ДУОИ БЕМОРОНИ ШИФОЁФТА БА КАС НЕРУ МЕБАХШАД

— мегӯяд духтур Умаралӣ Исмоилов

Ӯ навакак вориди утоқ шуда, мехост дар «Таърихи беморӣ»-и беморон ҳолатҳои ҳамонрӯзаи онҳоро қайд кунад, аммо яке аз ҳамшираҳо ҳаллосзанон назди ӯ даромад:
– Умаралӣ Каримҷонович, аз минтақаи Қӯқанд як нафар бемор оварданд. Вай ба садамаи сахти нақлиётӣ дучор шудааст. Аҳволаш хеле вазнин...
– Дарҳол беморро аз рентгенография гузаронед. Сонӣ мизи ҷарроҳиро низ омода созед ва асбобҳои лозимаро муҳайё намоед. Даъват кардани анестизиологро фаромӯш накунед. Вай барои барқарорсозии функсияҳои ҳаётан муҳими бадани ин бемор кумак хоҳад кард. Зуд бошед! – гуфт пизишк ва ба қоғазҳои парешони рӯйи миз аҳамият надода, саросема ба ҷониби утоқе шитофт, ки он ҷо шахси аз садама ҷароҳатдида мехобид. 
 Ҳамшираи шафқат натиҷаи рентгенографияро ба дасти ӯ дод. Ӯ синчакорона аксҳои плёнкаро аз назар гузаронид. Узвҳои қафаси синаро безарар дарёфт, канда шудани баъзе пайвандҳо низ ба назари ӯ нарасид. Аммо буғумҳои зону, инчунин як қатор устухонҳои дигар ҷароҳат бардошта буданд. Дар чунин ҳолатҳои фавқулода шикастан ё канда шудани пайвандҳои баъзе узвҳои инсон ҳамеша як амри табиист. 
Умаралӣ пай бурд, ки пораҳои шикастаи устухони ду пою як даст чӣ гуна ҷойгир шудаанд. Ин барои дуруст ба амал баровардани амалиёти ҷарроҳӣ ва васл кардани ин устухонҳо мусоидат хоҳад кард. Дарвоқеъ, рентгеногрфияи устухонҳо ва буғумҳо имкон медиҳад, ки шикастан, ҷудошавӣ ва ҷароҳатҳои дигарро дуруст ташхис кард. Аммо на ҳамеша дар плёнкаи ренгенография тағйироти патологии устухонҳо ва буғумҳо акси худро меёбад. Барои ҳамин вай аз он шубҳа намуд, ки агар ба бофтаҳои нарми системаи мушакҳо садама таъсири манфӣ нарасонида бошад, аз тариқи  рентген муайян кардани ҳолати умумӣ имконпазир мебошад.
 Умаралӣ болои мизи ҷарроҳӣ узвҳои беморро бори дигар як-як аз назар гузаронд. Маълум шуд, ки дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба сутунмӯҳраи ӯ ягон осеб нарасидааст. Вайро ин ҳол андак хушҳол намуд, зеро имкони муолиҷаи дасту пойи шикаста ва бархе аз узвҳои дигари бадани инсон имконпазир мебошад, вале кори сутунмӯҳра – чизи дигар. 
...Соҳибони бемор, ғайр аз он ки сабурона анҷоми амалиёти ҷарроҳиро мунтазир шаванд, чораи дигар надоштанд. Ҳама сукут варзида, ду чашм сӯи дари утоқи ҷарроҳӣ медӯхтанд. Ин дар аз дарун баставу маълум набуд, ки он ҷо амалиёти ҷарроҳӣ дар кадом ҳолат давом мекунад.
– Худовандо, худат писарамро наҷот деҳ. Ба пизишкон мадагор бош! – муноҷот мекард зани тақрибан панҷоҳ-панҷоҳу панҷсола ва баъд даст ба рӯ мекашид.  
Ҳамроҳони вай низ дар пайравӣ бо ин зан даст ба рӯ мекашиданд.
Баъди анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ ва дӯхтудӯзи ҷойҳои чокнамудаи бадани бемор пизишк ва ассистенти ӯ оҳи сабук кашиданд. Дигаронро низ бомуваффақият анҷом ёфтани амалиёти ҷарроҳӣ хушҳол намуд.
– Беморро ба шуъбаи баҳушоварӣ баред. Вай ду-се рӯз он ҷо ба таври интенсив мавриди муолиҷа қарор мегирад. Баъди беҳбуди вазъи саломатиаш ӯро ба палатаи одӣ мегузаронем ва муолиҷаро он ҷо давом хоҳем дод,– гуфт Умаралӣ ва дастпӯшу ниқобро кашид ва хилъати махсусро аз тан бурун оварда, ба ҷояш овезон карду бардам-бардам қадамзанон сӯйи утоқаш равон шуд.
– Аз чеҳраатон ҳамааш маълум. Ҷони боз як бемор, Худо хоҳад, наҷот ёфт. Ҳамту?
– Бубахшед, ки маҷбур шудам шуморо танҳо гузорам. Илоҷи дигар надоштам,– гуфт пизишки шуъбаи травматология ва ортопедияи бемористони Ҷамъияти саҳҳомии «Фарғонаазот» Умаралӣ Исмоилов. – Албатта, бемор ба зудӣ ба худ хоҳад омад, – илова кард ӯ.
Вай аз он хиҷолат мекашид, ки суҳбати ману ӯ нимкора монд...
***
Умаралӣ Исмоилов зодаи деҳаи Демирсади ноҳияи Сӯх аст. Ба гуфтаи ӯ ҳанӯз зимни таҳсил дар мактаби деҳа, ки ҳаштсола буд, дар дилаш меҳри табиб шудан маъво гирифтааст. 
– Мо ду соли боқимондаи таҳсилоти миёнаро дар мактаби рақами 9-уми  деҳаи Гулистон давом додаву соҳиби номаи камол шудем,– изҳор кард ҳамсуҳбатам.
– Ман дар Донишкадаи федеролии травматология ва ортопедияи ба номи Илизаров, Академияи тиббии Омск такмили ихтисос намудам, – мегӯяд Исмоилов.
Маҳз докторони илмҳои тиб, мисли Баҳриддин Шарипов, Тимофей Ким, Баҳодур Шахматов, Сергей Мударасимов ва боз чанде дигар нозукиҳои ин соҳаи тандурустиро ба вай омӯхтаанд. 
Дар айни ҳол муассисаи тиббие, ки вай он ҷо фаъолият мекунад, ба дармонгоҳи беҳтарини водии Фарғона табдил ёфтааст. Он ҷо амалиёти зиёди ҷарроҳӣ гузаронида мешавад ва аксари ин амалиёт муваффақона ба анҷом мерасанд, ки боиси ифтихори онҳост. 
– Дар ин ҷода хидмати пизишкони ботаҷрибаи бемористонамон М.Мирзоев, Д.Сайдуллоев, ҳамшираҳои шафқат Р.Турсунова, М.Абдуллоева ва дигарон хеле калон мебошад,– қайд намуд ҳамсуҳбатам.
– Ба назарам, соҳае, ки шумо солҳои дароз ба он донишу маҳорати худро бахшидаед, бештар аз роҳи ҷарроҳӣ барқарор намудани саломатии беморонро ҳадаф қарор медиҳад. Каме дар бораи тахасссуси худ маълумот медодед.
– Ортопед пизишкест, ки муолиҷаи бемориҳо ва иллатҳои узвҳои мушаки бадан ва барои устувор хидмат намудани онро таъмин мекунад. Патологияҳои модарзодӣ, нуқсонҳои рушди системаи устухон, мушкилиҳои пас аз бемориҳои сироятӣ, ҷароҳатҳои музмин ва ибтидоии маишӣ, инчунин ҳолатҳои пас аз осеб, дар баробари ин бемориҳои системаи устухон аз зумраи ҳамон бемориҳоянд, ки ортопед муолиҷа мекунад,– иброз намуд Умаралӣ. – Травматолог мутахассисест, ки бо табобати ҷароҳатҳои механикӣ, сӯхта, беморӣ ва дигар ихтилоли узвҳои мушакҳои бадани инсон сару кор дорад. Ба таври илова, боз траматолог  табобату пешгирии ҷароҳатҳо, артрит ва артрозро низ бар дӯши худ мегирад.
Дар бораи маҳорати қаҳрамони ин гузориш суҳбате ба ёдам омад, ки бо омӯзгори гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона Ҷумъаи Ҷамол доштам. Вай ёдовар шуд, ки маҳз пизишки шикастабанде ҷони ӯ ва даҳҳо нафарро осоишу оромиш мебахшад ва аз дуои одамони зиёдро бархурдор аст. «Дарди як дастам маро ҳамеша ноором месохт. Огаҳӣ ёфтам, ки  Умаралӣ Исмоилов пизишки ҳамин соҳа аст ва аз роҳи ҷарроҳӣ маро аз банди дарди ҷонхарош наҷот медиҳад. Дарҳақиқат, ҷарроҳӣ бидуни наркоз сурат гирифт ва вай дастамро чунон устокорона ҷарроҳӣ намуд, ки ҳатто расидани теғро эҳсос нанамудам. Баъди лаҳзае гӯё бори вазнин аз дӯши ман бардошта шуд»,– мегуфт Ҷумъаи Ҷамол хушҳолона.
– Вақте хурсандии бемореро мебинам, ки дар шифохонаи мо муолиҷа ёфтаву саломатиашро барқарор кардааст, худам низ мамнун мешавам. Ҳис мекунам, ки ба дарди нафаре дармон бахшидаам ва пайвандонаш низ дар ҳаққи мо —  пизишкон дуои нек мекунанд. Бешак, дуои онҳо ба кас неру мебахшад, – мегӯяд Исмоилов.
Ногуфта намонад, ки синни вай ба панҷоҳу панҷ расидааст ва дар баробари табобати беморон  дар чорабиниҳои ҷамъияти тоҷикони вилояти Фарғона низ хеле фаъолнокӣ зоҳир менамояд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: