ДӮСТ – «ДАР ЛИБОСИ САФЕД»

Намак аз дӯстҳои мо – «дар либоси сафед» мебошад.

Дар асрҳои миёна он чунон ноёфт будааст, ки ҳатто «тиллои сафед» мегуфтаанд.
Қадимтарин маҳалли истеҳсолкунандаи намак соҳилҳои баҳри Сиёҳи ба Булғория ҳамҳудуд эътироф шудааст. Аз ибтидои асри VI  пеш аз милод ин ҷо калонтарин маркази истеҳсолгари намак ҳисоб меёфт.
Баъдтар одамон дар болои ин неъмати мӯъҷизанок, ки бе он таоме пухтан ё хӯрдание омода сохтан имконнопазир, тадқиқотҳо  бурданд. Бисёр сирҳои вобаста ба намак ошкор гашт.
Тавре аниқ гардид, меъёри рӯзонаи намаки ош (хлориди натрий, Na CI) ба организми инсон 5 граммро ташкил менамояд. Аммо назар ба рақамҳое, ки ташкилотҳои байналхалқӣ эълон кардаанд, одамони замони ҳозира дар як шабонарӯз то 10 грамм намак истеъмол менамоянд.
Танҳо 6 фоизи намакҳое, ки дар рӯи замин ҳастанд, мавриди истеъмоланд. 17 фоизи он барои нигоҳ доштани ҳолати ях дар майдонҳои яхмолакбозӣ, ҳамчунин рӯзҳои зимистон барои ба кӯчаҳои яхбаста пошидан кор фармуда мешаванд.
Бе намак чӣ қадар зиндагӣ кардан мумкин?
Назар ба фикри олимон, ба парҳези таомҳое, ки бидуни намак тайёр карда шудаанд, одамон то 10-11 рӯз тоқат карданашон мумкин. Ба гӯшт ва дигар маҳсулот барои он ки ҳолати худро зуд вайрон накунанд, намак мезанем. Намак 10-15 фоизи ҳолати пӯсиши маҳсулотро бартараф месозад.
Ҷуз ин намак дар организми инсон низ вазифаҳо дорад. Хусусан, иони хлор дар намак яке аз моддаҳои асосии истеҳсолгари кислотаи шӯр мебошад. Ин кислота қисми муҳиму таркибии шираи меъда дар организми инсон аст.
Боз, ионҳои натрийи намак дар якҷоягӣ бо ионҳои элементҳои дигар дар фиристодани импулсҳои асаб, камшавии пайҳои мушак  иштирок менамоянд. Дар натиҷаи нарасидани намак ҳолатҳои каммадорӣ, зуд асабонӣ шудан, рӯҳафтодагӣ ба вуқӯъ меоянд.
Назар ба фикри мутахассисон, дар натиҷаи ба таври лозимӣ намакро қабул насохтани организмҳо бофтаҳои устухон ва мушак аз фаъолият бозмонда, ҳолатҳои ҳазми таом вайрон мегардад. Сардардӣ, чарх задани сар, беҳузур шудани дил аввалин нишонаҳои нарасидани намак дар организм аст.
Вале намак аз меъёр зиёд истеъмол шавад, ба заҳр табдил меёбад. Шахс агар 80 кг. вазн дошта бошад, рӯзе 240 грамм намак истеъмол кунад, ба марг рӯ ба рӯ мегардад.
Тавсия ёфтани намакҳои йодкунондашуда ба ҳамаи мо маълум. Вале дуруст истеъмол сохтани ин навъ намакро на ҳама медонад. Баъди чанд моҳи истеҳсоли намаки йодкунондашуда таъсири онҳо кам шуда меравад. Барои ҳамин намаки лозимиро харидан, онро зиёд нигоҳ надоштан  тавсия мегардад.

Санам ӮТКИРОВА,
шифокор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: