ДУРНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ-ИҶТИМОӢ

Таҳлил ва баррасии ҷабҳаҳои асосӣ

Таҳлил ва баррасии ҷабҳаҳои асосӣ
Дар қаламрави вилояти Ҷиззах ҳоло 3275-то корхонаи саноатӣ арзи вуҷуд дорад. Саноати дорусозӣ дар вилоят торафт рушд мекунад. 
Саҳми саноат 37,5 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулотро ташкил медиҳад. Истеҳсоли нахи калоба (калобаресӣ) қариб дар ҳамаи ноҳияҳое, ки ба кишт ва парвариши пахта ихтисос ёфтаанд, як ё ду корхонаи калобаресӣ ҳаст. Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар ноҳияи Зафаробод нисбатан хуб мебошад. Айни замон барои амалӣ гардондани лоиҳаҳо, ба монанди рангубор ва истеҳсоли матоъи гуногун, сарулибоси хушсифат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар вилоят тайёр кардани меваву сабзавот дар қиёси қаламрави ҷумҳурӣ бад нест. Зеро мувофиқи дастур ва қарори Сарвари давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ ноҳияҳои Бахмал, Зомин ва Янгиобод ба тайёр намудани меваву сабзавот ихтисос ёфтааст. Аммо азнавкоркарди он қаноатбахш нест. Нишондиҳандаҳо хеле пастанд.
Дар вилоят 310 гектар замин маҳз барои инкишоф додани соҳаи чорвопарварӣ ҷудо карда шудааст. Нишондиҳандаҳо собит менамоянд, ки азнавкоркарди гӯшту шир ҳам хуб нест, ҳамагӣ 0,1–0,3 фоиз.
Ба наздикӣ дар меҳмонхонаи «Ӯзбекистон»-и шаҳри Ҷиззах ҳокимони ҳамаи ноҳияҳо ва муовинони аввали онҳо, ходимони соҳаи андоз, кадастр, рӯзноманигорон ҷамъ омаданд. Ин ҷамъомад таҳти сарварии раиси Палатаи савдову саноати ҷумҳурӣ Адҳам Икромов шуда гузашт. Мавсуф дар хусуси роҳҳои асосии инкишоф додани салоҳияти иқтисодии вилоят ҳарф зад. 
– Ҷиззах метавонад бо сайёҳӣ, доман густурдани ҷангал, кластери пахтаву чорво дар як муддати кӯтоҳ тараққӣ ёбад, – гуфт Адҳам Икромов. – Барои ба ин ҳадафҳо ноил гардидан мо бояд ҳамқадами замон бошем ва ба бозори ҷаҳон роҳ ёбем. 
Дар ҷамъомаде, ки ба дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилоят бахшида шуд, муовини аввали ҳокими вилоят Нодир Раҷабов ҷабҳаҳои асосиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод.
– Солҳои охир эҳтиёҷи аҳолӣ нисбат ба масолеҳи бинокорӣ зиёд аст. Дар конҳои ҳудуди вилоят захираи калони оҳак, семент, мармар, регу қум, базалт, барит мавҷуд аст, – гуфт Нодир Раҷабов.
Бинобар ин корхона ва заводҳои истеҳсоли семент, базалт ва ғайра кайҳо ба фаъолият шурӯъ намудаанд ва бо иқтидори пурра кор мекунанд. Дар ҳоле ки ба сайёҳӣ эътибори асосӣ нигаронида шудааст, дар қаламрави вилоят якчанд маҷмӯи сайёҳӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Маҷмӯи сайёҳии «Зомин» яке аз онҳост. Ин минтақа бо табиати зебо ва манзараҳои рангинаш кайҳост, ки дили одамонро тасхир намудааст. Маҳаллаи «Дуоба»-и ноҳияи Зомин, «Музбулоқ»-и но-ҳияи Бахмал ва «Ухум»-и ноҳияи Фориш аз қатори қишлоқҳои сайёҳӣ ҷой хоҳад гирифт.
Имрӯзҳо барои коҳиш додани шумораи оила ва одамоне, ки ба «Дафтари оҳанин» ворид гардидаанд (аз рӯйи маълумотҳо ин оилаҳо дар вилоят 16746 тоанд), корҳо ба анҷом мерасанд.
Дар ҷамъомад роҳбари Иттиҳодияи ҳунарманди ҷумҳурӣ Улуғбек Абдуллоев, ҳокимони ноҳияҳои Шароф Рашидов Маҳмуд Холбӯтаев ва Фориш Абдувалӣ Мустанов баҳри пешрафти корҳо таклиф ва пешниҳодоти худро ба миён гузоштанд.
Рӯзи дигар рӯзноманигорон аз корхонаҳои калонтарини вилоят дидан ба амал оварда, бо ҷараёни истеҳсолот аз наздик шинос гардиданд.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: