ДУНЁИ МАЛИКИ КАБИР

Яке аз маъноҳои луғавии вожаи «дунё» пулу давлат, сарват ва симу зар аст, ки онро сарвати моддӣ низ меноманд.

Ин даҳр чу тосест нагун афтода,
Дар вай ҳама зиракон забун афтода.
Бар дӯстии шишаву соғар нигаред,
Лаб бар лабу дар миёна хун афтода.
Умари  ХАЙЁМ        

Мо намедонем Малики Кабир чӣ миқдор дунёи моддӣ дорад, вале имрӯз дунёи маънавиаш – китоби навиштаҳои ӯ бо номи «Субҳи вафо», ки нашриёти «Ӯзбекистон файласуфлари миллий жамияти нашриёти»-и пойтахт ба дасти чоп додааст, пеши назари мост.
Китоб муаллифашро ба сифати олим, шоир, нависанда ва омӯзгор ба хонанда муаррифӣ менамояд. Воқеан, зода ва парвардаи деҳаи Бурчимуллои ноҳияи  Бӯстонлиқ, номзади илмҳои филологӣ – Малики Кабир зиндагии ибратпазире дорад.
Масъалаҳои марбут ба забони тоҷикӣ дар ҳама зинаҳои фаъолият ӯро ҷалб намудаанд. Имрӯз низ, баъди ба нафақа баромадан, бо эҷоди бадеӣ ва таълифи мақолаҳои илмӣ доир ба масъалаҳои забони тоҷикӣ, таълифи китобҳои дарсӣ барои мактабиёни тоҷики ҷумҳурӣ ва тадқиқи паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти шоиру нависандагони классик ва муосири тоҷик машғул аст.
«Субҳи сафо»-и ӯ 75 ғазал 2 мураббаъ ва 7 шеъри бачагонаро дар бар мегирад. Назми Малики Кабир ба забони ҳол мегӯяд, ки ӯ дар баҳри пур аз дуру гавҳари назми форсӣ-тоҷикӣ ғаввосвор то ҷое фурӯ рафта, аз бузургон гирумон омӯхтааст, ҳар як ғазал ҳусни матлаъ ва мақтаъ, қофияҳои устувор ва обуранги бадеӣ доранд, барилова шоир аз вазни арӯз, ки бар асари бисёр шеър ёд кардан муяссар мегардад, вуқуфи комил дорад, муҳим он аст, ки дар сухани ӯ калимаҳои бемавқеъ истифодашуда ба рӯйи маънӣ парда намекашанд, он чи ки дар зеҳни гӯяндаашон сурат мегирад, пеши назари хонанда мунъакис мегардад. Яъне, ӯ эҳсосу авотиф ва андешаву афкори худро бо сухан пеши назари хонанда намуда метавонад, ки кори осон нест. Танҳо ба назари банда образҳое мисли «шаби ялдо», «бути бадкеш», «новаки мижгон», «лаъли шакархой», «наргиси шаҳло», «абрӯи камон», «сарви хиромон» нав нанамуданд. Дигар ҳама хубу ҳама соз аст. Ғазалҳо ба хонандаашон завқи бадеӣ бахшида метавонанд, онҳо шеъргуна нестанд, дур аз муҳити адабӣ бо сухан ин миқдор ҳунарнамоӣ на ҳар киро даст медиҳад. Ба тариқи мисол шаш сатри як ғазали ӯро, ки ба ватан андар ватан бахшида шудааст, меорем:
Кӯтали шебу фароз аст саропо ватанам, 
Пайраҳи дуру дароз аст ба ҳар ҷо 
ватанам...
Чашмаи оби зулолаш шуда ойинаи рӯ,
Соҳили наҳри дамон, 
домани дарё ватанам...
Роҳати боди мурод аст шифокори мариз,
Бурчимулло ватанам – 
ҷаннати дунё ватанам.
Шеърҳои ба бачаҳо бахшидааш гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ барои бачаҳо шеърҳои хуб навишта метавонад. Инак, ба тариқи мисол ду банд аз шеъри «Бобои деҳқон»:
Рӯйи сурхи қурси нони мо,
Хайру баракати хони мо,
Ҳам анвои алвони мо,
Аз ту, бобои деҳқони мо...

Мартабаи шаҳри нони мо,
Шукӯҳи Ӯзбекистони мо,
Файзи рӯйи дастархони мо,
Аз ту, бобои деҳқони мо.
Вақте мо китоби зиндагиномаи нобиғагони илми форс-тоҷикро варақ мезанем, мебинем, ки онҳо дар баробари тадқиқу таҳқиқ дар бахши илм бо шеъру мусиқӣ ва ҳунари тасвирӣ низ сарукор доштаанд. Чунин ба назар мерасад, ки Малики Кабир низ даъвои шоирӣ надорад, сабаби даст ба шеър заданаш пайравӣ ба нобиғагони миллати тамаддунсозаш аст.  
Китоб, ҳамчунин, 35 мақолаи муҳаққиқро доир ба масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ ва осору ашъори шоиру нависандагони классик ва муосири форс-тоҷик дар бар мегирад. Ба тариқи намуна мо метавонем мақолаҳои «Забон ва услуби як ғазали Лоиқ», «Муродифоти ҷуфт дар очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-и Садриддин Айнӣ», «Таҷдиди назар ба «Имлои забони тоҷикӣ», «Нақши забон дар раванди вусъати ваҳдати миллӣ», «Тафсири як байти Хоҷа Ҳофиз», «Масъалаи қазову қадар дар як рубоии Умари Хайём»-ро ба забон гирем. 
Инҷониб натиҷа гирифтам, ки забон ба посдорию парвариши ҳамешагӣ ниёз дорад, бояд мутахассисони соҳа ва соҳибзабонон сари талаффуз, тарзи навишт ва қонунияти ҳар як вожаи он биандешанд. Малики  Кабир ин корро ба сифати як мутахассис хуб анҷом медиҳад. Чанд сол қабл дар яке аз шумораҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» мақолаи ӯ таҳти номи «Таҷдиди назар ба «Имлои забони тоҷикӣ» эълон гардида буд. Муаллиф, аз ҷумла, дар мавриди «Имлои баъзе садоноку ҳамсадоҳо ва ҳиссаҳои нутқ» менигорад: «Калимаҳое, ки дар таркиби худ ҳамсадои «й» доранд... ҳангоми калимасозӣ ва иборабандӣ дар байни садонокҳо низ нигоҳ дошта мешаванд. Мисол: бой (бойигарӣ, бойи деҳа), най (найистон, найи чӯпонӣ), чой (чойи кабуд), лой (лойи часпак), мӯй (мӯйи сафед), рӯй (рӯйи зебо) ва ғайра» Воқеан, вожаҳои мазкур калимаҳои решагӣ буда, дар охир ҳамсадои «й» доранд ва қоидаи забон талаб мекунад, ки дар байни ду садонок (ҳангоми қабули  «и»- изофӣ) нигоҳ дошта шаванд. Вале ба ин қоида ҳоло на ҳама риоя мекунанд...
Умуман, инҷониб тарафдори онҳоеам, ки мехоҳанд тоҷикон ба алифбои ниёгон баргарданд, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки табиати алифбои кириллию лотинӣ бо табиати забони форсии тоҷикӣ намесозанд.
Баъди ошноӣ бо таълифоти илмӣ, шеър ва чанд масали насрии  Малики Кабир натиҷа гирифтам, ки агар ӯ аз оғоз то анҷом ба сифати мутахассис дар ягон даргоҳи илм ё донишгоҳе кор мекард, ба омода кардани мутахассисон ва кадрҳои соҳибмалака саҳми бештар мегузошт. Таассуф, ки дар мо на ҳамеша ба мутахассисон арҷ мегузоранд. Ба фикрам, яке аз сабабҳои по ба пойи кишварҳои рушдкарда нарафтани мо низ ин аст.
Дар боло қайд намудем, ки Малики Кабир зиндагии ибратпазире дорад. Магар садоқат ба забони миллати худ, бо эҷоди шеър ва таълифоти илмӣ фурӯзон нигоҳ доштани чароғи он, дар муҳите, ки баъзе соҳибзабонон аз гуфтугӯ кардан бо он ор мекунанд, намунаи ибрат нест? 

А. СУБҲОН,
муҳаррири бахши адабиёт ва ҳунари рӯзнома «Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: