ДУХТУРИ ДЕҲ

Чароғи субҳ оҳиста фурӯзон мегашт ва ҷои торикии шабро ишғол менамуд.

Чароғи субҳ оҳиста фурӯзон мегашт ва ҷои торикии шабро ишғол менамуд. Ҳоҷиакбар намози бомдодро адо карда, дар тараддуди он буд, ки тибқи таомул аз гову гӯсфандон хабар гирад. 
Ин дам паси дарвозаи ҳавлиаш мошине омада таваққуф кард. Сонӣ садои кушодаву пӯшидани дари мошин ба гӯш расид. 
Ҳоҷиакбар мунтазири тақ-тақи дарвоза нашуд ва рафта занҷири даричаи онро кушод. 
– Ассалому алайкум, духтур, – баробари берун шудани Ҳоҷиакбар гуфт касе.
– Ваалайкум ассалом. Тинҷӣ аст?
– Мебахшед, ки шуморо безобита кардам. Ҳамсарамро ба шуъбаи минтақавии “Ёрии таъҷилӣ”  овардам. Аммо шифокори навбатдор бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” чанд лаҳза пеш як беморро ба шифохонаи марказӣ бурдааст. Барои ҳамин маҷбур шудам, ки ба назди шумо оям, – афзуд вай.
Ҳоҷиакбар ин ҳамдеҳаашро дарҳол шинохт. Вай аз маҳаллаи ҳамсоя буд ва бо трактораш хидмати мардум мекард. Вай зуд тағйири либос кард ва ба мошин нишаст.
Бемор рӯи кат дароз мехобид. Ҳарорати баланд ҷисму ҷони ӯро фаро гирифта буд. 
– Чанд лаҳза пеш барои паст кардани ҳарорат як сӯзандору гузаронидам. Вале табъаш нафаромад. Барои ҳамин хоҳиш кардам, ки раванду шуморо ин ҷо гирифта оваранд, – гуфт ҳамшираи навбатдор.
Баъди муоина маълум шуд, ки бемор сахтакак шамол хӯрдааст, барои ҳамин ҳарораташ баланд ва сурфа ӯро ноором сохтааст. 
– Дар вақташ бохабар шудаед. Агар боз чанд рӯз ҳамсаратон  дар хона  мемонд, маҷбур мешудед, ки ӯро ба бемористони касалиҳои шуши вилоят бурда бистарӣ кунед. Аммо ҳоло як ҳафта бояд дар шифохона муолиҷа гирад. Он гоҳ зуд сиҳат мешавад ва ба по мехезад. Аз баландшавии ҳарорат ва сурфа асар нахоҳад монд,– маслиҳат дод Ҳоҷиакбар ба марди ҳамдеҳааш ва дубора ба хона баргашт, то ки ношто карда сари кор ҳозир шавад.
Ҳар як ҷавон зимни таҳсил дар мактаби таълимоти умумӣ орзу мекунад, ки соҳиби ин ё он касб шавад. Ҳоҷиакбар дар мактаби деҳа аз талабагони беҳтарин ба шумор мерафт. Вай мехост, ки мисли падару бародарбузургаш омӯзгор шавад ва ба фарзандони мардум сабақ диҳад. Аммо баъди ба беморӣ мубтало шудани модари азиз ва ба ҷон баробараш фикрашро тағйир дод.
Вай соли 1998 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳояшро супурд ва аз имтиҳонҳо бомувафаққият гузашт. Ба худ намегунҷид, зеро донишҷӯи маскани илме шуда буд, ки номи алломаи бузург Абӯалӣ ибни Синоро гирифтааст. 
Маълум шуд, ки зимни яке аз ташрифҳои падару модар ба Душанбе модарашро ба устодони худ нишон додааст. Баъди муоина ва муолиҷа саломатии модараш хеле беҳбуд ёфтааст. Падараш низ аз он хурсанд шудааст, ки писараш барои таҳсил ин донишгоҳро интихоб кард. Зеро маҳз бо кӯмаки устодони ӯ саломатии ҳамсараш хеле беҳбуд ёфт ва ҳамон солҳо дарду азият ҷисму ҷони ӯро тарк намуд.
– Ман бо шавқу завқ таҳсилро дар донишгоҳ давом додам ва аз устодони соҳибилму ботаҷриба нозукиҳои касби духтуриро аз худ намудам. Таҳсил ба охир расид ва тибқи таомул маъмурияти донишгоҳ маро барои анҷоми орденатура ба яке аз шифохонаҳои шаҳр фиристод. Ҳафт соли умрам дар шаҳри Душанбе гузашт. Баъди он ки ба як духтари деҳамон издивоҷ кардам, тарки Душанбе намудаму ба деҳа баргаштам, – изҳор намуд Муродов.
– Бинои поликлиникаи оилавии мо тармимталаб буд. Дар ин бора борҳо ба мутасаддиёни идораҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ муроҷиат кардем, вале ҳамоно ин муроҷиатҳои мо суде намебахшид. Баъд маҷбур шудем, ки ба идораҳои болотар муроҷиат кунем. Ахиран барои тармими бинои поликлиника маблағ ҷудо гардид, – мегӯяд бо хурсандӣ ҳамсуҳбати мо.
Вай изофа намуд, ки соли 2017 як гурӯҳ сохтмончиён бо дастгоҳу асбобҳои худ ба сари кор омаданд ва тармими деринтизор шурӯъ шуд. Тармими бино қариб як сол давом кард.  Соли 2018 аз тарҳи бинои қаблии поликлиника асар намонд. Баъди анҷоми корҳои тармиму бозсозӣ онҳо дубора вориди биное шуданд, ки намои наву замонавӣ касб кардаву бо дастгоҳҳои гуногуни тиббӣ ва ҷиҳози лозимӣ муҷаҳҳаз шуда буд. 
– Ҳоло дар ин бино се нафар шифокор, 18 нафар ҳамшираҳои шафқат ва коргарони техникӣ машғули кор мебошанд. Кори мо дар як баст ташкил шудааст. Аммо зимни пахши пандемия ва ба сари мардум омадани рӯзҳои сахт ҳамаи мо дар ҳолати омодабош сари кор қарор доштем. Вазъияти он рӯзҳо аз мо тақозо менамуд, ки дар паҳлӯи ҳамкорони дигари худ бошем ва нагузорем, ки мардуми дигар аз вируси куруно сироят шаванд,– мегӯяд сардухтури поликлиникаи оилавии рақами 50 Ҳоҷиакбар Муродов.
Маълум шуд, ки дар айни ҳол ин поликлиника ба мардуми се ҷамоати шаҳрвандон – Себзор, Қақир ва Ҳушёри ноҳияи Сӯх хидмати тиббӣ мерасонад. Инчунин аз хидмати пизишкону ҳамшираҳои поликлиникаи мазкур бошандагони деҳаи Қизилқиёқ ва аъзои оилаҳои низомиёне низ истифода мекунанд, ки барои муваққат дар маҳаллаҳои деҳаи Ҳушёр зиндагӣ ихтиёр кардаанд.
Поликлиника хидмати патронажиро низ ба роҳ мондааст. Дар ин маврид ҳамшираҳо ба хидмати бемороне сафарбар шудаанд, ки дар хона ҳастанд. 
– Баъзан дар доираҳои болоӣ роҷеъ ба он ҳарф мезананд, ки шифокорони поликлиникаҳо дар сурати зарурат аз ҳоли беморони хонагӣ хабар мегиранд. Аммо мегӯянд, ки иҷрои ин кор баъзан ба иҷрои бевоситаи вазифаи онҳо халал мерасонад. Шумо дар ин робита чӣ назар доред?
– Бечуну чаро шифокори амалиёти умумӣ муваззаф аст, ки аз ҳоли бемороне хабар гирад, ки онҳо имкони ҳозир шудан ба поликлиникаи оилавиро надоранд. Вале духтурон дар қадами аввал бояд ба бемороне хидмати тиббӣ расонанд, ки ба поликлиника меоянд. Кормандони тиббӣ ҳамеша дар сари кор ҳастанд ва инро тамоми мардуми кишвар медонанд. Дар ҳар сурат, баъзан барои иҷрои як кор лозим меояд, ки аз баҳри иҷрои кори дигар бароӣ. Ба таври мисол, вақте ки ба аёдати ягон бемор рафтан лозим мешавад, ба поликлиника бемори дигар барои муоина меояд. Вай гумон мекунад, ки шифокор дар ким-куҷоҳо гаштаасту вазифаашро дуруст иҷро намекунад. Ин ҳолатро низ набояд аз мадди назар дур гузошт,– посух медиҳад ҳамсуҳбати мо.
Вай боз тазаккур дод, ки пиёда кардани корҳои профилактикӣ нисбат ба муолиҷаи бемор кори осону сода мебошад. Гузашта аз ин, тарғиби фарҳанги тиббӣ ҳанӯз ба таври бояду шояд анҷом дода намешавад. Барои тарғиб низ посдорони саломатӣ вақт пайдо карданаш лозим.
– Аз ҳамшираҳо дар ин маврид истифода сурат гирад, шояд ба манфиати кор бошад? – суол кардам аз ӯ.
– Дуруст мегӯед. Ҳамшираҳои мо дар ин самт хеле фаъол ҳастанд. Аммо бо дарназардошти он ки ҳама мегӯем “ҷаҳонбинии мардум аллакай хеле рушд намудааст ва онҳо сиёҳу сафедро фарқ мекардагӣ шудаанд”, бояд худи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатиашон мутаваҷҷеҳ бошанд, – мегӯяд вай. 
Ҳамсуҳбати мо зимнан як нуктаи дигарро низ зикр кард, ки бетафовутӣ ва бемасъулиятиҳои баъзе қишри аҳолӣ кори шифокоронро хеле мушкил месозад. Онҳо гоҳу ногоҳ беморро то замоне дар хона нигоҳ медоранд, ки аз ҳол меравад ва мадҳуш мешавад. Он гоҳ ӯ ба шуъбаи баҳушоварӣ интиқол меёбад, дар акси ҳол барқарор кардани саломатии ӯ имконнопазир мегардад. Дар ин шӯъба ба ҷисму ҷони ӯ доруҳои зиёд равон карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки бештари доруҳо баъзан ба як узви инсон фоида оваранд, ба узви дигари ӯ зарар мерасонанд. 
– Калонсолонро лозим меояд, ки аввал худашон ба тарзи солими ҳаёт одат кунанд. Баъд фарзандони худро низ дар ин самт тарбия намоянд. Он гоҳ вазъият куллан тағйир меёбад,– мегӯяд Ҳоҷиакбар.
Ҳоҷиакбар Муродов соҳиби се фарзанд мебошад. Ҳамаи онҳо соҳиби хонаву дар гаштаанд. Ба гуфтаи ӯ бархе аз ҳамтоёни ӯ дар маркази вилоят кор мекунанд. Албатта, он ҷо шароити кору зиндагӣ нисбат ба ноҳияи дурдасти Сӯх беҳтар аст.
Қаҳрамони мо ғайр аз он ки соҳиби касбу кор мебошад, гову гӯсфанд ва ниҳолҳои гуногун низ парвариш мекунад. Гӯшту нон, ширу ҷурғот ва сабзавоту меваҳои гуногун ҳамеша фаровон аст. 
– Агар гӯям, ки биҳишти рӯи замин аст деҳоти Сӯхи азизам, ҳаргиз муҳобот нахоҳад шуд! – мегӯяд бо ифтихор Муродов. – Деҳаҳои ноҳия яке аз паси дигар ободу зебо мегарданд ва мушобеҳи шаҳр мешаванд. Роҳҳо ҳамвору мумфарш шуда, шабона кӯчаҳо мисли рӯз нурафшонанд. Дил ҳаргиз намехоҳад, ки чунин ҷои табиаташ зебову пуртароват, ҳавояш софу беғубор ва одамонаш содаву самимиро вогузориву ба ҷои дигар кӯч бандӣ, – меафзояд ӯ. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: