“ДУРДОНАИ ШАРҚ” – МАҶАЛЛАИ АДАБӢ, ИЛМӢ ВА ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОНИ ӮЗБЕКИСТОН

Дар Китобхонаи марказии ба номи Пушкини шаҳри Самарқанд ҷамъомади навбатии шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд баргузор гардид.

Чорабиниро сарвари шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Т.Тугалов ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Сипас, роҳбари шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Асадулло Шукуров доир ба корҳои анҷомдодаи шуъба  маълумот дод:
– Давраи нави зиндагӣ ва эҷод дар Ӯзбекистон фаро расид. Дӯстии халқҳо ва ҳамҷиҳативу ҳамдилӣ асоси Ӯзбекистони нав гардид. Сарҳадҳо боз шуданд. Бахусус, дӯстии азалии ӯзбекону тоҷикон барқарор шуд. Мардумони мо, аз ҷумла, шоиру нависандагон ва аҳли илму фарҳанги Самарқанд аз ин сиёсати хирадмандонаи Президенти муҳтарамамон шоду мамнунанд, ки дар эҷоди онҳо шукрона бар Ватани ободу озод ва тараннуми дӯстӣ ба назар мерасад. 
Аз падидаҳои Ӯзбекистони Нав аст, ки шуъбаи тоҷикии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон 30-юми июни соли 2021 дар Самарқанд фаъолияти худро оғоз кард. 
Дар як муддати кӯтоҳ корҳои зиёде ба роҳ монда шуданд. Чандин анҷуманҳои адабӣ-фарҳангӣ гузаронида шуданд. Зиёда аз 50 номгӯй китобҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ рӯйи чопро диданд.
Хонаи эҷодии табъу нашри “Маҳорат” ташкил гардид.
Инак, дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол бори нахуст маҷаллаи адабию илмӣ ва фарҳангие бо забони тоҷикӣ таҳти номи “Дурдонаи Шарқ” нашр мешавад. Рӯшанфикрони диёрамон солҳои зиёд ин орзуро дар дил мепарвариданд. 
Нақшаҳо зиёданд. Мо қарор додем, ки алҳол мувофиқи имконоти худ маҷалларо ҳамчун фаслнома, яъне соле ҷаҳор маротиба чоп кунем. Дар саҳифаҳои маҷаллаамон беҳтарин осори илмиву адабии эҷодкорони кишварамон ва шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон ҷой мегирад. Барои навқаламон саҳифаҳои алоҳида ҷудо карда мешаванд. 
Ҳамчунин, ба узвияти Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон қабул намудани эҷодкорони ҷавони умедбахш мақсади асосии мост. Дар назди худ мақсад гузоштаем, ки дар Самарқанд Музейи адабиётро ташкил намоем, – таъкид намуд Асдулло Шукуров.
Дар чорабинӣ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов, раиси Маркази миллии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд Акбар Маҳмудов, профессорону устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ ва Аслиддин Қамарзода перомуни нашрияи нав изҳори ақида карданд. 

Асалой 
САРХАТЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: