Суруду мусиқӣ дилҳоро тасхир мекунад.
Диле, ки бо мусиқӣ ошност, саршор аз меҳру муҳаббат мебошад.
Бо ташаббуси шуъбаи шаҳрии ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон озмуни суруду таронаҳо дар шаҳри Ҷиззах баргузор гардид, ки «Дунёро дар сурудҳо мебинам» ном дошт.
– Ҳадафи асосӣ аз баргузории озмун ин аст, ки иқтидори ҷавонони нобиноро рӯйи об бароварем, – мегӯяд омӯзгор Дилшод Зокиров. – Онҳо дар мактабҳои мусиқӣ ва ҳунарии ноҳияҳо ва мактаб-интернати махсуси нобиноёни шаҳри Ҷиззах таҳсил мегиранд.
Иштирокчиён аз рӯйи ду шарт: мусиқии классикӣ ва эстрадаи миллӣ қувва озмуданд. Аз шаҳри Ҷиззах Юсуф Ибодов (аз рӯйи овозхонии сурудҳои классикӣ) ва сокини ноҳияи Арнасой Ҳикмат Бобоев бобати иҷрои сурудҳои эстрадаи миллӣ ҷойи якумро гирифта, ба марҳилаи ҷумҳурӣ роҳхат гирифтанд. Озмун имконият дод, ки дар дурдасттарин деҳаҳо ҳам ҷавонони имконияти бинишашон маҳдуди иқтидорнок муайян карда шаванд.
Анорбой НАЗАРОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.