ДУОИ ҲАМДИЁРОН МАРО БА ҒАЛАБА ҲИДОЯТ МЕКУНАД,

— мегӯяд муштзани касбӣ аз Чуст Муродҷон Аҳмадалиев

Муштзанони кишварамон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ, чемпионатҳои ҷаҳон бомуваффақият иштирок карда, аз шоҳсуфаи ғолибон ҷой гирифта, шарафи мамлакатамонро ҳимоя мекунанд. Алҳол чанд нафар бокси касбиро интихоб кардаанд. Яке аз онҳо муштзани боиқтидори чустӣ, дорандаи медали биринҷии олимпиадаи Рио-де-Жанейрои Бразилия дар соли 2016 Муродҷон Аҳмадалиев буда, ҳоло дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико истиқомат мекунад. Ӯ ба қарибӣ ба зодгоҳаш омада буд, мо ба вай бо чанд савол муроҷиат кардем.
– Фаъолияти шумо дар Амрико чӣ тавр идома дорад?
– Ҳоло дар Лас-Вегас истиқомат карда, рӯзе 8-10 соат дар машғулиятҳо иштирок мекунам. Машғулиятҳо басо душвор ва ҷолибанд. Оре, муштзании касбӣ чунин машқҳои пурмашаққату мунтазамро тақозо менамояд.
– То ҳозир дар мусобиқаҳои профессионалӣ чанд маротиба иштирок кардед ва ба чӣ гуна натиҷаҳо ноил гардидед?
– Дарҳақиқат, дар талоши баҳсҳои профессионалӣ натиҷаҳоям хурсандибахшанд. Алҳол 5 маротиба дар муҳорибаҳо иштирок кардам. Аз ин 4 маротиба аз болои рақибам бо нокаут ва як маротиба аз ҳисоби холҳо ғалаба кардам.
– Дар ҷанги панҷум, ки дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико баргузор гардид, рақибатон аз шумо аз рӯйи синну сол калон ва дар маҳорату  таҷриба пешгом буд. Чӣ тавр ғалабаро ба даст овардед?
– Бале, рақибам Карлос Карлсони 28-солаи мексикоӣ аз ман таҷрибаноктар буда, то ҳозир 28 бор ба ринг баромада,  23  маротиба ғалаба карда,  5 маротиба алами мағлубиятро чашидааст.
– Вале шумо дар ринг Карлос Карлсонро дар раунди сеюм ба нокаут дучор кардед. Ин чӣ тавр рух дод?
– Ҳамаи ин комёбиҳо, ки ба даст овардаем, меҳри дучанди Ватан ва дуои ҳамдиёронамон аст. Ҳар боре, ки ба зодгоҳам оям, албатта аз пиронсолон дуо мегирам.
– Ба қарибӣ дар мусобиқаи навбатии Суперлигаи мамлакат, ки дар варзишгоҳи марказии Намангон «Навбаҳор»  ва «Суғдиёна» (Ҷиззах) баргузор гардид, дар ҳалқаи беш аз 25 ҳазор нафар тамошобинон, ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоров шуморо бо ғалабаи навбатиатон муборакбод гуфт ва туҳфа супурд...
– Дарҳақиқат, ҳокими вилояти Намангон Хайрулло Бозоров баробари ҳама соҳаҳо ба варзиш низ эътибори зиёд зоҳир мекунад. Ҳар боре, ки ба зодгоҳам оям, маро даъват карда, бо комёбиҳоям муборакбод мегӯяд.
– Муҳорибаи навбатиатон бо кӣ хоҳад буд?
– Бо чемпиони ҷаҳон Даниэл Романи амрикоӣ.
– Барои суҳбат ташаккур.

Суҳбаторо
А.МУРОДОВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: