ДУОИ КУРУШИ КАБИР

Рӯзе бузургони дарбор ва муъбадони зардуштӣ аз Куруши Кабир хоҳиш карданд, ки барои озодиву ободии сарзамин дуои хайр кунад.

Куруши Кабир дар канори оташи муқаддас:
– Худовандо, эй бузургтарин офаранда, офаридгори ин сарзамин, кишвар ва мардумро аз дурӯғу дурӯғгӯӣ дур бидор, – гуфт ва даст ба рӯй кашид.
Баъд аз анҷоми дуо аҳли дарбор ба фикр фурӯ рафтанд ва аз шоҳ пурсиданд, ки чаро чунин дуо кард?
– Чӣ бояд мегуфтам? – пурсид Куруши бузург.
Яке ҷавоб дод:
– Барои серҳосилӣ дуо мекардед. Мегуфтед, ки серобӣ шавад.
– Баҳри бе ягон мушкилӣ хушксолиро гузаронидан ва азоб накашидан анборҳои хӯроквориро месозем,– гуфт Куруши Кабир.
Дигаре бо оҳанги савол гуфт:
– Барои пешгирии истилои душманон дуо мекардед.
– Салоҳияти қувваи ҳарбиро пурзӯр мекунем. Сарҳади кишварро мустаҳкам менамоем, – ҷавоб дод шоҳ.
Аҳли дарбор бо навбат савол медоданд ва Куруши бузург ба онҳо ҷавоб мегардонд.
Ниҳоят яке аз аҳли дарбор пурсид:
– Шоҳо, мақсади шумо аз чунин дуо чӣ буд?
Куруш табассуме намуд ва гуфт: 
– Ман барои ҳар як саволи шумо ҷавоби амиқ додам. Вале агар рӯзе яке аз шумо назди ман дурӯғ гӯед ва он ба зарари сарзамин бошад, ман чӣ гуна аз он бохабар мешавам ва пешгирӣ мекунам. Пас, биёед, мо ба ростгӯӣ рӯ оварему дурӯғро аз сарзаминамон дур созем. Чунки сабаби аввалини ҳар амали баде, ки рух медиҳад, дурӯғ аст.

Таҳияи Ф. ФАРҲОДЗОД. 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: