Субҳ чун ҳаррӯза дару тирезаи хонаҳоро кушодам ва ба айвон баромадам.
Субҳ чун ҳаррӯза дару тирезаи хонаҳоро кушодам ва ба айвон баромадам. Ҳавои тоза ва беғубори саҳарӣ ба кас ҳаловат мебахшид. Дилам мехоҳад ба кӯча барояму аз ин ҳавои фараҳбахш, аз бӯйи гулу себаргаҳои навсабз баҳра бардорам, дар гулгашту хиёбонҳои шаҳр гаштугузор кунам. Ё сайри зодгоҳи азизам – Эҷи биҳиштосо намуда, кӯҳҳои бовиқор, чашмаҳои зулол, боғҳои сабзу хуррам ва ҳамдеҳагони дар меҳнати сангини кӯҳистон обутобёфтаамро дида, бори дигар бачагиамро ба ёд оварам. Аммо вазъи пуртаҳлукаи имрӯз, ки мардуми ҷаҳонро ба танг овардааст, тақозо менамояд дар хона нишинем.
Аз маҳаллаамон куҳансоле, ки дер боз бистарӣ будааст, аз олам чашм пӯшид. Тобутро 5-6 нафар ба сари китф гирифта, ӯро ба манзили охират гусел карданд. Ҳама ниқоб доштанд...
Ин манзараи ҳузноварро дида дилам ганда шуд ва беихтиёр дуоҳои момоям, ки беист такрор мекард, ба ёдам омад: «Аз балои азим худат нигоҳ дор!», «Худо, мардумро парешон накун, гуноҳҳои эшонро, ки донистаю надониста содир кардаанд, бубахш!»
Хурд будем, мазмуну моҳияти ин дуоҳоро намефаҳмидем. Момоям мегуфт: «Ду писари паҳлавонамро баҳри ҳимояи Ватан ба ҷанги зидди Гирмон гусел кардам. Калонӣ бо зафар баргашт, вале ба туфайли асоратҳои ҷанг умри кӯтоҳ дид. Хурдӣ беному нишон шуд, ҳатто «хати сиёҳаш» наомад. Ҳамеша дуо мекунам, ки инсон хуни инсонро нарезад, модар аз марги фарзанд, арӯс дар фироқи ёр ашк нарезад. Падари танҳоятро дар замони қаҳтию гуруснагӣ гурбавор калон кардам. Худо дар паноҳаш нигоҳ дорад!»
Вақте ба мактаб мерафтам, момоям мегуфт: «Бо баҳои аъло хон, ба муаллимат гӯш андоз». Бо дуои момоям, ки «Сафарат бехатар бод, роҳи сафед», гуфта буд, ба донишкада дохил шудам ва онро бо муваффақият хатм намудам. Баъди нонуштаи саҳарӣ момоям дуо мекард: «Чойи пагоҳ – қабули даргоҳ». Ё пас аз хӯроки нисфирӯзию бегоҳирӯзӣ бо шукронаи ӯ аз гирди дастархон мехестем: «Шукри Офаридгор, ризқамонро аз ин ҳам зиёда гардонад, файзу баракоти дастархонро диҳад». Вақте набераҳоро хонадор мекард ё ба шавҳар медод, «Худо бахту тахтатро диҳад, қӯшапир шавед, кӯдакони ширин хонаатро пур кунанд!» гуфта даст ба дуо мебардошт.
Вақте сару тани момоямро мешустам, миннатдорӣ баён мекард: «Илоҳо, кам нашавӣ, дастонат дардро набинанд!»
Ҳоло худ момо ҳастам, дуоҳои модаркалонамро такрор-такрор ба забон меорам.
Саҳифаҳои китоби «Дуоҳое, ки Расулуллоҳ (с.) хондаанд» варақ мезанам. Дар он доир ба аҳамият ва фазилатҳои дуо фикрҳои ҷолиб оварда шудаанд.
Вақте инсон ба мушкилӣ, ғаму андӯҳ, нобаробариҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ мегардад, беихтиёр ба Офаридгор илтиҷо мекунад, аз Ӯ наҷот меҷӯяд. Табибон таъкид менамоянд, ки бемориҳои рӯҳӣ бисёртар бо усули дуохонӣ шифо меёбанд. Дуо ба руҳияти инсон таъсири хуб расонда, ӯро аз дарду ғам, андӯҳу алам сабук мегардонад.
Дар саҳифаи 114-уми китоб дар боби «Баъзе ҳадисҳои шарифи Пайғамбар доир ба фазилатҳои дуо» оварда шудааст: «Аз Абу Ҳурайра (р.): «Расули акрам(с.) мегӯянд: «Дуо ибодат аст», «Нафароне, ки дуо карданро намеписанданд, ба ғазаби Аллоҳ гирифтор мешаванд». «Дуо дафъкунандаи ҳамаи балоҳост».
Пас, азизон, баҳри осоиштагии Ватан, хотирҷамъӣ, бахту саодат ва камоли фарзандон бояд ҳамеша даст ба дуо бардорем.
Саодат БЕКНАЗАРОВА.