ДУХТУРИ “БИБИШИРИН”

Вайро дар деҳа Нуриддиндухтур мегӯянд.

Ғолибан аз инсонҳоест, ки муттасил пайи сиҳҳатии аҳли башар меандешанд. Парвардаи обу хоки деҳаи Бибиширини ноҳияи зебоманзари Бойсун аст, соли 1961 дар оилаи иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон Маҷид Шоҳимардонов ба дунё омадааст. Мактаби деҳаро соли 1980 хатм намуда, ҳамон сол бо раҳнамоии бародараш Раҳматуллоҳ ба Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, донишҷӯ шуд. Пас аз ҳафт соли таҳсил дар факултаи педиатрии донишкадаи мазкур дар даст дипломи “духтури бачаҳо” ба зодгоҳ баргашт. 
Нуриддин ёд меорад, ки вақте таҳсил ба поён расид, устодон аз ӯ даъват карданд, ки дар донишкада монад ва фаъолияти илмӣ барад.  
– Бисёр мехостам дар Душанбе монаму ба дониши худ афзоям, – мегӯяд ӯ. – Аммо рисолати дигаре дар дӯш доштам. Ман бояд ба зодгоҳ бармегаштам. Зеро, дар Бибиширин, модарон ва фарзандони онҳо ба кумаки табиби бачагон ниёзи бештаре доштанд...
Ҳамин тавр Нуриддин Шоҳимардонов чун табиби кӯдакон ба Бойсун баргашт. Мутахассиси ҷавонро зуд ба бемористони марказии ноҳия даъват карданд. Аммо падараш гуфт:
– Дар деҳа кор мекунӣ, бачем!  Чаро? Худат инро нағз медонӣ!
Бале, Нуриддин аз ёд набароварда буд ва медонист, ки падараш ба кадом воқеа ишора мекард. 
– Вақте мактабхон будам, модари меҳрубонам ба ҷавори Ҳақ пайваст, – чашмонаш хонаи ашк бо оҳи сарде идома дод Нуриддин. – Модар барои ба дунё овардани фарзанди нав тӯъмаи марг гардид. Ин воқеаи нохуш, олами рангини мани ҳанӯз мактабхон ва дар оғӯшу орзуҳои ширинро мағшуш сохт. Он рӯзи наҳс, ки ҷисми беҷони модар бар тобут сари китфони мардуми деҳа то манзили вопасин мерафт, дар худ савганд ёд карда будам, ки пас аз хатми мактаб ҳатман духтур мешавам! Чун духтур шавам, аз домани деҳа дур намеравам, хидмати мардумро адо мекунам... 
Инак, Нуриддин зиёда аз 35 сол аст, ки хидмати мардуми деҳаро ба ҷо меоварад. Дарвозаи вай қуфл надорад. Корафтодагон ҳар гоҳ зарурате пеш омад, ба суроғаш мераванд ва духтур зуд ба беморони онҳо кумак мерасонад. Бо як сумкаи пур аз доруворӣ, танометр, ҳароратсанҷ ва дигар созу кори табобат ҳамеша, новобаста аз он ки ҳаво сард аст ё гарм, борон аст ё барф, ба кумаки аҳли русто мешитобад. Агар ба сабабе чанд рӯз берун аз деҳа равад, мардум сари калобаи худро гум мекунанд. 
Мардуми Бибиширин духтури худро хеле дӯст медоранд. Ҳоло Нуриддиндухтур танҳо табиби кӯдакон нест. Таҷрибаи кории 35-сола ӯро ба духтури ҳамасоҳаву ҳамадон табдил додааст. Аз хурд то бузург, агар дарде доранд, пеши ӯ меоянд ва муддаои дилашонро ба рӯяш  мекушоянд. 
– Деҳа ҳавои худро дорад. Мардуми он сода ва дилашон аҷаб мусаффову бекина аст, – мегӯяд ӯ. – Ҳатто бузу гӯсфанд ва гову гӯсолаашон ҳам аз қазо нотоб шавад, маслиҳат мепурсанд, ки чӣ давое кунем. Ман ба дил намегирам. Аз нақли онҳо хулосае бароварда, ҳамеша маслиҳате медиҳам.  
Паси дари хонаи кории ӯ  аз одам пур аст. Бештар модарон бо кӯдакон меоянд. Аҷаб он аст, ки аз Нуриддиндухтур кӯдаке  намеҳаросад, ӯро шафиқи худ медонад. Зеро ӯ кайфияти олами онҳоро хуб медонад ва бо гуфтору рафтори худ ба ин дунёи зебо роҳ меёбад. Ин аст, ки дар деҳа ҳамаи кӯдакон Нуриддиндухтур – ин марди синнаш ба шаст расидаро ҷӯраи худ медонанд. 
– Дӯстони кучаки ман маро чун дар кӯча бинанд, тамом, ба ҳолу ҷонам намемонанд. То муддате ҳамроҳашон бозӣ накунаму шарики хурсандиашон нашавам, меранҷанд. Табиати беғуборе доранд онҳо, – мегӯяд Нуриддиндухтур бо ифтихор.
Таҷрибаву дониши фарохи ӯро ба инобат гирифта, чандин маротиба барои кор ба бемористони бачагонаи шаҳри Тирмиз даъват карданд. Аммо Нуриддин қатъиян рад намуд. Зеро савганди худу исрори падарашро фаромӯш накардааст. “Охир, дарахт ҳам дар як ҷо месабзад”, – худро тасаллӣ медиҳад ӯ. 
Ҳамин тавр Нуриддин Шоҳимардонов тамоми фаъолияти худро дар бунгоҳи тиббии деҳаи Бибиширин гузаронид. 
– Бинои замонавии ин бунгоҳ соли 1996 сохтаву ба истифода дода шуда буд ва бино ба нақшаи пешакӣ мебоист ба 6667 нафар аҳолӣ хидмати тиббӣ расонад. Ёд дорам, ки дар маросими ифтитоҳи он аз Тошканду Тирмиз ва ҳокимияти  Бойсун меҳмонони зиёде омада буданд. Тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин ва омодаи кор буд. Аҳли деҳа хеле хурсанд шуданд. Аммо пас аз як рӯзи он тантанаҳо бино гӯё об задаву рӯфта бошанд, холӣ шуд. Таҷҳизотро танҳо барои намоиш ва муваққатан кушодани бино аз бемористони марказии ноҳия оварда будаанд... 
Нуриддин, ки раҳбарии ин бунгоҳро бар зимма дошт, аз ин амали ноҷавонмардона сахт ошуфта гардид ва алайҳи ноадолатии роҳбарон бебокона мубориза бурд. Пас аз як матолиби танқидӣ дар рӯзномаи вилоятӣ бунгоҳи тиббии Бибиширин дубора бо таҷҳизот таъмин гардид. Ҳоло ин маскани тиббӣ поликлиникаи оилавии рақами 9-ум аст. Мардуми деҳоти атроф низ омадаву ба дарди худ шифо меёбанд ва назар ба маълумоти омор дар ноҳияи Бойсун аз пешқадамтарин муассисаҳои тиббист. Маскан бо мошини ёрии таъҷилӣ низ таъмин аст. Хоса фаъолияти лабораторияи он, ки раҳбараш Турдӣ Эшмуродов мебошад, арзандаи ситоиш аст. Дар он зери роҳбарии Нуриддин Шоҳимардонов зиёда аз даҳ нафар мутахассисони соҳаи тиб кор карда, барои сиҳҳатии мардуми маҳал ва атрофи он заҳмат мекашанд. Ҳоло дар поликлиника ба таври статсионарӣ табобат кардани беморон низ ҷорӣ гардидааст ва рӯзе 7-8 нафар саломатии худро барқарор мекунанд.  
Нуриддиндухтур соҳиби оилаи намунавист. Вай бо ҳамсараш Ҳалима чор нафар фарзандро ба воя расонданд. Аз Матлубаю Манучеҳр ва Барзую Бахтовар танҳо хурдӣ ният дорад касби падарро идома диҳад. Бахтовар алъон донишҷӯйи Академияи тиббии Тошканд аст.  
Бояд гуфт, ки Нуриддиндухтур ҷавонии худро сарфи хидмати мардум кардаву сардиву гармиҳои ҳаёти бешафқатро чашида, инак ба синни мубораки шаст расидааст. 

Шариф ХАЛИЛ, 
мухбири 
“Овози тоҷик”.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.
        

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: