ДУОИ МОДАР МУСТАҶОБ ГАРДАД

Ваҳҳобҷон дар ҳар ду-се рӯз пеш аз кор ба сӯи ҳавлии падарӣ мешитобад.

Ғайр аз ӯ ин одатро бародаронаш – Усмонҷон, Ҳотамалӣ ва Иброҳим низ ба касби доимии худ табдил додаанд: субҳ пеши модар меоянд, ҳолу аҳволашро мепурсанд ва баъди дуои модар машғули кори рӯзмарраи худ мешаванд. Дар хонаи падарӣ фарзанди хурдӣ – Раҳимҷон бо зану фарзандонаш зиндагӣ мекунад ва чароғи ин хонадонро фурӯзон нигаҳ медорад.
Ваҳҳобҷон аз мошинҳои назди дарвозаи ҳавлии падар дарёфт, ки бародарон низ дар ҳузури модар ҳастанд. Ӯ аз мошин фаромад ва вориди ҳавлӣ шуд.
Дар ин фасли тобистон ҳама рӯи кати зери дарахт нишаста буданд.
– Ассалому алайкум, модарҷон. Субҳатон ба хайр! Саломатиатон хуб аст? Ҳамаи шумо низ хубед?
– Ваалайкум ассалом. Биё, писарам, хуш омадӣ. Шукри Худованд, ки ману бародаронат хубем, ҷои ташвиш нест. Худат чӣ хел? Корҳоят нағз-мӣ? Ҳамсарат чӣ ҳол дорад? Духтару писар ва набераҳоят тинҷу осуда ҳастанд? – ин суолҳое буданд, ки тақрибан зимни ба назди модар рафтан  Ваҳҳобҷон бо такаллуфи хос ба он ҳамеша посух медод.
Модар вайро ба канор кашид ва бо имои чашм ҷои нишасти ӯро нишон дод. Ваҳҳобҷон  болои кӯрпачаи нарм, рӯ ба рӯи модар нишаст.
– Худованди бузургу мутаъол ҳамаи шуморо дар паноҳи исматаш нигаҳ дорад, ҳамеша барори коратона диҳад, ҳаргиз хору зори дигарон накунад, – гуфт модар ва ҳама даст ба рӯ кашиданд. – Ҳафтаи оянда апаатон Мавлуда набераашро суннаттӯй мекардааст. Дирӯз худаш наздам омада ин ҳамаро гуфта рафт. Умедворам, ки ҳама якдилу якҷон дар тӯйи суннатии наберааш иштирок мекунед. Аз ман ҳам хоҳиш кард, ки рафта як кунҷи хонаашро ишғол кунам. Мавлуда гуфт, ки ман он ҷо бошам, файзу баракати тӯяш меафзудааст. Ба ҳаминаш ҳам шукр, ки бо ин солхӯрдагӣ ҳамаатон ҳурматамро ба ҷо меореду инҷиқиҳоямро мебардоред,– афзуд Саломатхола.
Баъд сари як пиёла чой бародарон дар ҳузури модари пиронсол аз ину он гарм суҳбат карданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки хотири модар ҷамъ ва табъаш чоқ бошад...
– Динаякак мо гандумро даравидаву ғалларо ба анбор интиқол додем. Ҳосил нисбати соли гузашта ба 8-10 фоиз зиёд баромад. Меҳнати коргаронамон зоеъ нарафт. Нақшаҳои давлативу шартномавиро пурра иҷро кардем. Панҷ-шаш тонна ғалларо ба коргарон тақсим карда додем. Акнун навбати обёрии майдонҳои кишти картошка аст,– гуфт бародари калонӣ Усмонҷон, ки сардори хоҷагии фермерӣ мебошад.
Дар ихтиёри ӯ даҳ гектар замини корам ва як гектар боғ мавҷуд аст. Усмонҷон аз нахустин роҳбарони хоҷагии фермерии хоҷагии ҷамоавии “Ҳушёр”-и ноҳияи Сӯх мебошад. Бештар аз бист сол боз ба кишту парвариши ғаллаву картошка машғул аст. Дар боғи хоҷагии фермериаш дарахтони гуногуни мевадиҳанда парвариш меёбанд.
Ваҳҳобҷон гуфт, ки натиҷаи дорупошии аввали фасли баҳор самари худро медиҳад ва аз ҳосили пурбор ба зери шохҳои дарахтони себу зардолу ва шафтолуву нок чанд поя гузошта баромаданд, вагарна шохҳо аз серборӣ мешикананд.
Иброҳим ва Ҳотамалӣ дар синну сол аз Ваҳҳобҷон хурданд. Иброҳим ҳамроҳи писараш ба касби соҳибкорӣ машғул аст ва аз ин ҳисоб рӯзгорашро пеш мебарад. Ҳотамалӣ корманди соҳаи нақлиёт мебошад. Вай солҳои дароз дар яке аз корхонаҳои автомобилии марбути обанбори Сӯх фаъолият мекунад.
Шавҳари Саломатхола Раҳмонамак тамоми умр корманди соҳаи савдо шуда кор кардааст. То охири ҳаёташ, ки ба аввали солҳои ҳаштодуми қарни гузашта рост меояд, ба ҳайси мудири мағозаи гуногунҷабҳа ифои вазифа намудааст. Баъди фавти шавҳар  холаи Саломат фарзандонашро бо меҳнат ва арақи ҷабин калон кардаву соҳиби хонаву дар намудааст. Ҳоло аз пиронсолтарини бошандагони се ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои Ҳушёр, Себзор ва Қақири ноҳия маҳсуб меёбад. Вай як аср умр дидааст ва ҳанӯз солиму бардам аст.
– Теъдоди набераву аберагони модарам қариб ба 70 нафар расидааст. Он кас соҳиби хотираи қавӣ мебошанд ва номи аксарияти набераву аберагонашонро фаромӯш накардаанд. Шояд дуоҳои неки модарам аст, ки кори ҳамаи мо – фарзандонашон бо муваффақият пеш меравад,– мегӯяд Ваҳҳобҷон Ашӯров.
Ҳамсуҳбати мо техникуми молияи шаҳри Душанберо хатм намудааст. Солҳои зиёд дар хоҷагии ҷамоавии “Ҳушёр” вазифаҳои гуногунро бар дӯш доштааст. Аввал сардори бригадаи картошкапарварӣ, баъд сардори шӯъба шуда кор кардааст. 
– Дар ихтиёри ман ҳоло се гектар боғ мавҷуд буда, солона аз он даромади хуб ба даст меорам. Панҷ нафар коргари доимӣ ва 15 нафар коргарони мавсимӣ машғули меҳнат мебошанд. Ниҳолҳои як қисмати ин боғро ба наздикӣ нав кардем. Зеро дарахтони себу нок ва зардолу пир шудаву аз ҳосил монданд. Аз шаҳри Андиҷон бо нархи қимат ниҳолҳои нисбатан калонро харида овардем. Ҳоло пеши ин ниҳолҳо ба ҳосил даромадааст,– мегӯяд В. Ашӯров.
– Далели ба боғпарварӣ руҷӯъ кардани як қатор хоҷагиҳои қаблан зироаткори ноҳияи Сӯх дар он мебошад, ки эҳтиёҷи дарахтонаш нисбат ба кишти сабзавот хеле камтар эҳсос мегардад. Барои обёрии кишти зироат оби бо насос кашидашуда бо навбат ба хоҷагиҳо тақсим карда мешавад. Қаблан зироати мо аз канале об мехӯрд, ки тавассути лӯлаҳои диаметрашон хеле калон ҷорӣ шуда меомад. Ҳоло ин лӯлаҳо дар қаламрави Қирғизистон мондааст ва марзбонони он намегузоранд, ки хоҷагиҳои фермерӣ истифода кунанд,– бо таассуф гуфт В. Ашӯров.
Дарвоқеъ, ҳама ҷо сабзу хуррам аст. Дарахтони пурмеваи боғро дида кас худро дар байни биҳишт ҳис мекунад, аммо намедонад, ки ин ҷо расонидани  оби обёрикунанда барои ин хоҷагиҳо то чӣ андоза мушкилиҳоро эҷод менамояд.
Ҳамин дам як мошини сафед аз роҳи калон тоб хӯрд ва рост ба тарафи мо омад. 
– Ба ҷиянам таъин карда будам, ки аз бозори деҳқонии маркази ноҳия бароям маҳсулоти лозимиро харида ояд. Ҳамсарам – Анорхон ба коргарон хӯроки чошт мепазад. Вай омӯзгор аст ва дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 13 кор мекард. Ҳоло ҳарду вақти худро бештар дар ин ҷойҳои салқину хушҳаво мегузаронем,– иброз дошт В. Ашӯров. 
Ману Ваҳҳобҷон болои кате нишастем, ки дар як тарафи лаби ҳавз гузоштаанд ва болои он чанд кӯрпача густурда шуда буд.
– Ман аз хурдӣ ба кишту парвариши зироат ва ниҳол шавқ доштам. Баъди таҳсил ба сифати иқтисодчӣ, муҳосиб чанд муддат дар дафтар нишаста кор кардам. Аммо дилам ҳамеша ба сӯи саҳро моил буд. Вақте ки сардори бригада таъин шудам, танҳо супориши болоро иҷро мекардем. Ғайр аз он ки ба картошкакорӣ машғул шавем, боз ба дӯши мо вазифаҳои дигарро низ мегузоштанд. Аз ҷумла, дар мавсими пахтачинӣ маҷбур мешудем, ки корҳои худро як сӯ гузошта, бо чанд тан аъзои бригада даҳрӯзӣ ба пахтачинӣ равем,– мегӯяд Ваҳҳобҷон.
Ба гуфтаи В. Ашӯров даромади солонааш аз ҳисоби ҳосили дарахтону кишти зироати байни он бештар аз чилу панҷ-панҷоҳ миллион сӯмро ташкил мекунад. Коргарони доимиву мавсимиаш низ ҳамеша аз вай хурсанданд.
Вай тазаккур дод, ки дар баъзе қисматҳои ноҳия баҳор хеле дер мерасад ва ҳатто моҳҳои апрелу май барфу борони шадид меборад. Чанд сол инҷониб вақти гули зардолу ҳаво сард шудаву як қисми ҳосили онро нобуд мекард. Хушбахтона, имсол ҳаво мусоид омад ва ҳосили дарахтони зардолуро дида ҳаваси кас бедор мешавад. Дар боғи вай навъҳои зардолуҳои мирсанҷалӣ, сӯфонӣ ва ҷойдорӣ парвариш меёбанд ва ҳоло коргарон ба чидани он машғуланд.
Зимни бозгашт дидам, ки дар як кунҷи боғ қуттиҳои зиёди пури зардолуро қатор чидаанд. Интизор меравад, ки он аллакай харидори худро пайдо кардааст ва аз лаззати он сокинони чанд шаҳру навоҳии дигар баҳраманд хоҳанд шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: