ДУРАХШИ РӮШАНИ СИТОРАИ САНЪАТ

Зикри хайр

Хуҷанди бостон, ки номҳои ифтихории “Тирози ҷаҳон”, “Арӯс-ал-мамолик”-ро гирифтааст, зебу зинати ҷаҳон, нигини олам буду ҳаст. Бале, Хуҷанд зеби дунёву дилҳост, ки дар қатори Самарқанду Бухоро забон, илму фарҳанг, мусиқӣ ва истеъдодҳои нотакрори халқи тоҷикро парвариш намудааст. 
Ин Хуҷандест, ки Ҳоҷӣ Юсуф, созандаи нахустин кураи арзро, ки то ин дам дар яке аз осорхонаҳои Самарқанд нигоҳдорӣ мешавад, Муҳаммад Собити Хуҷандӣ – асосгузори китобхонаи маъруфи Хуҷандиён дар Исфаҳон, Калмони Суғдӣ – ҳунарманд, реформатори ҳақиқӣ ва аслии театри нави Юнон, Тумурмалик, Хоҷа Камол, Маҳастии Хуҷандӣ, Насриддини Тӯсиро ба олам додааст. Тошхоҷа Асирӣ, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Яъқуббеки Бадавлати Тоҷик, Хоҷа Содирхон, Ҷӯрабек Муродов, Фарзона, Озарахш, Ҷӯрабек Набиев ва даҳҳо тани дигарро ба камол расондааст, ки номи ин куҳандиёрро машҳури ҷаҳон гардондаанд.
Метавон гуфт, ки ин рӯйхатро ҷавоне, ки чун ситорае дар осмони ҳунар дурахшиду дар айни моҳи маҷлиси аҳли дил шудан хомӯш гашт, давом дод. Ҷавоне, ки дар умри кӯтоҳи хеш ба қуллаи баланди эҷод расиду дурухши дигаргуна пайдо кард.
Шояд фитрати зотӣ ва рӯйдодҳои ҳаёт ӯро нерӯ дода ва боиси нуфузу шаъну шараф ва сабаби умри ҷовидона ёфтанаш шуд. Дил намехоҳад, ки ин истеъдоди нодирро дар “шумори бешуморон” шомил кунад, аммо...
Ошиқону шоироне мисли ман,
Дар шумори бешуморон 
мераванд...
Падару модар бо умедҳои зиёд ба ӯ номи Дамирбекро доданд. Бале, Дамирбеки Олим бо инояти Худо дар замини тоҷикон зуҳур кард ва бо кӯшишу ранҷи падар, устодони кордида ва заҳматҳои эҷодӣ сар ба фалак кашид. Дар фазои ҳунари тоҷик чун барқ дурахшид ва бо садоқат, истеъдоди баланд, таҳаммул, маърифату дидадароӣ, самимият ва садоқати поки хеш ба дилҳо равшаниву умед бахшид. Дардо, ки хеле барвақт ғуруб карду нақшаҳои наҷиб, истеъдод ва орзуҳои сапедашро барои ҳамеша бо худ бурд.
Бачагии Дамирбек низ чун кӯдакони дигари деҳа дар боғу дашт, пайи чорпову ҳезумҷамъкунӣ, ёрдам ба калонсолон ва паси партаи мактабҳо гузаштааст. Хонандаи хубхону боадаби дабистони Ғончӣ буд. 
Офтоби тақдир ба рӯйи ӯ хандид ва дари олами санъат ба рӯяш боз кард. Ин орзуи дерини падар буд ва дар ин олами рангин, хусусан дар паҳлӯи устоди санъати тоҷик – Ҷӯрбаек Муродов дидани писар барояш хуш буду гуворо. 
Бахт насибаш гашту Дамирбек ба назари устод афтод. Бо сурудани таронаи “Таманнои ту” аз санҷиш гузашт ва ба мактаби мусиқии Ҷӯрабек Муродов – ансамбли шашмақомсароёни “Нури Хуҷанд” шомил гардид. Ин қадамҳои аввалини Дамирбеки азиз буд. Дертар ӯ дар ансамбли “Садои Суғд” фаъолият кард. Ибтидои фаъолияташ бо сахтиҳо гузаштааст.
Истеъдод, дар ҳақиқат, атои Худост, ки ба ӯ низ дода буд. Дар натиҷаи меҳнати тӯлонии эҷодӣ муваффақ гашт, дили ҳазорон мухлисонро забт кард. 
Ростӣ, на ҳар мурғе, ки болу пар дорад, то ба фалак парвоз мекунад. 
Дамирбек дар ибтидо дар саҳнаи калон бо таронаи “Зулфони майда” баромад ва бо суруди “Дунё” маъруф гардид. Дар байни халқ бо садои махмалинаш ба зудӣ шуҳрат пайдо кард. Ин ҳунарманди маънисаро на танҳо дар Тоҷикистон, балки тадриҷан дар Ӯзбекистон, бахусус дар Самарқанду Бухоро, шуҳратёр мегашт. Сурудҳои “Барги хазон”, “Мавригӣ”, “Ҷон, бачаи хола”, “Дунё”, “Наёмадӣ”, “Зебои самарқандӣ”, “Омадӣ”, ки бо маҳорати баланди сарояндагӣ иҷро шудаанд, аз тарафи мухлисони ӯзбекистонӣ истиқболи гарм ёфтанд ва то ҳол ҷониби онҳо замзама мешаванд.
Бояд гуфт, ки бо дуову раҳнамоии устоди бузургаш, шаҳрванди ифтихории Самарқанду Бухоро – Ҷӯрабек Муродов Дамирбек дар саҳнаҳо ва базму сури ӯзбекистониён ҳунарнамоиҳо карда, ба шуҳраташ меафзуд. Ҳамасола “Овозхони сол” интихоб гашта, сазовори даҳҳо ҷоизаҳои муътабари минтақа шуданаш мухлисонашро шод мекард. Ва таассуф, ки соли 2021 “Тарона мюзик авард” охирин ҷоизааш шуд. 
Дамирбек аз камёбтарин сарояндагони ҷавон буд, ки ҳам дар жанри Шашмақом ва ҳам эстрада маҳорати волои иҷро дошт ва ин ду шохаи бузурги овозхонӣ: суннатӣ ва муосирро ба ҳам бо назокат омехт.
Бояд гуфт, ки шумораи шашмақомхонон байни ҷавонон кам аст. Зеро он овози махсус ва ранҷи рӯзафзун ва сабурии хос мехоҳад. Худ боре гуфта будааст: “Санъаткор мешавам ва кирои шудан, санъаткори хуб мешавам”. Ба ин ҳадафаш расид ва сазовори нишони “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” ва соҳиби медали “Хидмати шоиста” гардид.
Ӯ матнҳоеро интихоб мекард, ки бештар ҷанбаҳои иҷтимоиву фалсафӣ, фарҳангиву ахлоқӣ, ошиқона доштанд. Аммо сад дареғ...
Инсон ва ҳунарпешае моро падруд гуфт, ки некрой, хоксор, хушгуфтору хушрафтор ва самимӣ буд. Ҷавоне заҳматписанд, бурдбор, доно, маънирас ва ошиқи касби хеш созҳояшро дар мехи девори хона овехту рафт...
Вале савту сурудҳои ҷаззобаш мегӯянд, ки «На, Дамирбек Олимов бо шумост»...

Амина ШАРОФИДДИНОВА,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: