозӣ Ихтиёруддин Ҳасан Турбатиро низ ба забон гирифтааст,  ки дар мадрасаи «Ихлосия» дарс мегуфт.  А.Н. Болдирев дар рисолаи «Зайниддин Восифӣ» овардааст: «Сайид Ихтиёруддин Ҳасани Турбатӣ («Қозӣ Ихтиёр») дар байни аҳли уламову машоихи Ҳирот маълум ва машҳур буд. Ӯ дар давраи Султон Ҳусейн (Бойқаро) дар соҳаи адлия ба маснади баландтарин ноил гардида, дар баробари истило шудани Ҳирот аз ҷониби Шайбонихон ба хидмати ӯ даромадааст. Соли 1510 баъди ғалабаи Исмоили Сафавӣ аз болои Шайбонихон ӯ аз Ҳирот рафта, соли 1521 вафот кардааст».  
Ғайр аз тазкираҳои худ оид ба тафсири қонунҳои шариат Ихтиёруддин шоир буда, таърих ҳам менавиштааст, ки дар ин бора Алишер Навоӣ низ маълумот додааст: ба таҳрири сиҷолоту қиболот ва муҳиммоти шаръ қиёму иқдом менамуд, фиқҳу арабияш чандон ки таъриф кунанд, ҳаст.
Дар бисёр сарчашмаҳо номи ду шоираи номвари ин оила зикр шудааст, ки яке Хонзодаи Турбатӣ ва дигаре Духтари Қозии Самарқанд аст. Хонзодаи Турбатӣ зани Қозӣ Ихтиёруддин буда, Духтари Қозии Самарқанд духтари бародари вай аст, ки ҳамчунин вазифаи қозигиро дар Самарқанд дошта, баъди вафоти ӯ духтарашро Қозӣ Ихтиёруддин ба тарбият гирифтааст. 
Дар ин ҷо низ аҳли оила ба илм, маърифат ва назму наср арҷгузорӣ намуда, қариҳаи ҳунарии хешро барои такмили ин соҳа сарф кардаанд.

Зебунисо ФАЙЗУЛЛОЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: