ДУОИ НЕКИ ВОЛИДОНАМ РАҲНАМОИ МАНАНД

Вақте доир ба мактабу таълим сухан меравад, гуфтаҳои пурҳикмати Сарвари давлат ба ёд мерасанд: «Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб, аз низоми таълиму тарбия оғоз меёбад».

Ман соли 2004 дар деҳаи зебоманзари Ӯхми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ба дунё омадаам. Банда низ мисли садҳо нафар ҳамсолонам аз хурдсолӣ ба пешаи омӯзгорӣ дар дили худ майлу ҳавас мепарваридам. Падарам  китобдори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46-уми деҳа мебошанд. Бародарам омӯзгори ҳамин мактаб аст. Аз ин рӯ,  метавон гуфт, ки дар ҳалқаи одамони бамаърифат, оилаи омӯзгор ба камол мерасам. Барои ин ба даргоҳи Худованд шукргузорӣ мекунам.
Дар мактаб аз сабақҳои устодони олиқадр Тӯймурод Махсадов, Холибек Йӯлдошев, Асалбой Икромов ва дигарон баҳраманд гаштаам. Бо роҳнамоии падарам Холбой Шомуродов баробари азхудкунии дарс,  китобҳои бадеӣ мутолиа мекардам, ки имрӯз ба ман ёрӣ мерасонанд. Соли сипаришуда ба  Донишгоҳи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнав (вилояти Сурхондарё) дохил шудам ва алҳол донишҷӯйи соли аввали он ҳастам.
Омӯзгорӣ  пешаи муборак  аст. Таълиму тарбияи насли наврас кори шарафнок ба шумор меравад. Инро хеле хуб дарк менамоям. Дар аснои таҳсил дар Донишгоҳ кӯшиш ба харҷ дода истодаам, ки хубу аъло хонам. Дар ҷумҳурии мо бо раҳнамоии Президент  барои таҳсилу кори  мо – ҷавонон, ҳамаи қулаиҳо фароҳам оварда шудааст. Президентамон қариб дар ҳар як маърӯзаи хеш таъкид менамоянд, ки бояд  бонувон ба таҳсил ва кор ҳар чӣ бештар фаро гирифта шаванд.  Гуфтаҳои эшон имрӯзҳо амалӣ мегарданд. Боғчаҳои бачагона торафт зиёд мешаванд. Аз синни хурдсолӣ ба таълиму тарбия таваҷҷуҳ нигаронида мешавад.  Ин водор месозад, ки ба халқу Ватан хидмат карданро дар дил аҳд намоям.
Ба устодонам ва волидонам сипос мегӯям, ки пандҳову дуои некашон ҳамеша раҳнамои мананд.

Сабина ДИЛМУРОДОВА,
донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнав.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: