«ДУНЁРО ОБ ЗЕР КУНАД, МУРҒОБИРО ЧӢ ҒАМ?»

Дар байни махлуқот нирумандтаринаш Инсон аст, зеро ӯ дорои қобилияти фикрронист.

Дар байни махлуқот нирумандтаринаш Инсон аст, зеро ӯ дорои қобилияти фикрронист. Вале ин хусусият метавонад ҳам ба некӯкориву офарандагӣ, ҳам ба харобию вайронкорӣ хидмат намояд. Мазмуни умрро худи инсон ғанӣ мегардонад ё, баръакс, ба муфлисӣ маҳкум месозад.
Инсон орзуи ба камол расидан, бо ниятҳои неку наҷиб ба сар бурдан, ба қавли Навоӣ, «ғами мардумро ғами худ донистан», ё худ, баръакс, нисбати ҷараёнҳои ҷомеа лоқайд будан ва бо ғами худ ба сар бурданро худ интихоб менамояд. Вале биёед, на аз тарзи ҳаёт, балки аз таъсири роҳи интихобнамудаамон ба муҳити зист биандешем. Одами бефаъолияту майдагап ва хурдагир бо орзуҳои неку наҷиб умр ба сар намебарад. Агар ин кайфиятро ба дигарон низ таҳмил намояд, ҷамъият рӯ ба таназзул хоҳад овард. Ва ин на танҳо фоҷеаи ӯст, балки фоҷеаи ҷамъият низ ҳаст.
Кору амали неки инсонро халқи мо кори савоб мегӯяд, ки он ба маънавияти воло, тафаккури густурда, иқтидори зеҳнӣ ва нуқтаи назари нек иртиботи ногусастанӣ дорад. Дуриву канораҷӯйӣ аз маърифат сабаби муфлисии маънавӣ ва тангии доираи тафаккури инсон мегардад. Чунин инсонҳои доираи тафаккурашон танг, вақте ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар кишварамон амалӣ мегарданд, баҳо медиҳанд, бешармона, ба рӯйи дигаргуниҳо лой мезананд, ҳамаро зери тозиёнаи танқид мегиранд.
Таассуф, ки мо аз мутолиаи китоб бозистодем. Ҳазор афсӯс, ки аксарияти ҷавононамон аз мероси аҷдод — хазинаи маънавӣ бебаҳраанд. Ҳол он ки алломаҳои бузурги мо низ дар таълимоти хеш ҳангоми асоснок кардани фикри худ бо такя ба арзишҳои диниву дунёвӣ, дастовардҳои илмӣ, дониш ва таҷриба хулоса баровардаанд. «Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад» фармудааст шоире нисбати аҳли ҷаҳл. Вақте дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳои ҷавонони тангназарро мехонед, мебинед, ки чӣ қадарҳо фикрашон урён аст. Ин бемаърифатӣ то кай идома меёфта бошад? 
Ингунаҳо ақаллан боре меандешида бошанд, ки барои чӣ ба дунё омадаанд, ҳукми онҳо ба чаҳорчӯбаи ҳуқуқ то куҷо мегунҷад? Агар инсон ба худ боре ин суолро медод, ба дониш, арзишҳои диниву маънавӣ ва миллӣ такя карда хулоса мебаровард. Дилфарохӣ, мулоҳизакорӣ, инсонпарварӣ, «аввал андеша, баъд гуфтор» барин фазилатҳо хоси мардуми мо мебошад, ки нишонаи тафаккури баланд мебошад. 
Ҷамъиятро танҳо дар якҷоягӣ метавон пеш бурд. Ваҳдат, ҳамҷиҳатӣ ва аҳлӣ моро ба кӯйи мақсадҳои неку наҷиб мебарад. Ҳарчанд баландпарвозу забонзад шудааст, бояд фикреро гӯям: ҳар инсон набояд бо назардошти манфиатҳои худ ба ҷараёнҳое, ки дар ҷамъият рӯй медиҳанд, баҳо диҳад. Шаҳрванди кишвар бояд қарзи маънавию ахлоқии худро дар назди ҷамъият, давлат ва ҳукумате, ки ӯро ба воя расондааст, барои соҳиби касбу ҳунар шуданаш камубеш кӯмак кардааст, амиқ ҳис карда, ба вазъият холисона баҳо диҳад, бо назардошти манфиати ҷамъият, табодули афкор намояд. Мо бояд дар роҳи мақсади ягона — ояндаи дурахшон якҷо ҳаракат кунем.
Амир Темури бузург фармудааст: «... кӯмаку нафъи ту дар баланди мансабу мартаба, тамоми корҳои анҷомдодаат — волотарини ҳаракатҳои туст». Ҳамчунин, шунидаем, ки аз пайғомбар (с.а.в.) суол кардаанд: «Агар Худованд шуморо ба сифати расул барнамегузид, бо чӣ кор машғул мешудед?». Ҷавоб ин будааст: «Хидмати салотинро ихтиёр намуда, ба бандаҳои Ҳақ таоло некӣ мекардам ва нафъам мерасид».
Пас, ҳеч кас ҳақ надорад, ки нисбати дигаргуниҳои бузурге, ки дар ҷамъият рӯй медиҳанд, бефарқ бошад. Ҷамъияти мо дар ҷараёнҳои демократӣ силсилаи дигаргуниҳои куллиро аз сар мегузаронад. Интихобот аз ҷараёнҳои умдатарини демократист. Зеро, ҷараёнест, ки тасмимгирӣ, ҳуқуқи овоздиҳӣ ва мавҷудияти мавқеи воқеии шаҳрвандиамонро ба маъраз мегузорад. Дар ҷамъияти кунунӣ мо ба интихобот аҳамияти вижа медиҳем, зеро хусусияти асосии демократия дар интихобот ошкор мегардад ва одамон барои таъсиргузорӣ ба ҷараёнҳои сиёсии оянда ба номзади сазовор овоз медиҳанд. Ҳифзи демократия барои насли оянда аз вазифаҳои волоест, ки бар дӯши мо гузошта шудааст. Ба ин маънӣ, овоз додан ба ояндаи мамлакат ҳисси шаҳрвандӣ, эҳтиром ба давлат, гузашта аз он ошкор сохтани масъулияти ватанпарварӣ аст. Зеро интихобот масъулиятест барои оянда. Бояд як ҳақиқати одиро аз ёд набарорем: миллате, ки ояндаро фикр намекунад, имрӯз ҳам надорад.
Дар таърихи инсоният тӯли ҳазорҳо сол аҳолӣ дар интихоби ҳукмдору роҳбарони худ иштирок карда натавонистааст. Дар таърихи имрӯз дар бисёр мамлакатҳои рушдёфта, аз ҷумла дар Ӯзбекистон, роҳбари давлат бо роҳи овоздиҳӣ интихоб карда мешавад. Ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар интихоби роҳбари давлат ҳатмист. Бояд фаромӯш накард, ки мо нафақат Президент — роҳбари давлат, балки ояндаи мамлакат, ҳудуд, донишгоҳ, шаҳрванд ва ҳар як шахсро интихоб менамоем.
Итминони комил дорам, ки ҳар шаҳрванде, ки ба худу мамлакати худ арҷ мегузорад, дар чорабиние, ки тақдиру ояндаи мамлакатро муайян менамояд, бешубҳа, иштирок менамояд. Барои ба насли оянда сазовор интиқол додани кишвари аз падару бобоён меросмонда, бефарқиро як сӯ гузошта, бояд дар интихобот иштирок намоем.
Онҳое, ки фикр мекунанд: ин сиёсат ба онҳо тааллуқ надорад, овози мо беаҳамияте аст, ба гирду пеш натанҳо кайфияти лоқайдиву хунукназарӣ ва вайронкориро интишор менамоянд, балки худашон бехабар, дар роҳи дигаргуниҳои мусбие, ки дар ҷамъият рӯй медиҳанд, садду монеа мегузоранд. Магар ин кишвар ватани авлоди онҳо низ нест? Фалсафаи одӣ: агар хоҳӣ, ки дунё рӯшан бошад, чароғи хонаатро дар гирон, фармудааст халқамон. Пас, мо набояд масъулияти бар дӯш доштаамонро фаромӯш кунем.

Меҳрубон Абдураҳмонова,  
мудири кафедраи забонҳои ӯзбек ва руси Донишгоҳи иқтисодиёт ва дипломатияи ҷаҳон, ходими пешбари Институти байналхалқии Осиёи Марказӣ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: