ДУРУД

ПАРИСО

ПАРИСО

ДУРУД

Дуруди ишқ маро бифристӣ,
Бо нахустин гомҳои баҳор,
Бо нахустин кушоиши муҳри 
лабҳои ҳазор...
Аз дурудат нафаси нур биёяд!

Сабаде ранги сапеда аз найи ҳар 
нафасам мебофам,
Ва пар аз бод бигирам,
Бупарам сӯйи умед,
рӯ ба кӯҳсори сапед.
Мезанам равзанаҳои бастаи ғунча ба лаб,
То дари ҳусн кушояд.

Бубин, аз хандаи ман
Шаршараҳо мепӯянд
роҳи баҳор.
Ва бишӯянд зи рухсораи харсанги 
ба ғам олуда
Гилу ғашҳои сиёҳи сармо,
То рухи поки варо
Боз ҷило орояд.

Риштаи печаки заррин
Ба сурохии ин сӯзани хор андозам,
Ва аз ин махмали сабзинагиёҳ
Бар танам пироҳан медузам.
Хирқаи дард ба ҷисми шаби тор андозам,
То ки бар чашм дигар нанмояд.

Як-як аз зинаи рангинкамон
Сӯйи само биштобам
Баҳри исторачинӣ,
То ки андар иди рангафшони ҳиндувон
Ранги истора фишонам ба дили шайдоён,
То ки аз панҷараи бози само,
баски айвони Худост,
Заврақи нур фарояд,
Ки замираш зи тааҷҷуби париён рӯшан,
Саҳнаш обист зи покии малакҳои фазост.
Заврақи нур фарояд...!


Меҳмон (НАРЗИҚУЛОВ)

БО ДУОИ РӮДАКӢ

Бӯйи ёри ноаён ояд ҳаме,
Бӯйи сунбул бенишон ояд ҳаме.

Аз диёри Панҷакенти бостон,
Атри нопайдо ниҳон ояд ҳаме.

Бар машоми Оли Сомони замон,
“Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме”.

То Бухорои шариф аз Каҳкашон,
Шоҳ бо асбаш давон ояд ҳаме.

Бӯйи ҳар як шеъру ҳикматҳои ӯ,
З-асри нӯҳ то ин замон ояд ҳаме.

Рӯйи саҳфа бо дуои Рӯдакӣ,
Байтаке аз Меҳмон ояд ҳаме. 

ХОҶА

БОНГИ МУРҒИ САПЕДАДАМ

Мурғи сапедадам
бо бонги субҳхез,
бар аҳли хуфта медиҳад пайк аз
 сапедадам,
в-аз хоби сангин халқро бедор мекунад,
гӯӣ, ки ин шеъри маро такрор мекунад:
Дар рӯзи растахез,
Ҳон! Хуфтагони олами шеъру ҷаҳони ишқ,
дар маърази гӯшу дили пур 
аз зуломи зарқ,
Бонги каломам мерасад ҳамчун 
хурӯши раъд,
Тири шиорам мепарад ҳамчун 
ҷаҳиши барқ!…

 

ДАРАХТИ ТЕЛЕФОН
Модаркалон ба гулҳои рангорангу дарахтони сарсабзи рӯйи ҳавлӣ нигариста, шеър мехонд:
Фасли Наврӯз омаду гул бо ҷамоли 
нозанин,
Ҳар гиёҳе сар барорад, 
баъди Наврӯз аз замин.
Лек тухми одамӣ ҳаргиз насабзид 
аз замин...
– Ҳа, бачем, – оҳи бадард кашид модаркалон. – Ҳар чизеро, ки ба замин корӣ, месабзад, ҳосил медиҳад...
– Онаҷон, гапатон рост аст? – соддалавҳона пурсид Шукрона.
– Ҳа, ғайр аз одам ҳама чизеро, ки ба замин хокпӯш кунӣ, мерӯяд.
Пас аз як рӯз хоҳараш пойпӯши навашро мекофту бародараш телефонашро. 
– Шукрона, ту пойпӯши маро надидӣ? – пурсид хоҳараш.
– Ҳозир ба чизҳои коридаам об додам, – гуфт Шукрона бепарвоёна. – Камтар сабр кунед, дар ҳавлиамон дарахти телефон ва пойпӯш мерӯяд!

Дилрабо НАСИМӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: