ДУРНАМОИ ҲАМКОРӢ МУҲОКИМА ШУД

Бо сардории муовини Раиси Палатаи намояндагони парлумони Ҷумҳурии Индонезия Раҳмат Гобел ҳайат дар мамлакати мо ҳузур дорад.

Бо сардории муовини Раиси Палатаи намояндагони парлумони Ҷумҳурии Индонезия Раҳмат Гобел ҳайат дар мамлакати мо ҳузур дорад. 17 май мулоқоти Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо аъзои ин ҳайат ба амал омад.
Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки солҳои охир ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Индонезия дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи робитаҳои байнипарлумонӣ ривоҷ меёбанд. Аммо, натиҷаҳои бадастомада ба имкониятҳои ду кишвар мувофиқат намекунанд. Дар ин робита таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи муносибатҳо барои кишварҳо ва халқҳои мо ба андозаи баробар судманд хоҳад буд.
Ноиби раиси парлумони Индонезия ба ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, баҳои баланд дода, қайд кард: «Мо дидем, ки чӣ гуна корҳои азим таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва омӯхтани дини ислом, инчунин мероси бойи фарҳангӣ ба амал бароварда мешаванд”. 
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҳам Ӯзбекистон ва ҳам Индонезия аз захираҳои табиӣ бойанд ва рушди ҳамкорӣ дар ин самт натиҷаҳои хуб хоҳад овард. Зарурати афзоиши гардиши савдои мутақобила, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, алалхусус, сайёҳии зиёратӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарии ду кишвар, аз ҷумла ҳавасмандгардонии лоиҳаҳои таълимӣ ва табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, омӯзиши забонҳои ӯзбекӣ ва индонезӣ дар муассисаҳои таълимии ду кишвар, фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, тиб, сайёҳии зиёратӣ ва дигар соҳаҳо манфиатдорӣ изҳор намуданд.
Иқтидори бузурги ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси муштарак дар самтҳои афзалиятноки ду кишвар қайд гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Индонезия оид ба ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нассоҷӣ, саноати кимиё, дорусозӣ, туризм, фарҳанг, маориф, баробарии гендерӣ ва ғайра таъкид карданд.
Аҳамияти муҳими таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ қайд карда шуд. Ҷонибҳо омодагии худро барои табодули мунтазами ташрифҳо дар сатҳҳои гуногун тасдиқ намуда, аҳамияти муколамаи доимӣ, инчунин робитаҳои кумитаҳои соҳавии палатаҳои парлумонҳои Ӯзбекистон ва Индонезияро таъкид карданд.
Аъзои ҳайати Индонезия инчунин бо роҳбарияти ҶС “Ӯзкимиёсаноат”, ҶММ “Ӯзкимёимпекс” ва корхонаи нуриҳои калийдори Деҳқонобод мулоқот карданд. 

Саидмурод РАҲИМОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: