ДУНИМ ГЕКТАР ТУТЗОР БАРПО МЕГАРДАД

Минтақаи марзии қаламрави ноҳияи Бешариқ, ки бо ноҳияи Конибодоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарз аст ва аз адиру теппаҳои холӣ иборат мебошад, барои барпо кардани тутзор мувофиқ дониста шуд.

 Ҷавонони ноҳияи мазкур дар мавзеи “Файзли Адиробод” шинонидани дуним гектар тутзорро ба нақша гирифтанд.
– Ҳоло 72 гектар боғе, ки ниҳолҳояш хушк шуда рафтааст, 705 гектар замини чарогоҳ ва 1 ҳазору 73 гектар майдони холимондаи захиравӣ дар ихтиёри як гурӯҳ ҷавонон гузошта шуд. Барои вусъати суръати кор аз ҳисоби ҳокимияти ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис ёфт ва ба он мутахассисон ва воситаҳои техникӣ ҷалб карда шуданд, – мегӯяд мудири шуъбаи Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Баркамол Абдусаидов. Барои барпо намудани плантатсияи тут 13 миллиард сӯм тақозо мегардад. Барои обёрии тутзор ба кофтани 23 чоҳи об супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои он бештар аз панҷ миллиард сӯм ихтисос ёфтааст. Дар айни ҳол ҷавонони зиёд корҳои ҳамвор ва шудгор кардани замин, ҳамчунин ниҳолшинониро оғоз намуданд.
Ба гуфтаи роҳбари кластери кирмакпарварии “Шоҳии Бешариқ” Мақсудҷон Қосимов дар рӯзҳои аввал барои 200 гектар замин 700 ҳазор дона ниҳоли тут омода карда шуд.
– Мо барои хариди ниҳолҳои тут бо субъектҳои хоҷагидории махсуси кӯчатпарварӣ гуфтугӯ кардем. Барпо шудани майдонҳои фарохи тутзор имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави кор офарида шаванд ва дар ояндаи наздик ба роҳандозии фаъолиятҳои қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ҳусни оғоз бахшем, – мегӯяд Мақсудҷон Қосимов.

Файзулло ИБРОҲИМОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: