«ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР...»

Вақте сухан аз дӯстию ҳамбастагии халқу миллатҳо меравад, аҳли қалам дар матбуот ва баромадҳои хеш барои тақвияти фикр гоҳо як байти Мавлавии Балхии Румиро ба забон мегиранд, ки ин аст:

Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.

Ба фикрам, ин байт бо назардошти рисолати инсонӣ дар назди ҷомеа гуфта шудааст. Яъне «мо»-и Ҷалолуддини Румӣ «мо»-и  инсони комил ё инсони шоир аст.
Воқеан, инсонҳои комил ваҳдатхоҳанд. Онҳо аз таҳти дил ваҳдати миллати худ ва халқҳои ҷаҳонро мехоҳанд. Зеро дар татбиқи орзуҳои неку наҷиби инсонӣ ваҳдату ягонагӣ қудрати шикастнопазир аст, ҷомеаро аз вартаи ҳалокату пасмондагии моддиву маънавӣ берун мекашад.
Чунин ба назар мерасад, ки сарвари мамлакати мо Шавкат Мирзиёев на барои фасл кардани халқҳои дунё, балки барои васл кардани онҳо ба дунё омадааст.
Бо ташаббусу ибтикороти созандаи ӯ ва дастгирии сарони давлатҳои ҳамсоя дар марзи дили қавмҳои минтақа ниҳоли дӯстӣ ва қаробату ҳамбастагии азаливу абадӣ реша медавонад.
Сафарҳои давлатии ӯ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳаллу фасли бисёр масъалаву муаммоҳои ғуншуда мусоидат намуданд. Боз шудани дари гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва роҳандозии раводиди (виза) якмоҳа ба дили ҳалқҳои дар зулмати яъсу навмедӣ мондаи минтақа, аз ҷумла халқҳои тоҷику ӯзбек, нури шодиву хурсандӣ ва умед ба ояндаи нек ворид намуд.
Суханони ӯ: «Ин қадамҳо дар марзи дӯстиву ҳамбастагии халқҳои мо иқдомҳои нахустинанд. Мо ҳоло бисёр ба ҳам наздик хоҳем шуд» аз хоҳишу орзуи халқҳои ӯзбеку тоҷик, қазоқу туркман, қирғизу қароқалпоқ ва дигар халқҳо маншаъ гирифтаанд.
Чанде қабл дар пойтахт бо иштироки фарҳангиёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси маркази фарҳанги миллии ӯзбекони вилояти Суғд Илҳом Юсуфов, сармуҳаррири маҷаллаи «Шарқнома», шоир Ҷамшед Пиримов, сармуҳаррири телевизиони ГТВ, ҷонишини раиси маркази фарҳанги миллии ӯзбекони вилояти Суғд Муродҷон Вайдуллоев, фаъолони маркази фарҳанги миллии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ходимони рӯзномаи «Овози тоҷик», намояндагони марказҳои фарҳанги миллии рус, белорус, қазоқ, қирғиз, туркман ва дигар қавмҳои маскуни Ӯзбекистон таҳти мавзӯи «Ӯзбекистону Тоҷикистон – рӯ ҷониби ҳамкориҳои нави истиқболнок» мулоқоти ошкоро ба вуқӯъ пайваст.
Меҳмонони тоҷикистонӣ, пас аз салому паём ва сипосгузорӣ ба иқдомҳои созандаи сарони ду давлат, бино бар дархости мизбонон аз дастовардҳои худ дар ҷодаи худшиносӣ ва тарғибу тарвиҷи фарҳанги миллӣ сухан ба миён оварданд.
– Дӯстию ҳамбастагии халқҳои тоҷику ӯзбек аз замонҳои хеле қадим маншаъ мегирад. Воқеан, мо – тоҷикону ӯзбекон ду сатри як шоҳбайт ва як халқи бо ду забон ҳарфзанандаем. Дар вилояти Суғди Тоҷикистон бисёр ӯзбекон умр ба сар мебаранд, – гуфт раиси маркази фарҳанги ӯзбекони вилояти Суғд Илҳом Юсуфов. – Кору фаъолияти маркази мо ба таҳким бахшидани дӯстии халқҳо, баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, эҳёи беҳтарин урфу одатҳо ва таъмини ниёзҳои маънавии ӯзбекони вилоят нигаронида шудааст. Дар чорабиниҳои фарҳангии мо намояндагони дигар миллатҳо низ ширкат меҷӯянд.
Аз сафари давлатӣ ва таърихии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, 9-10 марти соли равон, мо тоҷикистониён хеле мамнун шудем. Мардум тавассути телевизион нутқи сарони ду давлатро шунида ашки шодӣ рехтанд. Худоро шукр, ки дӯстиву бародарӣ оқибат пирӯз омад. Бо саъю кӯшиши фаъолони маркази фарҳанги миллии ӯзбекони вилоят маҷаллаи «Шарқнома» ва як рӯзнома рӯйи чопро мебинанд.
– Дар маҷаллаи «Шарқнома» асосан маҳсули хомаи адибони ӯзбеки вилоят ва Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши алоқамандони каломи бадеъ магардад, – изҳор дошт сармуҳаррири маҷалла Ҷамшед Пиримов. – Мо тавассути тарҷума, ба тарғибу ташвиқи беҳтарин осори шоиру нависандагони муосири тоҷик низ саҳм мегузорем. Намунаҳои эҷоди онҳо тавассути маҷалла ба дасти хонандагони ӯзбек мерасад. Дар вилоят беш аз 100 нафар адиби ҷавону варзида ба рушди адабиёти ӯзбек саҳм мегузоранд.
– Дар вилояти Суғд нуқтаҳои фарҳангие, ки ниёзи маънавии халқамонро қонеъ мегардонанд, кам нестанд, – ба сухан ҳамроҳ шуд сармуҳаррири телевизиони ГТВ, ҷонишини раиси маркази фарҳанги миллии ӯзбекони вилояти Суғд Муродҷон Вайдуллоев. – Театри мусиқии ӯзбеки ба номи Шукур Бурҳонови Нов, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонию олӣ, маҷаллаву рӯзномаҳои гуногун аз он ҷумлаанд. Аз ҷониби марказ санаҳои муҳими зодрӯзи адибони ӯзбекзабон ба таври васеъ ҷашн гирифта мешаванд, ки ин ҳам то ҷое ба тарғибу ташвиқи адабиёт ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд. Чанде қабл мо 70-солагии шоири ширинкалом Ҷамшед Пиримовро ҷашн гирифтаем.
Дар Тоҷикистон эътибор ба забон, фарҳанг, адабиёт ва урфу одатҳои ақаллиятҳои миллӣ зиёд аст,  ҳуқуқи ягон миллат поймол карда намешавад... 
Дар рафти мулоқот табодули афкор ба амал омад. Раиси маркази фарҳанги миллии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, аъзоёни марказ, кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик», омӯзгори собиқадор аз вилояти Навоӣ Узоқбой Муродов ва дигарон доир ба дӯстиву қаробати халқҳои ӯзбеку тоҷик, робитаҳои фарҳангии ду халқ, шароите, ки дар Ӯзбекистон барои рушду нумӯъи забон, адабиёт, фарҳанг, мактабу маорифи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла тоҷикон,  фароҳам оварда шудаанд, ҳарф заданд.
Меҳмонон дар рафти мулоқот чанд шумораи маҷаллаи «Шарқнома»-ро ба ходимони «Овози тоҷик» армуғон карданд. Тавассути яке аз шумораҳои он (№2, соли 2014) табрики доктори илмҳои филологӣ, профессор Атахон Сайфуллоев ба муносибати таъсисёбии маҷалла, шеърҳои шоири шинохтаи ӯзбек, барандаи ордени «Дӯстӣ», лауреати мукофоти ба номи Лоҳутӣ, вассофи дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик Ӯлмас Ҷамол, ҳикояи нависандаи бузурги қирғиз Чингиз Айтматов – «Себи сурх», шеърҳои шоираи ӯзбеки тоҷикистонӣ, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Зулфия Бобоева, қиссаи  «Асираи қасри сиёҳ»-и Ҳабиб Темиров, шеърҳои Авлиёхон Эшон, ҳикояи Гулчеҳра Сотиболдиева — «Роҳи дарози армон», асари ёддоштии Атахон Сайфуллоев «Зиёрати устод» (дар бораи академик Бобоҷон Ғафуров), силсилашеърҳои шоири ӯзбек Дилмурод, шеърҳои шоири классики туркман – Махтумқулӣ, шеърҳои Эралӣ Ҷиян, мақолаи Сардор Маҳмуд – «Ғазнавиён ва бувайҳиён», эссеи Ҳаким Зокир (Сафарнома) – «Дил аз дил об хӯрад», мақолаи дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров Эралӣ Шералиев – «Номҳои халқ, уруқ ва қабила дар «Девони луғатит-турк», ҳикояҳои ҳаҷвии нависандаи тоҷик Ҳоҷӣ Содиқ дар тарҷумаи Абдулҳамид Ҷӯраев ва дигар маводи хонданӣ ба дасти хонанда расидаанд.
Дар муқоваи маҷалла акси рангаи шоири бузурги ӯзбек Абдулҳамид Чӯлпон, иқтибос аз гуфтаҳои ӯ, аксҳои Атахон Сайфуллоев, Гулчеҳра Сотиболдиева ва Ӯлмас Ҷамол ба назар мерасанд.
Дар ибтидои қарни XX шоир Абдулҳамид Чӯлпон гуфта будааст: «Адабиёт зинда бошад, миллат зинда аст».
Аҳсант ба аҳли фарҳангу адаби ӯзбеки Тоҷикистон, ки барои зинда нигоҳ доштани адабиёт ва миллати худ ҷоннисориҳо мекунанд. 
Халқҳои ӯзбеку тоҷик мақоли пурҳикмате доранд, ки ин аст: «Меҳр кӯзда» – «Меҳр дар чашм». Рафту омад ва мулоқотҳои судбахш, бешубҳа, ба қаробат ва ғановати маънавии халқҳои мо хидмат мекунанд.

А. СУБҲОНОВ, хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: