ДӮСТИИ АЗАЛӢ, ҲАМСОЯГИИ НЕК ВА ҲАМКОРИИ БАЙНИДАВЛАТӢ БА МАНФИАТИ ХАЛҚҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН ХИДМАТ МЕКУНАД

Дар Осиёи Марказӣ бинобар барқарор намудани мулоқоти конструктивӣ ва бунёди муҳити эътимоди тарафайн ба устувориву пешрафти муттасил муваффақ шудан самти асосии сиёсати хориҷии Ӯзбекистон мебошад.

Бешубҳа, қаробати таърихӣ ва фарҳангии халқҳои минтақа, муносибати хуби ҳамсоягӣ ва зарурати воқеии якдигарро пурра кардани иқтисодиёти давлатҳоямон барои дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам сохтани робитаҳои барои тарафайн муфиди ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Ӯзбекистон барои амиқ гардондани муносибатҳои дӯстона ва васеъмиқёс бо Тоҷикистони ҳамсоя аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
 Риштаҳои азалие, ки халқҳои тоҷику ӯзбекро ба ҳам мепайванданд, суннатҳои таърихи умумӣ ва маънавияти муштарак барои пешрафти муносибатҳои байни давлатҳоямон ба сифати пойдевори мустаҳкам хидмат мекунанд.
Солҳои охир алоқаҳои байни мамлакатҳо ба зинаи нав бардошта шуд, дӯстӣ ва ҳамҷиҳатии халқҳоямон мустаҳкам гардид.
Соли 2022 дар ин бобат қадамҳои муҳим гузошта шуданд. Ташрифи расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, ки 2-3 июн ба вуқӯъ пайваст, сабаби дар ниҳояти ин сафар ба имзо расидани як қатор ҳуҷҷатҳое гардид, ки ба мустаҳкам сохтани муносибатҳои дуҷониба нигаронида шудаанд.
Қабул шудани баённомаи мустаҳкам сохтани дӯстии абадӣ ва тифоқии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои тарафайнро ба зинаи сифатан нав бардошт.
Барои ба ҳаёт татбиқ сохтани муоҳидаҳои ба имзорасида «Харитаи амалиёт» қабул гардид, он аз ҷониби ҳукуматҳои ду кишвар, вазорат ва идораҳо муттасил амалӣ мешаванд.
Дар ин маврид мулоқоти ошкоро ва дӯстонаи Президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро, ки ба эҳтиром ва эътимоди тарафайни онҳо такя мекунад, ҳамчунин иродаи қатъии сиёсии сарварони давлатҳоро бояд махсус таъкид намуд.
Сафарҳои дараҷаи олӣ, ки мунтазам амалӣ мешаванд, мулоқотҳо дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ бобати вусъат ёфтани муносибатҳои ду мамлакат аҳамияти бузург касб менамоянд.
Аз соли 2022-юм то имрӯз 2 ташрифи дараҷаи олӣ, дар доираи шаклҳои бисёрҷанба 2 вохӯрӣ ва 8 суҳбати телефонӣ ба амал омаданд.
Алоқаҳои байнипарлумонӣ ҷонноктар шуданд, мубодилаи дараҷаҳои мухталифи ҳайатҳо фаъол гардиданд. Гурӯҳи байнипарлумонӣ, ки бинобар ҳамкорӣ бо Парлумони Тоҷикистон дар Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил ёфтааст, ҳамчунин гурӯҳҳои дӯстӣ, ки дар палатаҳои болоӣ ва поёнии Парлумони Тоҷикистон бо Сенати Олий Маҷлис ва Палатаи қонунгузории Ӯзбекистон амал мекунанд, фаъолияти пурсамар доранд.
Аъзои парлумони ду кишвар дар интихоботҳое, ки дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мегарданд, ба сифати нозир мунтазам иштирок доранд.
Дар байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ мулоқот ва машваратҳои мунтазами сиёсӣ гузаронида, дар доираи онҳо вазъияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷанба баррасӣ мешаванд, ҳамчунин пешниҳодҳо бинобар нақша ва тадбирҳои минбаъда коркард мегарданд.
Соли 2022-юм ба муносибати 30-юмин солгарди ба роҳ монда шудани муносибатҳои дипломатии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар доираи Барномаи муштараки қабулшуда дар ҳар ду кишвар бисёр чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ бомуваффақият гузаронида шуданд.
Ҳамкориҳо дар соҳаҳои маданиву башардӯстона, таълим ва илм дар муносибатҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ мавқеи муҳим доранд.
Ҳамчунин робитаҳои ҳамкории байни ҳудудҳоро, ки солҳои охир хеле фаъол шудаанд, бояд махсус таъкид кард. Табодули ҳайатҳо дар шакли мунтазам таҷлили якҷояи тантанаҳои ҷашни «Наврӯз», баргузор намудани намоишнома ва бозорҳои муштарак ба анъана табдил меёбанд.
Моҳи марти соли равон дар байни муассисаҳои таълими олӣ аввалин Анҷумани ректорон ташкил карда шуд. Бобати дар ҳамкорӣ офаридани филми бадеӣ оид ба дӯстии Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ корҳо идома доранд.
Соли 2021 дар шаҳри Бохтари Тоҷикистон нахустин Анҷумани байниминтақавии сармоявии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гузаронида шуд. Рӯзҳои наздик дар шаҳри Ҷиззахи Ӯзбекистон баргузор кардани анҷумани дуюм ба нақша гирифта шудааст.
Дар робитаҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дар доираҳои дигар ба рушди ҳамкорӣ ва дастгирии нуқтаи назари якдигар эътибори муҳим дода мешавад.
Дар ин хусус ташаббуси сарвари Ӯзбекистон бобати ба роҳ мондани Мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дастгирӣ карда шуд.
Шакли мазкур барои кишварҳои минтақа баҳри мулоқоти мунтазам ва дарёфти нуқтаи назари мувофиқ бинобар ҳаллу фасли мушкилоти муҳими минтақавӣ ҳамчун платформаи зарурӣ хидмат мекунад. Ин нафақат аз ҷониби доираҳои сиёсии Осиёи Марказӣ, балки аз ҷониби сиёсатшиносон ва таҳлилгарони хориҷӣ низ эътироф мегардад.
То имрӯз бо иштироки роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 4 Мулоқоти машваратӣ гузаронида шуд. Дар ҷамъбасти мулоқоти 4-ум шартномаи таърихии «Дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI» ба имзо расид. Баён-номаи Мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳо дар Чӯлпонато, Харитаи амалиёти рушди ҳамкории минтақавӣ дар солҳои 2022-2024, Барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз» барои Осиёи Марказӣ», ҳамчунин баённомаи ҳамкорӣ дар доираи бисёрҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ барин ҳуҷҷатҳои муҳим имзо гардиданд.
Мулоқоти панҷуми он 14-15 сентябри соли равон бояд дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад, дар доираи он барои созмон додани чорабиниҳои бисёрҷанба корҳои омодагӣ бо суръати баланд идома доранд.
Роҳбарияти Ӯзбекистон барои бо мизбонии Тоҷикистон бомуваффақият гузаштани Мулоқоти машваратии навбатӣ, ҳамҷиҳатона кор карда баромадани масъалаҳои мундариҷавӣ ва ташкилии чорабинии пешбинишуда сафарбар намудани тамоми имкониятҳои худро изҳор дошт.
Агар ба тарзи хулоса бигӯем, муносибатҳои зинаи кунунии ӯзбекистониву тоҷикистонӣ саъю хоҳиши самимии роҳбарони ҳар ду мамлакат ва халқҳои бародар, ҳамкории бисёрҷанбаи муфиди тарафайнро ифода менамоянд.
Дар навбати худ саъю кӯшишҳои муштарак ба фаровонҳоливу тараққиёти умумии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъмин сохтани устувориву пешрафт хидмат мекунанд.

Бобур УСМОНОВ,
муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: