Дӯстӣ ҳамчун як арзиши маънавии баландмартаба дар ҳамаи тамаддунҳо маъруф аст.
Дӯстӣ ҳамчун як арзиши маънавии баландмартаба дар ҳамаи тамаддунҳо маъруф аст. Дар фарҳанги ориёнӣ-тоҷикӣ ин арзиш ҳамчун як бунёди устувору муқаддас ҳанӯз аз даврони фарҳанги бостонии ориёнӣ мақому мартаба дорад.
Мисоли барҷастаи он ҳамсафони Зардушт, дӯстии Зардушт бо шоҳи Сосонӣ – Арҷосп, ки маҳз ҳамин дӯстӣ сабаб шудааст, ки оини маздоӣ дар қаламрави Ориёни Бостон як дини тақрибан ҳамагонӣ, як пояи мустаҳками давлатдории Сосониён шавад.
Мақолу масалҳое, ки имрӯз ҳам дар забони аҳли фарҳанги ориёнӣ зиндаву ҷорӣ ҳастанд, ҳамарӯза зебу ороиши рӯзгори маънавии мардуманд, гулхани меҳру муҳаббати инсонҳоро гарму рӯшан нигоҳ медоранд.
Як намунаи барҷастаи дӯстӣ, ки шояд дар таърихи башарият назир надошта бошад, дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ аст.
Аввалин нуктае, ки аз достони дӯстии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ натиҷагирӣ мешавад ин аст, ки дар ин робита камтарин нишонаи ғарази моддӣ ҳаргиз набудааст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз заминдорони бузургтарини замони худ буд ва ғайр аз сарпарастӣ кардани чандин рустову шаҳристонҳову деҳаҳо харҷи чандин мадрасаву масҷидро низ пардохт мекард.
Навоӣ, ҳарчанд ба истилоҳ дар маснади сарвазирии ғазнавиён дифои вазифа мекард, бар замми ҳуқуқи давлатияш, ки хеле бузург буд, даромадҳои дигар ҳам дошт, ки комилан барои ободии мадрасаву масҷид, роҳҳо, садҳои иншооти обрасонӣ, работу саройҳо, дастгирии толибилмону эҳтиёҷмандон сарф шудааст. Хушбахтона ин ҳама фаъолияти сарпарастии Навоӣ дар адабиёт мусаннад бо далелу ҳуҷҷат боқӣ мондаанд. Яке аз инҳо айвони ҷанубии мақбараи Имом Ризо дар Машҳад аст.
Дар сарсухани “Маҷолис-ун-нафоис”, ки онро Фахрии Ҳиротӣ аз туркӣ тарҷума кардааст, аз ин амалҳои башардӯстонаи Алишери Навоӣ чунин ёдоварӣ мешавад:
“Мазори Шайх Фаридаддини
Атторро дар Нишопур сохт;
наҳри Хиёбонро дар Машҳад кандааст;
работи Сангбаст; работи Дизобод;
банди хиштини обрасонии Қарияи Тарақ;
мақбараи Абулқосими Анвор;
ҳар шаби рамазон понздаҳ ман гандум (45 кило), 30 табақ нон, 5 ман (15 кило) нишоло, 15 ман ҳалво, 20 ман гӯшт, 20 ман орди сафед, 50 ман нон тақсим мекард”.
Дар китоби Забеҳулло Сафо “Таърихи адабиёт дар Эрон”. (Теҳрон. 1963, с. 384-385) низ ин қоидаи хайркории Навоӣ ёд карда мешавад. Мегӯяд: “370 буқъа, 90 работ ё сохтааст, ё таъмир кардааст. Ҳар рӯз 75 ҳазор динор ба хизонааш меомад, 15 ҳазор харҷ мекард. Ҳар сол 1000 даст сару либос ба мискинон медод. Ба 3000 мазор хайр мекард”.
Нуктаи муҳимтарине, ки ҳамеша мубрам будааст ва дар робитаҳои имрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, хоссатан ва равобити қавмҳои форсигӯю туркигӯй нақши мубраму ногусастанӣ доштааст, дорад ва хоҳад дошт, пайванди самимонаву содиқонаи ин ду бузургмардон мебошад. Дар ин росто ҳақиқати равшани таърихӣ ин аст, ки бунёди адабиёти ӯзбек (ва умуман туркзабонон)-ро Навоӣ гузоштааст.
Аз забони Мавлоно Ҷомӣ ҳам ин эҳтиром равшан садо медиҳад:
Ба туркизабон нақше омад аҷаб.
Ки ҷодудамонро бувад муҳри лаб.
Зи чарх офаринҳо бар он килк бод,
Ки ин нақши матбуъ аз он килк зод.
Бибахшид бар форсигавҳарон,
Ба лафзи дарӣ дурри назмоварон...
Бубинед, дар арсаи шеъри тоҷикии форсӣ ба Навоӣ чӣ баҳои баланд медиҳад:
Ки гар будӣ он ҳам ба лафзи дарӣ,
Намондӣ маҷоли сухангустарӣ.
Ба мизони он назми муъҷизнизом,
Низомӣ кӣ будиву Хусрав кадом?
Зимнан нуктаи бисёр ҷолибе бояд гуфта шавад, ки дар баробари Алишери Навоӣ ногузир Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам бунёдгузори адабиёти туркӣ дониста мешавад, ин нуктаро бисёр олимони нуктасанҷ таъкид мекунанд. Воқеан, боз ҳам бояд таъкид кард, ки Алишери Навоӣ яке аз шоирони дараҷаи аввали адабиёти тоҷикӣ ҳам ҳаст. Комилан кифоят мекунад қасидаи “Тӯҳфат-ул-афкор”-и Навоӣ бо “Луҷҷат-ул-асрор”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва “Дарёи аброр”-и Хусрави Деҳлавӣ муқоиса шавад ва бешакку шубҳа аз назари ҳунари шеърӣ ва аз назари маъниофаринӣ мушоҳида шавад, ки қасидаи Алишери Навоӣ дар кадом сатҳи баланд гуфта шудааст.
Оғози қасида ҳам истеъдоди бадеияти қалами Алишери Навоиро намоиш медиҳад:
Оташин лаъле, ки тоҷи хусравонро
зевар аст,
Ахгаре баҳри хаёли хом пухтан дар
сар аст.
Дар ин байт дар баробари ташбеҳи бисёр дақиқу зебо, ки лаъли подшоҳро ахгаре барои пухтани хаёли хом бисёр чирадастона тасвир мекунад, нуктаи дигаре, ки аз ин ҳам ҳайратовар аст, он мебошад, ки дар бораи хаёли хоми шоҳ як нафаре ошкорову густурда сухан мегӯяд, ки дар хидмати ҳамин шоҳ аст. Шуҷоати Алишери Навоӣ воқеан шоистаи таҳсину ҳайронӣ аст. Ин шуҷоати шоир дар байти дуюм боз ҳам рӯшантару баландтар садо медиҳад:
Шаҳ, ки ёди марг н-орад
з-ӯст вайронии мулк,
Хусрави беоқибат хусри
билоду кишвар аст.
Ин қасида саросар гаштаву баргашта хонданӣ аст, аммо чанд байте аст, ки овардани онҳо зарур ба назар мерасад:
Ақлу кунҷи некномӣ ишқу
ҳар дам оламе,
Хонадорӣ кори зан, лашкар
насиби шавҳар аст.
Дар як байти дигар қудрати инсони олиҳимматро чӣ қадар дақиқу зебо, мартабаи инсонро чӣ қадар баланд тасвир мекунад:
Аҳли ҳимматро зи
ноҳамвории гардун чӣ бок,
Сайри анҷумро чӣ ғам,
к-андар замин ҷӯю ҷар аст.
Ҳаромбозонро чӣ қадар манфур тасвир кардааст, онҳоро ба далла ташбеҳ медиҳад, манзили онҳоро манзили лӯлиён меномад, сарфи назар аз он, ки чӣ гуна манзиле дорад:
Даллаи пурҳилла, к-аш ҳар
сӯст шӯхе ҷилвагар,
Лӯъбатакбозист инак хаймаи
ӯ чодар аст.
Ин маънӣ дар қасидаи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам омадааст, ки хонанда агар дар муқоиса бигирад, бисёр натиҷаҳои аҷиб пайдо мекунад:
Ҳаст марди тирадил дар
сурати аҳли сафо,
Он зани ҳинду, ки аз ҷинси
сафедаш чодар аст.
Дар қасидаи Абдураҳмони Ҷомӣ низ байтҳое ҳастанд, ки ҳамеша вирди забонҳо ҳастанд:
Гар надорад симу зар доно
манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш
в-ӯ шаҳи баҳру бар аст.
Карам кардан, дасти муҳтоҷон гирифтан, дар паҳлӯи мардум будан, аз саргузашти Ҷомӣ маълум аст, ки як шеваи содаи зиндагияш будааст, дар ин қасида ба шакли як панди зебое меояд, ки ин панд мардонро қуввати дил ва чароғи раҳнамои мардонагиву ҳимматбаландӣ:
Зан наӣ, мардӣ куну дасти
карам бикшо, ки зар
Мардро баҳри карам, занро
барои зевар аст.
Ҳамин маънӣ дар шакли бадеияти бисёр латиф дар байти дигар меояд:
Ошиқи ҳамён шудӣ лоғар
миёнаш кун зи базл,
Ҳусни маъшуқони раъно дар
миёни лоғар аст.
Ин дӯстӣ чӣ дар осори Мавлоно Ҷомӣ, чӣ дар Навоӣ ба як пораву ду пора, ба як-ду рубоиву ғазал тамом намешавад. Мавлоно Ҷомӣ ситоиши ин дӯстӣ – ситоиши Навоиро дар “Баҳористон”, “Сабҳат-ул-аброр”, “Туҳфат-ул-аҳрор”, “Юсуф ва Зулайхо”, “Хирадномаи искандарӣ” гаштаву баргашта аз ҷанбаҳои гуногун ба рангу тобишҳои тоза ба тоза тавсифу тарғиб мекунад. Дар ин замина ба қавли академик Абдулғанӣ Мирзоев “...мавқеи адабӣ ва сиёсии Алишери Навоиро хеле баланд бардошта, оид ба чигунагии равобити дӯстонаи байни ҳамдигар маълумот медиҳад.”
Ҳамчунин Алишери Навоӣ дар “Маҷолис-ун-нафоис”, “Ҳайрат-ул-аброр”, “Фарҳоду Ширин”, “Лайливу Маҷнун” ва “Садди Искандарӣ” устодаш ва дӯсташ Мавлоно Ҷомиро ситоиш мекунад, мақому мартабаи ӯро дар шеър, ирфон ва муҳимтар аз ҳама дар арсаи одамгарӣ бисёр боварибахш нишон медиҳад.
Ин дӯстӣ як сифати созандагӣ, эҷодкоронае ҳам доштааст, ки ба баракати ташвиқу тарғиби якдигар дар адабиёти тоҷик ва ӯзбек аз шоҳкориҳои беназире аз ин дӯстӣ боқӣ мондааст.
Мир Алишери Навоӣ дар “Хамсат-ул-мутаҳаййирин” (оғоз аз саҳифаи 38) ҳикоят мекунад, ки чӣ гуна дар боби “Дарёи аброр”-и Амир Хусрав суҳбат доир шуд ва чӣ таҳсину офаринҳое атрофи қасидаи Амир Хусрав гузашт.
Воқеан, нақши қасидаи “Дарёи аброр” дар шеъри ҷаҳоншумули тоҷикӣ бисёр баланд аст, ки инро худи Амир Хусрав ҳам қайд кардааст:
“Агар аз ҳаводиси афлок ва аз офатҳои рӯзгор тамоми назми ман аз саҳифаи замона маҳв шаваду ҳамин қасидаам монад, бароям бас аст. Чунки ҳар кас агар онро бихонад, хоҳад донист, ки дар мулки назм тасарруф ва иқтидори ман дар чӣ мартабае будааст”.
Баъди ин суҳбат пас аз чанд рӯзе аз суҳбати навбатӣ Мавлоно Ҷомӣ “аз бағалашон ҷузве бароварда, ба фақир иноят карданд. Гирифта кушодам, ки ҷавоби “Дарёи аброр” қасидаи “Луҷҷат-ул-асрор” будааст...” Алишери Навоӣ дар идома ҳикоят мекунад, ки дар роҳи сафар (шояд сафари хидматӣ бошад, ки ба Нуҳработ будааст) хонда меравад ва дар тӯли ҳамин сафар оғози қасидаи “Туҳфат-ул-афкор”-ро менависад. Мегӯяд: “...то расидан ба Марв қасидаро ба номи он ҳазрат бахшида тамом кардам”. Ин қасида чуноне гуфтем, шояд ба сабаби он, ки дар ҳавои мусобиқа бо Амир Хусрав ва Мавлоно Ҷомӣ навишта шуда бошад, бисёр олиҷаноб омадааст.
Мир Алишери Навоӣ дар “Хамсат-ул-мутаҳаййирин” (Душанбе, 1989, с. 52-74), мақолаи сеюмро ба қалами худаш бисёр бо муҳаббат нигоштааст, ки чандин осори ҳам Мавлоно Ҷомӣ, ҳам Мир Алишер аз натиҷаи суҳбату мусоҳибаву ҳамақидагии онҳо эҷод шудааст. Аз ҷумла, “Нафаҳот-ул-унс” асарест, ки бо даъвату хоҳиши Алишери Навоӣ таълиф шудааст. Ин асар як қисмати муҳими фарҳанги Шарқро, қисмати ирфон, рӯзгори намояндагони он, падидаҳои фавқулоддаи рӯҳу равони орифонро бозгӯӣ мекунад ва бисёр муҳим аст, ки дар идомаи “Тазкират-ул-авлиё”-и Фаридаддини Аттор ин шуъбаи рӯзгори фарҳангии Шарқро комил мекунад.
Мир Алишери Навоӣ ҳам дар ҳамин машраб гӯё дар идомаи “Нафаҳот-ул-унс” “Маҷолис-ун-нафоис”-ро эҷод кард. Арзиши хоссаи ин асар ин аст, ки орифону азизони аср гоҳо густурда, гоҳо фишурда сабт шудаанд.
Дар ин мақола Алишери Навоӣ муфассалоти ҷавоб навиштани Мавлоно Ҷомӣ ва ҷавоби худашро ҳикоят мекунад.
Вақте Абдураҳмони Ҷомӣ “Арбаин ҳадис”-ро ба назми тоҷикӣ тарҷума мекунад, Алишери Навоӣ мегӯяд:
“Дар дил орзуи ба забони туркӣ тарҷума кардани ҳамин “Арбаин ҳадис” пайдо гардид (с.59), ки аз ҳидояти Ҷомӣ сурат гирифт».
Баъд аз он, ки Ҷомӣ “Ҳафт авранг”-ро ба анҷом расонд, ин як қадами комилан тоза дар маснависароии анъанавӣ буд, зеро “Хамса”-ҳо навишта шуда буданд, аммо “Ҳафт авранг” як падидаи комилан тоза буд. Аз ҳамин асар илҳом гирифта Алишери Навоӣ “Хамса”-и худашро менависад, ки барои адабиёти турк хамсаи нахустин аст.
Алқисса, дар тамаддуни ориёнӣ дӯстӣ тӯли тамоми саргузашти ин фарҳанг ҳамеша ҳамчун як пораи дурахшону арзишманди инсонсоз, зебу зиннат, лаззати бемисли рӯзгори инсон шарҳу таблиғ шудааст ва намунаҳои барҷаста ба бор овардааст.
Назри ЯЗДОНӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон