Ҳасан Ирфон (1900-1973) аз чеҳраи намоёни илму фарҳанги Самарқанд, адиби хушбаён, луғатдони нуктасанҷ, тарҷумони моҳир буд, ки дар тӯли зиндагии пурсамар аз худ мероси гаронарзише ба ёдгор гузошт.
Инҷониб саодатманд аз онам, ки ба шарофати шогирдӣ ва ҳамкорӣ аз файзи суҳбатҳои дилнишин, насиҳати падарона, маслиҳатҳои муфид, рафтору гуфтори ибратбахш ва хосатан асрори сухандонӣ, қаламзанӣ баҳраманд гардидаам.
Гарчанде аз вафоти устоди сахтгиру меҳрубон, дилёбу дарёдил, хушгуфтору хушрафтор беш аз ним аср сипарӣ гардидааст, дуои «бад»-и ӯро ба хотир оварда, сухане бар сухане зам мекунам.
ВОХӮРИИ ТАҚДИРСОЗ
Тирамоҳи соли 1970, пас аз адои хидмати ҳарбӣ, барои муборакбодии камина хешу ақрабо, дӯстону ҳамдеҳагон меомаданд. Мо ҳамчун соҳиби хона меҳмононро дар таги дар пешвоз гирифта, гусел мекардем. Ногоҳ марди ношиноси тахминан 60-сола, ки дар сар тоқии чустӣ, дар тан шиму костюми сиёҳи озода ва дар даст асо дошт, солорона қадам партофта, ба сӯйи ҳавлии мо омад. Аз намуди зоҳириаш маълум буд, ки ӯ шахси бомаданияту донишманд аст.
– Нашинохтӣ? – аз ҳайрати ман рамуз гирифта пурсид падарам.
Китф дарҳам кашида, ба маънои инкор сар ҷунбондам.
– Ҳасан Ирфон, – оҳиста пичиррос зад падарам, – дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекунанд. Адиб, тарҷумон.
Рости гап, тақдир маро то ин дам бо шоиру нависандагон рӯ ба рӯ накарда буд. Эҳтимол аз ҳамин сабаб бошад, ман дасту по хӯрда, ҳатто бо меҳмон вохӯрӣ намуданро фаромӯш кардам.
Меҳмон паси миз нишаста, омин карду ба суроғи аскар афтод. Тамоми вуҷудамро як ҳисси изтиробомезе фаро гирифт, зеро дар назди ман нависандаи номдори тоҷик, тарҷумони маъруф Ҳасан Алихонович Мамадхонов, ки бо тахаллуси «Ирфон» маълуму машҳур буд, менишаст. Ба назди ӯ рафта, даст ба сари сина гузошта, дубора салом додам. Меҳмон аз ҷой хеста, самимона дастамро фишурд.
– Боракалло, боракалло, – гӯён ба китфонам навозишкорона тап-тап зада, аз паҳлӯяш ба нишастан ҷой нишон дод.
Ҳасан Ирфон одами хоксор, суҳбаторо ва дилкушоду дидадаро буд. Ман бо диққат ба симои ӯ нигаристам: вай пешонии фарох, чашмони каме фурӯрафта, бинии теғадор ва рӯйи дароз дошт. Лабонаш ҳамеша моили табассум буд. Бо забони содаву равони адабӣ, ки лаҳҷаи беолоиши Самарқандро ба ёд меовард, сухан меронд. Гоҳо ҳазлу мутоибаро ба авҷи аълояш мерасонд.
– Писарҷон, чӣ ном доред? – ногоҳ пурсид вай.
– Зоҳир, – гуфтам ман.
– Муҳаммад Зоҳиршоҳ, – гӯён мад кашид, – яъне подшоҳ, шоҳи Афғонистон. Дуруст?
Аз ин болобардории ногаҳонӣ дар лабонам табассум дамид. Шояд ӯ аз хурсандии ман рӯҳ гирифту суханашро идома дод ва дар бораи Афғонистон, подшоҳи он, сиёсати давлатдорӣ нақл кард. Ҳикоятҳояш, ки аз воқеаҳои пуртаъсиру дилангез иборат буданд, ҳама гӯш ба қимор менишастанд.
Он рӯз Ҳасан Ирфон дар хонаи мо хеле нишаст. Дигар меҳмонон ҳам аз суҳбатҳои мароқангези ӯ дил канда наметавонистанд. Одамон вақте баъзе чизҳоро мепурсиданд, вай бо тамкин, ҳаматарафа, бо далелҳои раднопазир ва ба ҳама фаҳмо ҷавоб медод.
Пас аз маърака ман ӯро то хонааш ҳамроҳӣ кардам. Маълум шуд, ки вай чанде пеш аз хонаи писараш, ки дар шаҳр буд, ба хонаи духтараш – Зебо кӯчида омада будааст.
Ҳасан Ирфон аз вохӯрии нахустин дар дили ман нисбат ба худ меҳру муҳаббати беандоза бедор кард. Ин буд, ки рӯзе хоҳарам – Кибриё хабар расонд, ки ӯ дар ҷустуҷӯйи котиби шахсӣ аст. Ман, ки ташнаи дидору суҳбати Ҳасан Ирфон будам, зуд ба ин кор розӣ шудам.
МАКТАБИ ЭҶОДИИ УСТОД
Адиб дар хоначае, ки тахминан се бар чор метр масоҳат дошту таги дарвоза, дар шафати ошхона воқеъ буд, зиндагӣ мекард. Ҷиҳози хона ҳамагӣ аз як кат, мизи корӣ ва ду-се курсӣ иборат буд. Дар болои кати хоб сурати марди бадқавоқу туршрӯ, ки дар болои асп нишаста, хашмгинона лаҷоми онро мекашид, овезон буд. Аз нигоҳи тунду тези ӯ дили кас ба ҳарос меафтод.
– Шумо ҳам тарсидед? – аз таваҷҷуҳи ман ба расм пай бурда, бо табассум пурсид вай. – Дар ҳаёт ҳамин хел одамон мешаванд. Ӯ падари ман аст. Боре ӯ аз хамгашти кӯча гузашта, бо зани ҳомила рӯ ба рӯ меояд ва чунон як нигоҳ мекунад, ки занро ҳамон лаҳза дард мегирад. Ман ин воқеаро дар повести «Ду ёр аз ду диёр» тасвир кардаам.
Вай хандид, табассуми ширину гуворо дошт. Он рӯз маро бо тарзи кор шинос кард.
– Агар бо ман кор карданӣ бошед, – ниҳоят гуфт вай, – аз гапу рафторам наранҷед. Синни ман ба ҷое расидаасту асабҳоям хеле суст шудаанд. Баъзан гапи пасту баланд занам, қаҳратон наояд. Агар мани пирамардро азоб надода, гуфтаамро иҷро кунед, савоб мешавад.
Рӯзи дигар ба кор шурӯъ кардем. Вазифаи котиб аз хондани матни русӣ иборат буд. Вай бодиққат ба хониши ман гӯш медоду сипас ба тоҷикӣ мегардонд ва бо овози баланд ҷумларо мегуфт. Баъди навишта шудан, ман ҷумларо мехондам. Ӯ мешунавиду боз таҳрир мекард. Ба ҷойи як калима калимаи дигар меёфт. Кӯшиш мекард, ки ҷумлаҳо равон хонда шаванд, забон дар ягон ҷойи матн «дакка» нахӯрад.
Ин кор хеле заҳматталаб буд. Бо вуҷуди пирӣ заррае ба худ ва кори тарҷумонӣ бемасъулият набуд.
Солҳои 70-ум Ҳасан Ирфон асари сегонаи М. Горкийро аз сари нав ба чоп омода месохт. Ин асарҳо соли 1933 ба тоҷикӣ тарҷума шуда буданд. Аз байн қариб 40 сол сипарӣ шуд ва он ба таҳрири нав эҳтиёҷ дошт. Дар Душанбе кадоме аз кормандони нашриёт хостааст, ки ин корро ба сомон расонад, аммо аз ӯҳдааш набаромадааст ва маъмурият маҷбур шудааст, ки барои иҷрои ин вазифаи бомасъулият ба худи тарҷумон дубора муроҷиат кунад.
Он солҳо дар рӯйи мизи кории мо асар ба ҳар ду забон – русӣ ва тоҷикӣ меистод. «Луғати русӣ-тоҷикӣ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», луғати тафсирии чорҷилдаи Ожегов, Дал, Борхударов, қомусҳои зиёди соҳавӣ ва ғайра дар ихтиёри ман буданд. Ҳасан Ирфон аҳён-аҳён аз онҳо истифода мебурд. Ҳофизаи қавӣ дошт. Аксари калима, ибораҳои душвор ва ҳатто мақолҳоро бе ёрии фарҳанг тарҷума мекард. Ҷумлаҳои М. Горкий мураккаб, пурмаъно буданд, адиб услуби хоси навиштро дошт. Ҳасан Ирфон аз онҳо завқ бурда, барои хубтар баромадани тарҷумаи тоҷикӣ кӯшиш менамуд.
Баъзан аз луғати русӣ-тоҷикӣ калимаҳои даркориро намеёфтем ё дар тарҷумаи калимаҳо роҳ ёфтани ғалатҳо ва нодуруст маънидод кардани калимаро дида, ҳайрон мешудем. Дар луғатномае, ки устод дошт, даҳҳо, садҳо калима дастӣ навишта, маънои дурусти онҳо қайд шуда буд.
Бидуни муболиға, мутарҷим қариб ҷойи тамоми калимаҳоро дар луғат медонист ва тарҷумаашонро пешакӣ мегуфт. Нодуруст талқин ёфтани ин ё он калимаро дида, хеле асабӣ мешуд. Ин буд, ки гоҳо барои дуруст фаҳмидани мазмуни ин ё он калима даҳҳо китобро варақ мезадем. Агар ба мақсад мувофиқ нашавад, ҳамроҳ ё худ ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд рафта, аз муаллимон пурсуҷӯ менамуд.
–Бачаҷони бобо, – мегуфт вай. – Агар мо ба кори тарҷумонӣ эҷодкорона рафтор накунем, он ба шири қаймоқаш гирифта монанд мешавад. Хонандаи закӣ тарҷумонро лаънат мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд матнро ҳамон тавр аз русӣ ба тоҷикӣ гардонем, ки хонанда онро ҳамчун китобе, ки ба забони тоҷикӣ эҷод шудааст, қабул намояд. Чанде пеш аз нависандаи қазоқ Собит Муқанов нома гирифтам. Вай барои тарҷумаи китобаш, ки «Мактаби ҳаёт» ном дорад, сипосгузорӣ карда, ба кори хоксоронаи камина баҳои баланд додааст. Ман инро барои таърифи худ намегӯям. Охир забони тоҷикии мо яке аз забонҳои қадима, ғанӣ, ширину гӯшнавози дунёст. Агар мо соҳиби ҳамин гуна сарвати бебаҳо бошему боз китобҳоро хому хатал тарҷума кунем, пас мо кӣ ҳастем? Ин гуноҳи моро хонандаи тоҷик ҳаргиз намебахшад.
«САЁҲАТ»-И МАҶБУРӢ
БА СИБИР
Мо бештар ду кас кор мекардем. Агар ман то пешин бо Ҳасан Ирфон ҳамроҳ бошам, баъди пешин шарикам меомад. Баъзан хоҳарам Кибриё низ ёрӣ медод.
Мо ҳамеша бо тарҷума банд набудем. Баъзан ғарқи суҳбати ширин шавем, тарҷума як сӯ мемонд. Ӯ зимни кор аз ҳаёти талхи худ лавҳаҳои аҷоибу ғароибро нақл мекард. Зиндагии ӯ мисли қаҳрамонони асарҳои «Модар», «Дар байни мардум»-и М. Горкий вазнину тоқатфарсо гузаштааст. Онро ҳангоми мутолиа аз китоби худи ӯ «Дар кулбаи косибон» низ фаҳмидан мумкин аст.
Аввалҳо ӯ дар бораи вазъи сиёсии мамлакат эҳтиёткорона сухан меронд. Вақте ки ӯ радиои Лондонро мешунавид, ҳаракат мекард, ки мо воқиф нагардем. Ин кор дер тӯл накашид. Вақтҳои охир мо ҳамчун бобову набера бо ҳам наздик шуда будем. Гоҳо рози дилашро ба ман мегуфт. Баъзан моро ба шунидани бахши форсии радиои хориҷӣ таклиф менамуд. Чизеро, ки гӯянда мехонду мо намефаҳмидем, маънидод мекард. Он солҳо дар олами адабиёт номи адиби рус Александр Солженитсин вирди забонҳо буд. Ин нависандаи номдорро барои чанд асараш аз Ватан ронда буданд.
Ҳамон солҳо маҳз аз Ҳасан Ирфон дар бораи адибони ҳақгӯй ва ҳақнавис чун Солженитсин, Борис Постернак, Усмон Носир шунида будем, ки акнун дар бораи онҳо матбуоти даврӣ бисёр менависад.
Баъзе лаҳзаҳои айёми бачагӣ, саводомӯзӣ ва фаъолияти меҳнатии ӯ дар китоби «Ду ёр аз ду диёр» ва «Дар кулбаи косибон» бо маҳорати баланд тасвир ёфтаанд. Вале бисёр саҳифаҳои ҳаёти ӯ нонавишта монд. Вай қисмати дуюми романи худро навиштан мехост. Аз он бо хотири мушавваш баъзе пораҳоро ба мо нақл менамуд.
Солҳои 1937-1938 дар Самарқанд беасосу бегуноҳ шахсони бомаърифату фозилро ба ҳабс гирифтаанд. Ҳасан Ирфон низ аз он таъқибҳо эмин намонд. Боре нисфи шаб дари ҳавлии вай тақ-тақ шуд.
– Кӣ? – пурсид соҳибхона.
– Ман, – овоз дод касе, – аз милисахона ҳастам, ба шумо кор дорам.
– Пагоҳӣ биёед, – гуфт Ҳасан Ирфон.
– Не, ҳозир ба шумо гапи зарур дорем, – қатъӣ талаб намуд нозири ноҳия. – Як дақиқа вақтатонро мегирем.
Соҳибхона ноилоҷ дарро кушод. Чор кас якбора ба ӯ дарафтода, дасташро ба ақиб тоб дода бастанд ва ба фойтун шинонда суйи НКВД бурданд.
– Барои чӣ маро ба ин ҷо овардед? – бо хашму ғазаб пурсид вай.
– Гӯё худат намедонӣ, – писханд зад марди рус, ки вазифаи муфаттиширо ба ӯҳда дошт. – Агар ба гуноҳат иқрор шавӣ, ҳозир ҷавоб медиҳем.
– Ба кадом гуноҳам иқрор шавам? – ҳайрон шуд ӯ.
– Ба марди бомаърифату фозил монанд ҳастию боз худро ба гӯлӣ мезанӣ? – муфаттиш гӯё мазоҳ мекарда бошад, даҳонашро инҷ намуд. – Биё, ба мақсад гузарему якдигарро азоб надиҳем.
Ҳасан Ирфон бо тааҷҷуб ба муфаттиш чашм дӯхт. Вай ба марди барзангӣ, ки қиёфаи маккоронае дошт, чӣ гуфтанашро намедонист.
– Бародар гап ҳамин, – ниҳоят ба мақсад гузашт муфаттиш. – Ту кай боз ба Эрон маълумот мефиристӣ? Дар корҳои ҷосусӣ боз киҳо кумак мекунанд?
– Чӣ? – аз ҳайрат дасту по гум кард Ҳасан Ирфон. – Ман ҷосуси Эрон ҳастам?! Аз тӯҳмат кардан наметарсед?
Пурсишу истинтоқ қариб 8 соат идома ёфт. Ҳамин, ки муфаттиш «маълумот»-ҳои дилхоҳашро гирифта натавонист, ӯро ба утоқи хурдакаке, ки ҳатто илоҷи нишастан набуд, ҳабс карданд. Ин гуна пурсуҷӯ 16 шабонарӯз давом кард. Ҳамин, ки Ҳасан Ирфон аз ҳол рафта меафтид, бо занҷир ё қундоқи милтиқ зада, боз ба по рост мекарданд. Муфаттишон ҷон мекоҳонданд, ки гуноҳеро ба ӯ часпонда, маҳбус созанд.
– Бо Садриддин Айнӣ чаро ба Тошканд рафтӣ? – ниҳоят пурсид муфаттиш.
– Барои коғаз рафта будем.
Он солҳо барои нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» дар матбааи Самарқанд коғаз набуд.
– Чаро дар роҳ бо вакилони Афғонистон ҳамсуҳбат шудӣ?
– Аввал ин, ки поезд дар роҳ монд, – фаҳмондан хост Ҳасан Ирфон. – Дуввум ин, ки сафири Афғонистон устодро мешинохтааст.
– Садриддин Айнӣ ҳам бо Эрон ҳамкорӣ мекунад? – пурсишро давом дод муфаттиш.
– Инро аз худи ӯ пурсед, – қаҳраш омада гуфт Ҳасан Ирфон.
Ӯро 2 солу 8 моҳ дар ҳабсхона нигоҳ доштанд. Хеле ҳаракат карданд, ки «ҷосусияш»-ро ба гардан гирад, вале муяссарашон нашуд.
Вай дар маҳбас аз олами берун хабаре надошт. Аҳли оилааш хӯрок оранд ҳам, насибаш намегашт. Дар як ҳуҷраи хурдакак то 30 касро нигоҳ медоштанд. Ҳасан Ирфон бо ақлу заковат, донишмандӣ, дар байни маҳбусон эҳтиром пайдо кард. Аз вай баъзеҳо тадбири хоб мепурсиданд, маслиҳат мегирифтанд, гуфтаҳои ӯро иҷро менамуданд. Ихлоси дигарон ба ӯ меафзуд. Аҷибаш дар он буд, ки мусалмонон ӯро «эшон-бобо» гӯён ном баранд, русҳо «дед» гуфта, муроҷиат мекарданд.
– Ӯро ба Русия, ба яке аз ҳабсхонаҳои машҳури Екатеринбург – ҳабсхонаи Владимир фиристоданд. Дар он ҷо маҳбусонро ба дарахтбурӣ маҷбур мекарданд. Чашмони ӯ хира медиданд ва чанд маротиба болои пояш чӯб афтид. Маҳбусон донишмандӣ, равшанфикрӣ ва дурандешии ӯро пай бурда, аз корҳои вазнин озод менамуданд. Ба ивазаш хоҳиш мекарданд, ки чой ҷӯшонда, ҳикояҳои аҷиб гӯяд. Дар бадали чанд моҳ ба онҳо ҳар рӯз як ҳикояи таъсирбахш мегуфт, ки сомеон бо диққати том гӯш мекарданд.
Ниҳоят бегуноҳии ӯ тасдиқ шуд, аз ҳабс озод карданд. Мутаассифона, падарарӯсаш маърифатпарвари машҳури тоҷик, аввалин муҳаррири маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб», нависанда ва тарҷумон Саидризо Ализода аз шиканҷаҳо дар ҳамин ҳабсхонаи Владимир аз олам даргузашт.
– Саргузаштатонро нависед, – боре таклиф намудам ба ӯ. – Китоби зӯр мешавад.
– Кӣ чоп мекунад, бачаҷон? – дар лабони вай заҳрхандае намудор шуд. – Барои нашри романи «Дар кулбаи косибон» чӣ қадар хуни ҷигар хӯрдам, танҳо ба парвардигор маълум аст. Китобам ду ҷилд мешуд, аммо асарро чунон қайчӣ карданд, ки... Нигоҳи ҳамсуҳбати ман ба нуқтаи номаълум дӯхта шуд.
– Шери бобош, – бо таассуф фикри хешро идома дод Ҳасан Ирфон, – агар кас беадолатиҳоро мушоҳида кардан гирад, аз сараш гузаронад, аз навис-навис ҳам дилаш хунук мешавад. Охир саҳифаро сиёҳ намудан худ аз худ намешавад. Бузургон дуруст гуфтаанд:
Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад,
Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.
Ба қадри зар заргар мерасад, шумо ҳам қалам ба даст гирифта, ба иншои чизе шурӯъ намоед, пас ба мазмуни суханони мо сарфаҳм меравед. Ҳоло ман ба шумо чӣ ҳам мегӯям? Аҷибаш дар он аст, ки баъзе корчаллонҳо китобҳои худро пай дар пай на танҳо дар Душанбе, балки дар Маскав ҳам чоп мекунанд.
ДУОЯШ МУСТАҶОБ ШУД
Ҳасан Ирфон марди хайрхоҳу нексиришт буд. Вай ҳар корро пухта ва аз таҳти дил иҷро мекард. Ҳеч гоҳ ба касе гапи сахту дурушт намегуфт. Агар асабонӣ шавад, «хонахамир» ё «хонаат пури гандум шавад» гуфта, дуои «бад» мекард.
Ҳасан Ирфон бо ходимони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва бисёр адибони шинохта мукотиба дошт. Арафаи ид даҳҳо табрикномаҳо менавишту аммо аҳён-аҳён ҷавоб мегирифт. Ман, ки баъзан матни онҳоро менавиштам, аз ин беэътиборӣ ба ғазаб омада, эътироз баён менамудам.
– Ҳой, хонета гандум зер кунад, – мегуфт вай. – Наход нафаҳмӣ, ки ман одами оддӣ ҳастам. Боз мансаби калон надорам. Охир ҳамчун инсон бояд дигаронро табрик созам ё не?
– Салом ҳам, алейк ҳам қарз, – фаҳмонданӣ шудам ман. – Синну соли шумо ҳам ба ҷое расидааст, чанд китобатон чоп шудагӣ.
– Ҳой, хонахамир, – бо як оҳанги мазаммату навозиш боз ба фаҳмондан шурӯъ менамуд вай. – Чаро ту маро ин қадар болобардор мекунӣ? Ман мисли ту як одами одӣ.
Устод чанд лаҳза сукут варзид. Шояд он айём гирдоби хаёлот ӯро ба куҷое бурд, ки нобаҳангом сар бардошт ва маҳзун гуфт:
– Илоҳӣ, мисли ман нависанда шавию китобҳоят рӯйи чопро бинанд. Вале чун ман дар 70-солагӣ ғарибу танҳо намон.
Аҷиб, тақдир. Ҳоло камина аз синни устод болотар ҳастам ва ҳар гоҳ қалам ба даст гирам, дуои «бад»-и ӯро ба хотир меорам. Аз он хушҳолам, ки рӯзгоре дар тарбияи чунин инсони донишманд, дилбохтаи адабиёт, ҷафокаши замони истибдод, камбизоат, вале ҳимматбаланд, сухандону сухансанҷ, дилёбу дарёдил, худотарсу савобталаб будам.
Барои худситоӣ не, дар омади гап таъкид кардан мехоҳам, ки мо – чанд нафар шогирдон барои абадӣ гардонидани номи ӯ кӯшиш ба харҷ додем. Бо талоши равшанфикрон дар гузари Чорроҳаи Самарқанд, дар назди ҳавлиаш лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд.
Ҳар сол 20-уми июн ба қабристони Шоҳи Зинда меравем, то дар сари марқад ояте аз Қуръони Карим тиловат карда ба рӯҳи покаш бахшем. Зеро соли 1973 вай дар ҳамин ҷо манзили охират ёфта буд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.