ДӮСТДОРИ ЗАБОН БОШЕМ!

Ба дарду андӯҳи сармуҳаррир ва кормандони минбари ягонаи розу ниёзи тоҷикон ва «тоҷикзабонон»-и ҷумҳурӣ «Овози тоҷик« мувофиқем.

Ин дарду бехобиҳо танҳо хоси дастандаркорони «Овози тоҷик « нест, балки нангу  номуси ҳар як фарди тоҷик бояд бошад. Тавре ки зикр шуд, «Овози тоҷик«  минбари  ягонаест  дар  миқёси  ҷумҳурӣ ба забони  модарии  мо – тоҷикӣ.  Ба забоне, ки  ба аҳли башар нобиғагоне  чун Рӯдакию  Сино,  Берунию  Хайём,  Фирдавсию  Саъдиву  Ҳофиз, Айнию Сотим  Улуғзода  ва  ҳазорон нафарони дигарро парварида, бо нури дурахшони  маърифати онҳо роҳи зиндагии миллионҳо нафар мардуми дунёро  мунаввар  намудааст.                                                                                                                                                         
Имрӯз мо дар замони ҷаҳонишавӣ  зиндагӣ  дорем. Зиндагӣ бо суръат пеш  меравад. Инсон низ  ҳамеша  дар камолот  аст ва чун аз ин раванди камолот ақиб  монд, хоҳу нохоҳ  мавқеи  инсонии худро гум  мекунад. Манбаи  асосии   худшиносӣ, забони модарӣ  будааст ва ҳамчунин боқӣ хоҳад монд. Маҳз туфайли  забон  мо фикр  мекунем, шуур  ва  маърифатамон ташаккул меёбад, ҷаҳонбиниамон васеъ мешавад. Аз  ин  рӯ  забони  модарӣ рӯҳи миллат аст. Он  манбаи  фазилатҳои  нек  ва эҳсосоти  волои ҳар  як соҳибмиллат мебошад. Забони тоҷикӣ тайи  ҳазорсолаҳо ин  вазифаи муқаддасро сарбаландона  иҷро кардааст.
Имрӯз чӣ?  Имрӯз  ин раванд дар кадом вазъ мебошад? Оё  мо –  соҳибзабонҳо покию латофат, мавқеъ  ва манзалати забони  модариро, ки бо аллаю афсонагӯиҳои модару модаркалонҳоямон  дар шуури мо ҷой гирифта, дар мағз-мағзи устухонамон мустаҳкам реша давондааст, пос медорем? Оё мо забони  модариро  ҳурмату эҳтиром намуда, дар пешрафти он саҳмгузорем? Барои ҷавоб ба  ин суол дар шигифтам, посух надорам. Посухи онро  ба  соҳибзабонон  вомегузорем. Имрӯз   ҷомеаи ҷаҳонӣ  бо суръат пеш меравад. Вобаста ба ин раванд, забонҳо низ такомул  меёбанд. Калима  ва ибораҳои нав пайдо ва ба  таркиби  луғавии забонҳо ворид мегарданд. Таркиби   луғавии он ғанӣ гардида, робитааш ба забонҳои дигар мустаҳкам мешавад.  Чун забоне аз ин раванд  дар канор монд, мавқеи худро аз даст медиҳад.
Соҳибзабон  ин  ҳама  навгониҳоро  танҳо  ба  воситаи  забони  модарӣ  дарк  ва  эҳсос  мекунад, агар идрок накард, аз  ҷомеа дур  мешавад, бо  замон ҳамнафас шуда наметавонад ва билохира   хотираи таърихии худро гум карда, ба манқурт мубаддал  мегардад. Адибони ҳассос ҳар як раванди ҷомеаро пеш ва беш аз  дигарон  дарк  мекунанд ва соҳибзабонро аз оқибатҳои  он раванди ғалат огоҳ менамоянд.  А.Субҳон ҳанӯз соли 1996 огоҳ кардааст:  
Аз  забон  рӯ  тофтан, рӯ  тофтан аз  модар  аст,                                                                                                                                                            
Хоинӣ бар модари ҷон ин қадар кардан хатост.
Манбаи  ислоҳи ин иштибоҳ танҳо эҳсос аст, хондану омӯзиш аст, қироати китоб  ва рӯзномаю  маҷаллаҳост. Дараҷа ва сатҳи худшиносию худогоҳии мо алҳол зимни маъракаи обунашавӣ ба  минбари ягонаи  сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ  ва  фарҳангии кишвар  «Овози тоҷик«  чун  акс  дар оина падидор гардид. 
«Қавме, ки рӯзнома надорад, забон надорад», – фармудааст устод Садриддин Айнӣ. Пас, чаро  мо,  тоҷикон  нисбат ба забони  модарӣ ин  қадар  лоқайд ва  бетараф ҳастем? Посухи ин суол низ ба хонанда ҳавола. Ҳар як тоҷик, ки  дар  дил  гармиву  ифтихор аз дирӯз ва имрӯзи миллат     дорад, бояд ин суолро дар тарозуи ақл баркашида, ба он посух биҷӯяд!
Оре, обуна дар  кишвар озод  аст, маҷбурӣ нест. Вале ин маънои онро надорад, ки мо аз ҳаёти    сиёсиву фарҳангӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии  кишвар ва ҷомеаи ҷаҳон огоҳ нашавем. Худшиносию   огоҳӣ бошад,  танҳо  зимни мутолиа ва омӯзиш муяссар мегардад. Агар ба дарахт  ва ё зироат об намонем, ҳатман мехушкад. Инсон  низ  то нахушкад, то ба манқурт табдил наёбад,  бояд  ғизои  маънавию маърифатӣ  бигирад. Пояи мустаҳками маънавияту маърифат рӯзнома буду ҳаст. Дӯст доштани забони модарӣ миллатгароӣ нест. Он  рамзи  ватандӯстӣ  ва  ҳурмату  эҳтиром  ба  рӯҳи  аҷдод, ба анъанаю урфу одатҳои  миллат  аст. Ин ҷо овардани як таъкиди устод Садриддин Айниро ба маврид медонам: »Назруллобой писари Яъқуббой аз талабагони мадраса саду панҷоҳ нафарро ба газетаҳо («Бухорои шариф» ва «Тӯрон» – Ӯ.Р.) шашмоҳа обуна карда, пулашро худаш пардохт». (С. Айнӣ. Таърихи инқилоби Бухоро, Д., ,саҳ. 110) Ин ташаббуси Назруллобой дар ибтидои асри 20 боиси ибрат ва пайравист. Афсус, имрӯз соҳибкорони сарватманди мо на фақат ҳомигӣ намекунанд, балки худ низ ихтиёрӣ ба рӯзнома обуна намешаванд.
Қисса кӯтоҳ, ҳамзабонони азиз, ҳоло дер нашудааст. Маъракаи  обуна идома дорад. Биёед, аз хоби гарон бедор шавем, ҳама якдилона ба ҳимояи забони модарӣ бархезем, то ки дар назди арвоҳи бузургони бомаърифату оламгири худ сархам набошем. Миёни ҳиммат баста, ба  минбари  ягонаи  розу  ниёзамон  дар  кишвар – «Овози тоҷик« сарҷамъона обуна шавем.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
муаллими мактаби рақами 30-юми 
ноҳияи Нуратои 
вилояти Навоӣ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: