ДУОИ МОДАР – КАЛИДИ МУВАФФАҚИЯТҲО

Занҳо дар ҳамаи соҳа баробари мардон фидокорона меҳнат мекунанд.

На ҳар зан зан бувад, ҳар зода фарзанд,
На ҳар шохе диҳад бар, ҳар найе қанд.
Занҳо дар ҳамаи соҳа баробари мардон фидокорона меҳнат мекунанд. Бо вуҷуди дар кори ҷамъиятӣ фаъол будан онҳо дар оила низ модари меҳрубон, ҳамсари бовафо, кадбонуи хонадонанд. Чи тавре ки Лоиқ мегӯяд:
Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи наву кӯҳна ҳама бори зан аст.
Магар барои вакилони ҷинси латиф кашидани ин қадар бори гарон вазнинӣ намекунад? Асрори фаъолии онҳо дар чист?
Дар арафаи Иди бонувон суҳбати мо бо ҷонишини мудири шуъбаи дастгирии маҳалла ва оила доир ба корҳои бонувон Зулфия РОФИЕВА дар ин мавзӯъ сурат гирифт.
– Зулфия Тӯхтамишевна, одатан мухлисон ба ҳаёти оилавии занҳои сиёсатмадор шавқ зоҳир менамоянд...
–  Ман аслан аз шаҳраки Челаки ноҳияи Пайариқ ҳастам. Дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам. Падарам Раҳимҷон Рофиев тадбиркор буданд. Модарам Зӯҳро Ҳусейнова депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия, солҳои зиёд дар идораҳои ЗАГС ва деҳшӯро фаъолият доштанд. Модарам баробари кори ҷамъият кори рӯзгорро низ ба хубӣ анҷом медоданд. Ман дар оила фарзанди калонӣ будам ва ба корҳои модарам тақлид мекардаму ибрат мегирифтам. Оилаи моро ҳамчун оилаи намунавӣ эҳтиром менамоянд. Падару модарам ҳамаи ҳафт нафар фарзандашонро соҳиби маълумоти олӣ гардониданд. Модарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки меҳнатдӯст бошем. Мо баробари илмомӯзӣ дар киштзор меҳнат мекардем. Аз замин ҳосил рӯёнида, барои ободии рӯзгор саҳм мегузоштем. Рӯзҳои душворро аз сар гузаронидаем. Ҳамеша ба пеш ҳаракат мекардем.
– Барои духтари пайариқӣ, ки  ба ноҳияи Самарқанд арӯс шудааст, ба муҳити бегона одат кардан душвор нашуд?
– Не, баръакс. Маро атрофиён бо хушӣ қабул карданд. Соли 1982 ба факултети психологиву педагогии таълими томактабии Донишкадаи омӯзгории Самарқанд дохил шудам. Шавҳарам баробари таҳсил дар аспирантура дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд фаъолият доштанд. Соли 1986 ҳарду оила бунёд намудем. Шавҳарам барои давом додани таҳсил ба шаҳри Маскав роҳхат гирифтанд. Ман ҳам дар боғчаи бачагонаи рақами 84-уми шаҳри Маскав ҳамчун мураббия ба фаъолият пардохтам. Маро таъриф менамуданд, ки ягона кадри соҳиби маълумоти олӣ ҳастам. Баъди бозгашт ба ватан фаъолияти педагогиро дар мактаби миёнаи рақами 41-уми ноҳия давом додам. Нӯҳ сол омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаб будам. Барои саводомӯзии бисёр бачаҳо саҳм гузоштам.
– Аксар равонакиҳо шуморо ҳамчун таъсисгари боғчаи бачагона медонанд, ин дуруст?
– Он солҳоро ба хотир биёрам, вуҷудамро ҳаяҷон пахш мекунад. Соли 2006 филиалҳоро ба мактаби асосӣ табдил доданд. Филиали мактаби рақами 41-ро, ки сарвараш Раҳматулло Шарифзода буду бисёр корҳои ободониро ба сомон расонид, ба мактаби рақами 68 (ҳоло 43) табдил дода шуд. Дуртар аз мактаб биноҳои ноободи варзишгоҳу дигар ҳуҷраҳо бекор монд. Дар атроф боғчаи бачагона набуд. Бо Раҳматулло Шарифзода, якҷоя дар ба дари мардум гашта, мепурсидем, ки агар дар ҳамин ҷо боғчаи бачагона ташкил намоем, фарзандашонро мегузоранд? Аксар ба таклифи мо зид мебаромаданд, бархе розӣ мешуданд. Ҳамин тавр, розигии мардумро гирифта, боғчаи бачагона ташкил намудем. Дар муддати кӯтоҳ ин боғча ном баровард. Баъди оғози фаъолияти боғча аҳолии маҳаллаҳои атроф низ фарзандонашонро меоварданд. 
– Шумо пас аз фаъолияти 33-солаи педагогӣ ҷонишини ҳокими ноҳияи Самарқанд таъин гардидед...
– Дуруст гуфтед. Ҳамон вақт ҳатто ба гӯшаи хаёл наоварда будам, ки дар ин вазифа кор мекунам. Ҳукумат ҳаёти оилавии моро ҳамаҷониба омӯхта, маро ба ин вазифа лоиқ донистааст. Шавҳарам Шариф Аминҷонович номзади фанҳои биология, дотсенти ДДС, собиқаи кории 42 сола доранд. Соҳиби чаҳор нафар фарзандем. Духтарам Раъно Аминҷонова шифокори бемориҳои онкологӣ. Ҳоло дар хориҷ баробари фаъолияти корӣ ин соҳаро мукаммал меомӯзад. 
– Ба фикри шумо калиди муваффақиятҳо дар чист?
– Дуои модарон қулфкушои ҳамаи дарҳост. Пирон фариштагони хонадонанд. Дуои онҳо касро ба муроди дил мерасонад. Ҳар саҳар аввал аз модаршӯям Анвараонаи 90-сола дуо гирифта, ба идора меоям. Ҳарчанд тамоми рӯз ба қавле, ба сархорӣ дастам намерасад, асабҳоям таранг мешаванд, хаста намегардам. Ҳамин дуо моро солиму бедард нигоҳ медорад. Инчунин, дастгирии шавҳарам аст, ки камина пурра ба ин кор машғул ҳастам. 
– Барои бонувон беҳтарин тӯҳфа чист?
– Некӣ намуда, дуо гирифтан мукофоти беҳтарин аст. Боз гул, сухани зебо...
– Барои сӯҳбат ташаккур.

Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ. 
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: