ДӮСТИ ВАФОДОР

Алопар баҳори соли гузашта, вақте замин аз хоби зимистон бедор мешуд ва ба дашту адир нафаси баҳор мезад, ба дунё омада буд.

Алопар баҳори соли гузашта, вақте замин аз хоби зимистон бедор мешуд ва ба дашту адир нафаси баҳор мезад, ба дунё омада буд. Ҳамон шаб жола чунон рехт, ки модарсаг ва бачаҳояш шаби дароз дар берун, дар таги он мондаанд ва аз онҳо танҳо Алопар зинда монд. Акои Ортиқ дар оғоз ин сагбачаи нимҷон ҳам мемурад, гуфта фикр карда буд, лекин ҷонвар, ки ҳоло чашмонашро ҳам накушода буд, дар ин рӯзи сарди боронӣ нолишкунон баҳри зинда мондан талош мекард...
Ҳоло бовари ҳеч кас намеояд, ки ин сагбачаи рӯзгоре бемодар монда бо шири гов калон шудааст. Пашмҳояш ҳамвор, пӯсташ ялаққосӣ, пойҳояш дароз, сараш нисбати ҷуссааш калонтар буд, ки ба назар ваҳмангез нишон медод. Агар аз пайи ягон чиз афтад, то онро надорад, бар пасаш намегашт. Шаби дароз аз назди чорво дур намерафт, онро ҳимоя мекард. Чӯпонҳо ҳам ба ӯ бовар карда, аз рама хавотир намекашиданд. Сухан кӯтоҳ, сагбачаи ятим баъди як сол ба қатори сагҳои дунболгир дохил шуд.
Зимистони имсола сахт омад. Сардиаш дарди бахайр, вале бисёр тӯл кашид. Саршавии моҳи апрел бошад ҳам, нафаси сарди зимистон дар теппагиҳо ҳукмрон буд. Дар зимистони тӯлкашида ҳама азият мекашид. Аксарияти молҳо лоғар шуданд, ба сабаби камии ему хошок бисёриашонро фурӯхтанд ё куштанд. Шабҳо гургони гурусна дар кӯчаҳо мегаштагӣ шуданд.
Баробари неш задани майсаҳои аввали баҳор чӯпонон чорвои худро ба яйлов бароварданд. Вале майсаҳои ҳоло офтобнадида нимҷон буданд. Аз ин рӯ, чӯпонон маҷбур шуданд, ки гӯсфанд ва молҳояшонро аз чарогоҳи наздики бошишгоҳ дуртар баранд.
Ҳамон шаб акои Ҳамид серкор шуд ва ба навбатдории рама дер омад. Вақте ба яйлов омад, торикӣ аллакай фаромада буд. Бар илова, осмонро абри сиёҳ фаро гирифта, ба боридани борон омодагӣ мегирифт. 
Акои Ортиқ кори зарур дорам гуфту ба норозигии ҳамроҳонаш нигоҳ накарда роҳи деҳа, хонаашро пеш гирифт. Алопар низ ба ӯ ҳамроҳ шуд. 
– Ортиқ, Алопар монад, ту як илоҷ карда расида мегирӣ, саг ба ин ҷо бисёртар лозим, – гуфт акои Ҳамид ва сагро аз роҳаш баргардонд.
– Майлаш, мондан гирад.
Акои Ортиқ зуд-зуд қадам гузошта, аз яйлов хеле дур шуд. Ӯ ҳаракат мекард, ки то ашк рехтани осмони ба ғазабомада ба манзилаш рафта расад. Аммо, фурсате нагузашта яйлов аз оби борон пур шуд. Атрофро меғ фаро гирифт, борон шиддат пайдо кард. Акои Ортиқ хеле афсӯс хӯрд, ки дер ба роҳ баромаду сагчаашро ҳамроҳ нагирифт. Ӯ хеле хаста шуд ва тахмин кард, ки ними роҳро тай намудааст. Борон мисле, ки аз даҳони сатил мерехта бошад, меборид, чоруқҳояш пури об шуданд ва роҳгардияш душвор гардид. Аз хунукӣ дастонаш меларзиданд, оби борони ба рӯяш шоридаро ҳам аз беҳолӣ пок карда наметавонист. Ӯ медонист, ки дар ин атроф касе нест, аз ин рӯ дилашро боз ҳам бештар ваҳм пахш мекард. Барои ваҳмро дур кардан сурудеро хиргоҳӣ кард, воқеаҳои хубро ба ёд овард, аммо дар ин ҳолати ногувор ба ёд овардани ин чизҳо аҳмақие беш нест.
Чунин ба назар расид, ки аз дуродур, аз паси теппагиҳо садоҳо ба гӯшаш мерасанд. «Магар овози гургҳост?», яке аз хаёл гузаронд акаи Ортиқ. Зеро уллоси гургҳои гуруснаи нав аз зимистон баромада барояш шинос буд. «Не-е, Худо нигоҳ дорад, дар ин борон гург чӣ кор мекунад?», худро тасаллӣ медод. Ду чашмаш ба роҳ, аз тарс ба атроф нигоҳ намекард, бо тамоми вуҷудаш атрофро гӯш мекард. Ҳамин вақт ҳис кард, ки чизе ӯро таъқиб мекунад. Ҳар чӣ ҳам бошад, кӯлмакҳои роҳро пош дода, давида меомад. Акои Ортиқи хаёлаш ба сад кӯчаи яъсу ноумедӣ даромада ба ақибаш нигоҳ карда наметавонист. Ӯ ҳоло худро танҳою ночор ҳис мекард, ғайр аз Худо мададгораш набуд. Бори аввал қадри ҳаётро амиқ ҳис кард. Масофаи байни ӯ ва шарпа кам монда буд, як хез занад ба ӯ мерасад. Фосилаи ҳаёт ва марг як лаҳза. Дили акои Ортиқ ҳамин лаҳзаро ҳис карда тез-тез ба задан даромад. Ниҳоят, бо неруе фавқулодда бузург ба пасаш нигоҳ кард. Нигоҳ карду ба чашмонаш бовар накард. Дар паси ӯ Алопар меистод, пашмҳои сап-сафеди яллақосиаш лойолуд, баданаш тамоман тар шуда буд. 
Акои Ортиқи ба ғазабомада сагро ким-чиҳо гуфта танбеҳ дод. Вақте ба замин хам шуд, ба дасти ӯ ғайр аз лой дигар чиз наомад. Лойи панҷаҳояшро ба сӯйи саг ҳаво дод. Аммо, оташин шуда бошад ҳам, таги дилаш ором ёфт, зеро акнун ӯ танҳо набуд...
Зери осмони чокаш кандашуда  ва саҳрои бепоён ҳарду қадам мезаданд. Онҳо хеле роҳ рафтанд, овози гургҳо торафт аз наздиктар шунида мешуд. Алопар низ ин ҳолатро ҳис кард магар, ҳар замон ба осмон нигоҳ карда, зуза мекашид.
«Гургҳо магар наздик омаданд?», акои Ортиқ гӯё ӯро касе мешунида бошад, пичиррос зад. Думашро ҷунбонда, гирд-гирди ӯ давр задани Алопар аз сар задани ҳодисаи нохуше дарак медод. Вале пештара барин натарсид, акнун тамоми қувваашро ҷамъ намуда ба пеш ҳаракат мекард. Аммо, аз гургон гурехта то куҷо ҳам мерафт? Танҳо аз Офаридгор илтиҷо мекард, ки гургҳо бисёр набошанд, ҳамон вақт зӯри Алопар ба онҳо мерасад. Ҳангоми ба рама ҳуҷум кардани гургон онҳоро чи тавр пеш кардани сагро медонист...
Овози гургон ниҳоят аз наздик, аз паси теппагии сиёҳи ба назар намоён шунида мешуд. Ҳамааш гӯё ҳамин дам ба охир мерасид, аммо инсон то дами марг мағлуб шудан намехоҳад, ба тақдир ба осонӣ тан намедиҳад. Тамоми умр азият кашида бошад ҳам, аз аҷал гурехтан мехоҳад.
Алопар гӯшҳояшро сих намуда ба атроф нигоҳ мекард ва ғайричашмдошт бо ҳавли ҷон роҳи гурезро пеш гирифт. Фурсате нагузашта овози пойҳояш ҳам, ки кӯлмакҳоро пош медод, қатъ гардид.
«Наход Алопар гурехта бошад?», фикр кард акои Ортиқ. Ӯ ранҷид. Зеро дар дашти бекас боз танҳо монда буд. Ин тарафаш маълум, аммо осонакак таслим шудан аламовар. Лағҷида гоҳ ба лой афтид, гоҳ ба кӯлмак, вале аз давидан бознаистод. Ҳолати ҳолоинаи ӯ ба филми охираш аён монандӣ дошт, бо чӣ хотима ёфтани филмро медонию тамошоро идома медиҳӣ...
Баъд ӯ чӣ шуданашро надонист. Ҷуссаи яхбастааш аз ҳаракат монд ва аз ҳуш рафт.
Чӣ қадар хоб карданашро ҳам намедонад. Ба рӯяш ким-чихел тафти гармӣ расиду беҳолона чашмашро кушод. Ба зинда монданаш боварӣ ҳосил намуд, ба танаш ҷон даромад. Чашмонашро молида ба атроф назар андохт. Рӯз равшан шуда, борон монда буд. Дар паҳлӯяш Алопар истода рӯй ва гардани соҳибашро мелесид. Ӯро шинохтан душвор буд. Дар обу лой саропо ғӯтида буд, ҳамин хел бошад ҳам, хуни аз баданаш таровида ва аз бисёр хойидан ҷо-ҷо гӯшти баданаш менамуд. Пойҳояшро кашола карда, гӯё қувваи охиринашро барои ба худ овардани соҳибаш сарф мекард.
Акои Ортиқ ҳамаашро фаҳмид. Ӯ аз Алопар беҳуда ранҷидааст. Аён буд, ки саг ба тарафи теппагӣ, ки аз он ҷо овози гургон шунида мешуд, давида рафтааст, онҳоро ба тарафи соҳибаш гузаштан намондааст...
– Бечораякам, – акои Ортиқ сари Алопарро ба оғӯш кашид. Алопар бошад, беозор ба кӯлмаки лойолуд афтид. Саг вазифаи охирини худро иҷро карда буд.
Аз сари кӯча суроби тракторе, ки ба сӯйи онҳо ҳаракат мекард, намоён шуд...

Муяссар ТИЛОБОВА.

Аз ӯзбекӣ тарҷумаи 
Саодат БЕКНАЗАРОВА.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: