«ДУОГӮ»-И ФИРЕБГАР

Баъзеҳо агар ба ҳолати душвор афтанд, аз фолбин наҷот меҷӯянд.

Бо «башорат» ё «илму амал»-и онҳо аз вазъият баромадан мехоҳанд.
Лекин дар аксар маврид одамоне, ки ин корро касб кардаанд, дигаронро фиреб дода, пули онҳоро аз худ кардан мехоҳанд. Дар амалиёти суд низ ин гуна ҳолатҳо зуд-зуд дучор меоянд.
Дар маҷлисҳои сайёри суди корҳои ҷиноии ноҳияи Вобканд ин гуна кирдукори ҷинояткорон фош мегардад.
Аз ҷумла, 20 декабри соли 2017 дар маҷлиси суде, ки дар бинои шӯрои шаҳрвандони маҳаллаи «Қурувчи»-и шаҳри Вобканд нисбат ба сокини ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё, модари 6 нафар фарзанд Гулнора Мирбобоева (ному насабаш тағйир дода шуд), ки пеш якчанд маротиба суд шуда, ба туфайли афви умумӣ аз ҷазо халос гардида, аммо аз корҳои кардаи худ хулосаи зарурӣ набаровардааст, кори ҷиноятиро дида баромаданд. Гулнора бо роҳи фиреб ва сӯистеъмол кардани боварии шаҳрвандон бо мақсади аз худ кардани мулки каси дигар, бо вуҷуди он ки ҷинояткори гузарост, такроран ҷиноят содир кардааст. 
Чунончи, ӯ субҳи 2 октябри соли 2017 ба хонаи сокини кӯчаи Арабони маҳаллаи «Қурувчи» Зулхумор Хӯҷаева омада, ба ӯ дар бораи нохушиҳои гуногун нақл карда, ҳушдор медиҳад, ки агар гуфтаҳояшро иҷро накунад, нохушӣ содир мешавад. Он занро бовар мекунонад, ки як қудрати хориқулодда дорад, пас бо роҳи фиреб, аз ӯ 640 ҳазор сӯм пул, ду ангуштарии баҳои умумиашон 1 миллиону 350 ҳазор сӯм ва як хурӯсу мурғи вайро аз худ карда мегирад. 
Ба ғайр аз ин, ӯ ҳаракатҳои ҷиноии худро идома дода, ба хонаи З. Хӯҷаева баргашта омада, мегӯяд, ки ҳамаи пулҳои дар хона доштаашро «дам» андохта медиҳад. Бо чунин фиребкорӣ 5 ҳазор доллари ӯро мегирад.
Суд ба пуррагӣ пӯшонда шудани зарари ба ҷабрдида расондаро ба инобат гирифта, бо банди «б»-и қисми 3-юми моддаи 168-уми Кодекси ҷиноӣ Г. Мирбобоеваро айбдор ҳисобида, қариб 3 миллион сӯм ҷазои ҷарима таъин кард.
Ба кӯҳ хуш деҳ садо, ки то хуш ояд, мегӯяд халқ. Г. Мирбобоева ҳам кори нодонро анҷом дода, як занро фиреб дод. Лекин ӯ дур нарафт, аз ҷониби посбонҳои қонун дастгир карда шуд.
Мақсад аз навиштани ин мақола ҳамватанони сода ва зудбоварро боз як бори дигар огоҳ намудан аст.

М. ОРИПОВ,
раиси суди корҳои ҷиноии ноҳияи Вобканд.

(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: