Моҳи август дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла нашъунамои пахта ҳамчун моҳи ҳосилзамкунӣ давраи пурмасъулият маҳсуб меёбад.
Зеро боду ҳавои он нисбат ба дигар моҳҳои фасли тобистон муътадилтар аст. Бинобар гуфти мутахассисони соҳа август моҳи ҳалкунандаи ҳосили пахта ба шумор меравад. Дар ин вақт ғунчаҳои пахта во шуда, ғӯзаҳо шона мебанданд. Масъалаҳои обёрӣ, нармсозии байни ниҳолҳо, тадбирҳои чеканка, ҳифзи ҳосил аз беморӣ ва зараркунандаҳои гуногун эътибори алоҳидаро талаб мекунанд. Тавре ки маълум аст, 4 июли соли ҷорӣ таҳти раисии Президенти кишвар бахшида ба масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла парвариши пахта ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор шуд ва мувофиқи он аз 5 июл то 5 сентябр «Думоҳаи зарбдори ҳосилзамкунӣ» эълон гардид. Ба ин муносибат алҳол дар сартосари мамлакат аз ҷониби ходимон ва мутахассисони шуъбаҳои кишоварзӣ ва хоҷагии об, роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.
– Аз 5 июл то 5 сентябр дар ноҳия мувофиқи супориши Сарвари давлат «Думоҳаи зарбдори ҳосилзамкунӣ» эълон шуд, – мегӯяд муовини ҳокими ноҳияи Бӯка оид ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ Исмоил Ҷӯраниёзов. – Имрӯзҳо дар ноҳия барои дар майдонҳои пахта гузарондани тадбирҳои муҳими агротехникӣ, аз ҷумла култиватсия, аз алафҳои бегона тоза кардан, озуқонидан, ҳифзи ниҳоли пахта аз касалӣ ва зараркунандаҳо, чеканка, обдиҳии ғӯза бо усули шарбат корҳои мунтазам дар муддати худ амалӣ мешаванд. Дар доираи «Думоҳаи зарбдор» аз ҷониби роҳбарони секторҳои ноҳия харитаи амалӣ коркард гардида, мувофиқи он тадбирҳои муҳими агротехникӣ бурда мешаванд.
Тавре ки И.Ҷӯраниёзов қайд намуд, алҳол дар ноҳия 8 то биолабораторияҳо мавҷуданд. Аз ҷониби онҳо 38,8 кг трихограмма, 41,8 миллион дона бракон истеҳсол ва ба саҳро бароварда шуд. Гузоштани биомаҳсулот то 15 август идома меёбад. Барои ин ба биолабораторияҳо аз ҷониби хоҷагиҳои фермерӣ 50,5 миллион сӯмина маблағ пардохта мешаванд.
Мувофиқи маълумоти мавҷуда, соли ҷорӣ бинобар нақша дар 13 ҳазору 925 гектар замини 670 хоҷагии фермерии ноҳияи Бӯка навъҳои тухмии «С-65-24», «Султон» ва «Келажак»-и пахта корида шудаанд, Пахтакорони ноҳия ният доранд аз он 35 ҳазору 590 тонна ҳосили хушсифат ҷамъоварӣ кунанд.
М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».