ДУНЁИ РАНГИНИ НАФОСАТ

Рақс таҷассумгари олами нафосат аст.

Рақс таҷассумгари олами нафосат аст. Чун суруд ва мусиқӣ таърихи қадима дорад. Туғёни қалб, эҳсосу эҳтиросоти ботин бесухан, танҳо ба воситаи ҷунбишу ҳаракат, покӯбӣ ва дастафшониҳои зебо бо рақс ифода меёбад. 
Даргоҳҳои махсуси таълимӣ ҳастанд, ки раққос ва раққосаҳо омода менамоянд. Вақте аз ин бобат сухан рафт, мактаби хореографии ҷумҳурӣ (ҳоло академия) воқеъ дар пойтахт пеши назари мо ҷилвагар мегардад. 
Мактаби хореографӣ, ки дар солҳои сиюми қарни сипаришуда барпо гардида буд, як вақтҳо дар бинои оддии дуошёна фаъолият мебурд, Сурати хонуме, ки рақс менамояд, дар пештоқ акс ёфта ва бо назар кардан ба он кас дарҳол фикр мекард бино марбут ба рақс – яке аз навъҳои санъати нафиса мебошад. 
Тӯли наздик навад сол муассисаи мазкур бо омодасозии кадрҳои сазовор дар рушди санъати рақс, хусусан, рақсҳои миллию хореографӣ саҳми босазо гузошт. Дастпарварони зиёди он дар Театри калони давлатии академии ба номи Навоӣ, ансамблҳои «Баҳор» ва «Лазгӣ», театри оперетта ва ҳоказо фаъолият бурданд. Мактаби хореографие, ки дар заминаи мактаби балет ташкил ёфт, бо ташаббуси Тамарахонум доираи васеи раққосаҳои маҳаллиро ба худ ҷалб намуд. Аз барномаҳои консертие, ки дар сайру тамошоҳои халқӣ намоиш меёфтанд, сар карда то спектаклҳои балет таҳти раҳнамоии ин маликаи ҳунар мактаб роҳи дурударози эҷодӣ тай намуд.
Дар байни санъаткорони боистеъдоде, ки Мактаби хореографии Тошкандро хатм кардаанд, номи ҳунарпешаи мардумӣ Галия Измайловаро месазад алоҳида таъкид намуд. Вай нафақат рақси дилошӯб дар саҳнаҳои дунё намоиш кард, балки чун устоди рақс ва балетмейстер дар басаҳнагузории бисёр саҳнаҳои  пурҷозиба ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намуд.
Хатмкардагони ин боргоҳи ҳунар дар як қатор театрҳои бонуфузи собиқ иттиҳод самаранок фаъолият бурданд. 
Зимнан, барои таҳсил нафақат аз вилоятҳои ҷумҳурӣ, балки аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ин ҷо дӯстдорони рақс ҷалб мешуданд. Раққоса ва балетмейстери номии тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Зебо Аминзода чанде пеш ба Тошканд омад ва гуфт, аз он ки мактаби хореографиро дар ин ҷо хатм кардааст, ифтихорманд мебошад. Ба ҳунарнамоии ансамбли рақсии «Зебо», ки Аминзода сарпарасти он мебошад, дерест тамошобинҳои дунё кафкӯбиҳо мекунанд. Академияи рақс айни замон, месазад бо дастпарварони сазовораш чун Зебо Аминзода бифахрад.
Раққосаи номӣ, ҳунарпешаи мардумӣ Қундуз Миркаримова низ таҳсилкардаи ҳамин мактаб ба шумор мерафт. Сабақҳоеро, ки аз устодам Губская гирифтаам, асло фаромӯш намекунам, гуфта буд шодравон.
Ин ҷо барои ҷӯяндагони ҳунар ва илм тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. 
Соли 2019 барои Ситора Зиёева рӯзи фаромӯшношуданист: ӯ соҳиби мукофоти давлатии «Ниҳол» гардид. Он сол боз як ҳодисаи хурсандибахш рӯй дод – бинои нави боргоҳи ҳунар ба истифода супурда шуд.
Дигар аз донишҷӯёни пешқадам Зебуннисо Зайниддинова мегӯяд, аз хурдӣ, ки ба фортепиано шавқ доштам, орзу мекардам дар мактаби хореографӣ таҳсил намоям. Орзуям амалӣ гашт. Натиҷаи сабақҳои судманд аз устодон аст, ки мустақилона оҳанг меофарам. Яке аз оҳангҳоям «Қӯи ярадоршуда» баҳои сазовор гирифт.
Таъмиру тармим ва бозсозиҳо дар бинои нав ҳамагӣ ҳашт моҳ давом кард, вале дар ин муддат корҳои шоёни сохтмону таъмир ба анҷом расонда шуданд. 
Дар бунёди бинои нав усто ва сохтмончиён бо баҳисобгирии нозукиҳои санъати рақс таклиф ва маслиҳатҳои устодони муассисаро ба инобат гирифтанд. Ҳар як аудиторияи таълимӣ ба толори алоҳидаи рақс молик гашт. Синфхонаҳо ва толорҳо ба андозаи зарурӣ ҷиҳозонида шуданд. 
Ҳоло дар ҳар толори рақс ин гуна хонаҳои либос мавҷуд. Маълум, ки рақс ҳаракати муттасилро тақозо менамояд. Тасфидан, арақ баровардани бадан як ҳолати табиист. 90 фоизи донишҷӯён, ки духтарон буданд, баъди машғулот то либос иваз карда, дам рост кардан аксар вақт шамол мехӯрданд. Ҳоло ин гуна ногувориҳо барҳам хӯрда, меъёрҳои гигиенӣ ва озодагӣ риоя карда мешаванд. Душхонаҳои дохили бино фаъол мебошанд.
Барои бо донишҳои назарӣ мусаллаҳшавӣ низ имкониятҳо фароҳаманд. Дар фонди китобхона бештар аз 40 ҳазор адабиёти таълимӣ ва илмӣ, дастуруламалҳо мавҷуданд, ки 11 ҳазори онҳоро адабиёти бадеӣ ташкил менамоянд.
Дар ин даргоҳ дилҳои ба рақси классикию миллӣ, рақси саҳнаи мардумӣ, бал-рақсҳои замонавӣ, рақсҳои дуэт-классикӣ ошуфта аз устодон ва мутахассисон асрори ҳунар меомӯзанд, малакаи мусиқиашонро такмил медиҳанд.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: