«ДӮСТИИ АДАБӢ – ДӮСТИИ АБАДӢ»

Чанд соли охир дар илми сиёсатшиносӣ «Руҳияти Осиёи Марказӣ» пайдо шуд, ки ҷараёнҳои рушди бемайлони ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ комилан ифода менамояд.

Хусусан, дар минтақа таҳти ғояи фарогири Президент Ш. Мирзиёев «Дӯстии адабӣ – дӯстии абадӣ» бо иштироки адибони ин минтақа  чорабиниҳои судманд  ба амал омаданд. Асарҳои адибони намоёни ҳамсоякишварҳо тарҷума шуданд. Чанде пеш дар бораи рӯнамоии китобҳои адиби тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи Навоӣ ҳикоя карда будем.
Дар шабакаи телевизионии «Севимли» рӯнамоии «Асарҳои мунтахаб»-и Саркотиби Созмони байналмилалии ТУРКСОЙ, арбоби давлатию ҷамъиятӣ, Нависандаи халқии Қирғизистон Султон Раев баргузор шуд.
Зикр бояд кард, ки Султон Раев Донишгоҳи миллии Қирғизистонро хатм кардааст. Аввал дар чандин рӯзномаи қирғизӣ, баъд дар мақомоти давлатӣ ба сифати муовини вазири фарҳанг ва таълим, мушовири давлатии Президент, мушовири Сарвазир, вазири ахбор ва сайёҳӣ фаъолият бурдааст. 
Номбурда бо адибон ва олимони ӯзбек, аз ҷумла Турсунбой Адашбоев,  Аҳмадҷон Мелибоев, Зуҳуриддин Исомиддинов, Алоуддин Мансур ва ғайра   алоқаи деринаи дӯстӣ дорад.
Раев нависандаи забардаст аст. Шуҳрати эҷодии ӯ аз баландкӯҳҳои Олатау гузашта, ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадааст. Соли 2015 «Ҷазо» ном романи ӯ ба забони русӣ дар Лондон чоп шуд. Романи «Тӯфон», қиссаи «Рӯзе, ки офтоб гирифта буд»,  драмаи «Тоҷ»,  эссеи «Чингиз Айтматов», ҳикояҳои «Авлоди Манапота», «Об», «Қабл аз тӯй» ва ғайра  ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шуда, сазовори чандин ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ гардидаанд.
Аз хусуси  муҳтаво ва аҳамияти осори Раев Мушовири Президенти Ӯзбекистон, нависанда Хайриддин Султонов, раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, муовини якуми раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, академик Акмал Саидов, Ходими шоистаи маданияти Ӯзбекистон  Зуҳуриддин Исомиддинов, раиси Иттиҳоди нависандагони дунёи турк Улуғбек Эсдавлат  ва дигарон бо мароқ сухан  ронданд. 
Дар хотима Султон Раев аҳамияти равобити адабӣ, таъсири сухани неки адибро барои ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ таъкид кард. 

Шоқаҳҳор САЛИМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: