«ДӮСТ ОН БОШАД, КИ ГИРАД ДАСТИ ДӮСТ...»

Ба сокинони маҳаллаи Эгизбулоқи ноҳияи Фориш, ки аз офати табиӣ осеб дидаанд, аз гӯшаву канори кишвар дасти кӯмак дароз мекунанд.

Аз таъсири боду борони пуршиддат дар чандин маҳали наздикӯҳӣ хонаҳо вайрон шуда, одамон бесарпаноҳ монданд.
Рӯзи бистуми апрели соли ҷорӣ дар маҳаллаи Эгизбулоқи ноҳияи Фориш борони сахт борид. Дар натиҷа обҳои панҷ ҷӯю сойча як шуда, аз сойи мобайни маҳалла ҷорӣ шуд. Ҷараёни тези об хонаҳоро шуста бурд.
Мувофиқи маълумотҳо, мутаассифона чор нафарро об бурд, аз 260 хонаи бошандагони ин маҳалла 63 тояш аз асари обхезӣ батамом вайрон гардида, зери об мондааст. То ин вақт аҳолӣ аз ҳар деҳу маҳал барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ  ба офатзадагон дасти мадад дароз менамоянд. Садҳо тан аз кормандони Садорати вазъиятҳои фавқулодда, сӣ нафар ходимони шуъбаи ободонии ноҳия, даҳҳо нафар хидматчиёни Гвардияи  миллӣ дар ин ҷо баҳри бартараф сохтани оқибатҳои обхезӣ меҳнат мекунанд.
Дар ҷои сойи ҳозираи маҳалла сохтани канали обро ба нақша гирифтанд. Ин канал чор километр дарозӣ,  чил метр бар хоҳад дошт.
Айни замон беш аз 43 дона сутунчӯб ва баробар ба ҳамин миқдор сутунҳои оҳану бетонӣ иваз карда шуд. Се пункти трансформатор нав гардид. Қариб ба  ҳафт километр масофа аз сари нав хати электр кашида шуд.
Имрӯзҳо на танҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилоят,  балки аз гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корвони мошинҳо ба  ин ҷо маҳсулоти мавриди ниёз: хӯрокворӣ, сарулибос, ашёҳои рӯзгор ва сохтмон мекашонанд. Аз ҷумла, фирмаи «Omad star»-и шаҳри Тошканд се мошин маҳсулоти сохтмон овард. Аз вилояти Сирдарё ҳам ба ҳамин миқдор маводи хӯрок ва кӯрпаву болин  оварда шуд. Маъмурияти ҳокимияти ноҳия ва мардуми осебдида ба ин кӯмаку дастгирӣ миннатдорӣ изҳор намуданд. Халқи мо ҳангоми ба сари ҳамсоя ва ҳаммаҳали худ ягон мусибат расидан ҳеҷ гоҳ дар канор намондааст. Бузургон хеле хуб фармудаанд, ки: 
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: