ДУХТАРИ СОҲИБИРОДАИ СУРХОН...

Чу якрангам, дигар ранге наҷустам,

Чи сон будам, ҳанӯзам он нахустам.
Аё Дарбанди сангин дар канорат,
Зи нав мисли гуле ҳам ман нарустам.

Дилам фарёд мебардорад, қалбам бол мекушояд, чун номи деҳа бар забон мегирам. Сад дареғ, нимашаҳрӣ гаштам. Намедонам кай дар оғӯши Дарбанди сангин фориғбол нафас мекашам. Фарзанди дилбанд мегардам. Номи ӯро то куҷоҳо бардошта бурда метавонам. Боз дилам таскин меёбад. Номбардорони ин деҳаи хурд бисёранд. Дар тамоми гӯшаву канори дунё бо номи Дарбанд ифтихор менамоянд. Корҳои хайрро ба сомон мерасонанд. Инҳоро мебинам, мешунавам ва боз мехоҳам сафи чунин инсонҳои некном зиёд гардад.
Маро аз хоки Дарбанд офаридӣ,
Дилам бар деҳа пайванд офаридӣ.
Худовандо, нигаҳ дорам чу тоҷик,
Агар фарзанди Дарбанд офаридӣ.
Ин мисраъҳоро месарояму боз дилам дар мегирад. Боз мехоҳам шеърҳои аз ин беҳтар сароям. Вале дар кунҷу канор гапҳои бофтаву сохта мешунавам. Дар баробари ситоиш мазаммат, бадназарӣ эҳсос мекунам. Хафа не, баръакс хурсанд мегардам. Кош, дар кадом ҳолат набошад ҳам, аз назари мардум намонам. Онҳо ғайбат карда бошанд ҳам, маро ёд мекунанд. Боз менависам...
Худовандо, маро гир дар канорат,
Манам як зарраи хоки сиёҳат.
Қадам оҳиста мемонам ба хокат,
Ки гаштам бандаи ғарқи гуноҳат.
Бале, ин ҳангом дилам бухс мекунад. Фақат навиштан, эҷод маро аз банди ҳар гуна қабоҳат, разолат эмин медорад. Ба қаламу коғаз аҳсант мегӯяму бо онҳо тамос мегирам. Ин ҳангом дари хонаи корӣ кушода мешаваду сармуҳаррири рӯзномаи «Ховар» Олими Панҷизода медарояд. Дар дасташ китоб, дар ҷайбаш рӯзнома. Механдад.
– Ҳоло ҳам зинда гаштаед. Бо ин қадар бадкирдориву бадназарӣ то ҳол намурдед?
– Не, Худо нигаҳ дорад. Ҷони ганда ба ягон кас лозим набудааст. Кай мурданӣ шавам, хабар мерасонам, —  мегӯям. 
Ҳарду пур аз дарду алам ва сӯз ба ҷойи гиря механдем.
Ӯ китоби дасташро дароз мекунад.
– Мешиносед, медонед? – суол кард. 
Ҳаяҷон фаро гирифт, китобро гирифтаму дарҳол чизеро пай бурдам. Зеро аз шуҷоат, муборизаи оилаи ин сулола дар ноҳияи Музработ хабардор будаму аз рафтори шоями ин модари мубориз огоҳӣ надоштам.
Мо дарбандиён аз қадим одат доштем. Агар қавми Дарбанд дар куҷое вафот кунад, ҳатман ӯро оварда ба Дарбанд гӯручӯб мекарданд. Аз бозе, ки худамро мешиносам, аз ин огоҳӣ дорам. Ҳатто кадом соле дар зимистон турбати ҳамдеҳаамонро аз Куриёи Ҷанубӣ баъди аз як моҳи вафоташ ба Дарбанд оварда гӯрониданд...
Ин анъана то ҳол идома дорад. Бархе инро мехоҳанд, гурӯҳе намехоҳанд.
Вале гап дар ин ҷо болои ин нест. Дар бораи модари шуҷоатманд аст, модаре, ки бо тамоми ҳастӣ фикру ақида ва мақсади худро ҳимоя карда тавонист, ба шараф хиёнат накард, ба муборизаҳои шадиди ӯ то сарвари ҳукумат хабардор шуду ба кори оғознамудааш дуои хайр доданд.
Тасаввур кунед, баъди таку давҳои ҳафт-ҳаштсола ӯ номи модари азизашро абадӣ гардонд, ки аввалин бор дарбандиёни музработӣ қабристон ташкил карданду касе дар ин ҷо наздикони худро дафн накарда ва гуфтанд, ки аввалин шуда касе, ки дар ин ҷо дафн карда мешавад, қабристон ба номи ӯ гузошта мешавад. Дар манзили ҳаштгектара аввалин турбати момои ҳаштодсола – Бибӣ Робиа гузошта шуд.
Қариб се моҳ касе вафот накарду аҳли оилаи Боймуродов шабу рӯз дар атрофи мазори модар буданд. Духтари Бибӣ Робиа – Туҳфа ин манзара, он рӯзҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонад. Рӯзу шаб дар ин ҷо буд. Ҳа, қабри модари азизаш танҳои зор дар ин манзил, дар чӯли Музработ яккаву танҳо хобида буд. Гоҳ бо алам гиря мекард, гоҳ ба худ тасаллӣ медод. Аз Худо илтиҷо мекард, ки рафтори аҳли оиларо бубахшанд. Рӯзҳое шуд, ки қабрро кофта, ҷасадро ба Дарбанд бурда гӯронданӣ шуданд. Чунки дигар дарбандиён хоҳиши ба дигар ҷой бурдани ҷасади майитро надоштанд. Ниҳоят, Худо ба онҳо инсоф дод. Баъди чандин моҳ дар ин ҷо боз қабрҳои дигар пайдо шуданд.
Ҳамин тавр қабристони дарбандиён дар Музработ ташкил гардид. Баъди чанде аҳли оила ёдрас намуданд, ки аввалин шуда модари онҳо дар ин ҷо дафн гардид. Аз рӯйи фотиҳаи ҳамдеҳагон бояд қабристон ба номи Бибӣ Робиа гузошта шавад. Ана, акнун дар ин ҷо зиддиятҳои дохилӣ авҷ гирифт. Туҳфа Боймуродова агар сустӣ мекард, ба мақсад ноил намегардид. Ба гапу калочаҳо нигоҳ накарда, ба давлат, ба қонун такя кард. Оқибат ӯ зафар ёфт. Ҳарчанд ӯро шикастанӣ шуданд, таҳқир карданд, тоб овард, нашикаст. Қабристони Музработро ба номи модари марҳумаш – «Бибӣ Робиа» гузошт. Ин номгузорӣ ӯро абгор карда бошад ҳам, бехонаву дар монда бошад ҳам, дар дуриҳо аз Ватан бошад ҳам, ифтихор бахшид. Аз роҳаш нагашт. Бо аспи ҳақиқат ҷавлон зад. Худо ӯро танҳо нагузошт, ба мақсадаш расонд.   
Вале дилранҷониҳо, ғайбату буҳтонҳо то ҳол ӯро тарк накардаанд. Ӯ ба ин парво надорад. Рӯҳи гузаштагон ёвару мададгор аст. Ҳоло қабристоне, ки аввалин шуда модари ӯ дафн гардида буд, ба манзили обод табдил ёфт. Натанҳо ӯ, балки ҳамдеҳагони хушрафтору хушгуфтор ҳамеша ҳамроҳи ӯ буданд. Дилбардориаш мекарданд. Оқибат ин модари тавоно ба мақсад расид. Дар бораи ӯ китоби публитсистии Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон Дилбар Маҳмудова ба забони ӯзбекӣ «Синмаган Сурхон қизи» ба чоп расид. Тамоми ранҷу азоби ин модар дар китоб баён ёфтааст.
Дар утоқи корӣ менишастам. Бародари Туҳфа – Каримака даромада омад. Дер боз вонахӯрда будем. Чунки ҳангоми ташкил ва таҳияи китоби «Ёдномаи дарбандиён» Шодиака (рӯҳашон шод бод!), Каримака барин мардони некандеш барои ҷамъ овардани мавод дар ноҳияи Музработ хидматҳои шоиста карданд. Номҳои ҳамдеҳагони дар ин ҷо кору зиндагӣ карда фавтидаро пурра ҷамъ оварда, ба китоб ҷойгир карданд. Каримака низ ҳангоми фавти модар ба азоби дутарафа афтод. Чунки ӯ мардонавор барои турбати модарро ба ин қабристони нав дафн кардан рухсат дод. Апаву хоҳарон, хешу таборон навҳа кашиданд. Охир яккаву танҳо чӣ тавр ба ин ҷой мегузорем. Мардум мегуфтанд, ки албатта, ин қабристон ташкил мегардад ва ба номи модари шумо гузошта мешавад. Фотиҳа доданд. Баъде, ки моҳҳо гузашту қабрҳо зиёд гардиданд, бархе аз қавли худ гаштанд. Вале Худо ба ин роҳ надод. Қабристон номи модарашро гирифт. Бо Каримака дуру дароз суҳбат кардем. Зеро падару бобоёни мо дар мавзеи Оққинаи Дарбанд, дар як деҳот калон шудаанд. Ҳама худро оққинагӣ мегуфтанд. Ҳатто бародарамаки ин марди шуҷоъ, олими дарбандӣ дар шаҳри Душанбе Эшниёз Боймуродов бисёр мехостанд дар Оққинаи Дарбанд биное барпо намоянд. Вале умр вафо накард... Каримака хайру хуш намуда, ба ман коғазеро дароз кард. Дар он ҷойи зист ва кор дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва як таклифу дархости он кас сабт шуда буд. Ҳатто дар охир албатта, барои чопи китоби «Ёдномаи дарбандиён» ҳамдиёронеро, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, ҷалб мекунам, – гуфт ӯ. 
Кори неку номи нек намиранда аст. Садсолаҳо мегузаранд. Ин қабристон барҷо мемонад. Мо дар зиндагӣ хислатҳои бади худро намоён мекунем. Баъд пушаймон мешавем. Вале баъзан ҳис намекунем, ки манзили мо водии хомӯшон аст. Агар ҳамин тавр аст, биёед, аз бадиву бадкирдорӣ, бадгӯиву бадрӯӣ даст кашему корҳои шоистаи инсонҳоро қадршиносӣ кунем. Зеро номи нек гирифтан, кори нек боқӣ гузоштан аз дасти ҳар кас ҳам намеояд. 
Қанд зан, Туҳфа Боймуродова – духтари соҳибиродаи Сурхон!

Искандар МИРЗО, 
шаҳри ТИРМИЗ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: