ДӮСТИИ БУЗУРГ ВА ИБРАТБАХШ

Классики адабиёт ва фарҳанги ҷаҳон Чингиз Айтматов аз симоҳои маъруфи садаи ХХ аст, ки дӯсти бузурги халқҳои ӯзбеку тоҷик буда, барояшон азизу мукаррам ба ҳисоб меравад.

Эҷодкори нотакрор Чингиз Айтматов бо  бисёр намояндагони бонуфузи адабиёти ҷаҳон дӯстӣ ва ҳамкории эҷодӣ дошт. Шоири маъруфи тоҷик Мирзо Турсунзода ҳам яке аз дӯстони наздику ҳамдил ва ҳамнафаси ин арбоби сухан  буд, ки ӯро бо эҳтиром «аълоҳазрати наср» меномид. Ҷавобан Айтматов ӯро «устод» ва «муаллим» гӯён ҳурмату эҳтиром менамуд. 
Ин суханварони маъруфи Шарқ аз он ифтихорманд буданд, ки дар  асарҳояшон бо амри дилу виҷдон муборизаи халқҳои Осиёву Африқоро дар роҳи бахту саодат қаламдод кардаанд.  Мавзӯи сулҳу осоиштагии олам, бузургдошти инсон ва арзишҳои умумибашарӣ барои онҳо мавзӯи ҳамешагӣ буд.  
Истеъдоди модарзоди Чингиз Айтматов якҷо бо ҳаёти басо душвору вазнин  ва ҷустуҷӯҳои бардавоми эҷодӣ сайқал ёфтааст. Ин истеъдод ба вай имкон додааст, ки таҷрибаи эҷодии суханварони бузурги ҷаҳонро ба таври ба худ хос ва барои адабиёти замонаш навоварона дар эҷодиёти худ татбиқ намояд. Дар ин хусус М.Турсунзода менависад:
«Дар асарҳои Чингиз Айтматов, ки рӯҳ, хусусият ва обуранги эҷодиёти ӯ хеле миллист, нақши чунин нависандагони гуногун монанди Достоевский ва Такур ба таври возеҳ ҳис карда мешавад.
Вай дар асоси ҳаёти миллӣ масъалаҳои бузурги умумиинсониро мавриди тасвир қарор додааст».
Воқеан, дар таҷрибаи эҷодии ӯ як хусусияти аҷиб ва хеле ибратомӯзе ҳаст. Ин хусусият иборат аз он аст, ки дар осори ӯ ҳаёту фаъолияти қирғизон мавриди тасвир қарор гирифтааст ва ҳамаи қаҳрамонони асарҳои ӯ – Дуйшену Олтиной, Танабою Камол, Ҷамилаю Дониёр, Илёсу Асал, Тӯлғаной, Сувонқул, Мӯъминбобо… қирғизанд. Ҳамаи ин аз ҳаёти кишвари дурдаст бошад ҳам, писанди аксарияти хонандагон мебошад.  Ӯ чун фарзанди вафодор ба Қирғизистони худ содиқ монда, рӯзгори халқеро чунон тасвир намудааст, ки он аҳамият ва моҳияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардааст.        
Дар асарҳои адиб «Сарвқади рӯймолсурхаки ман», «Чашми уштур», «Муаллими нахустин», «Роҳи Каҳкашон», «Киштии сафед», «Алвидоъ, Гулсарӣ», «Рӯ ба рӯ», «Алопаре, ки лаб-лаби дарё медавид», «Дуроҳаи бӯронӣ», «Қиёмат» ва дигарҳо некӣ, муҳаббати пок, инсонпарварӣ, адолат, дӯстӣ дар пардаҳои баланд қаламдод шуда, ба мустаҳкамшавии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ хидмат мекунанд. Чунончи, дар «Муаллими нахустин» меҳру оқибат, некӣ дар тимсоли Дюйшену Олтиной мавриди тасвир қарор дода шудааст. Аз асар мантиқи  ҳакимонаи зиндагӣ ин тавр ба гӯш мерасад: «Некиро маҳв кардан мумкин нест. Дар ин дунё меҳру оқибат пойдор. Некию муҳаббат мояи ҳастӣ!»
Чингиз Айтматов дар саҳни адабиёти садаи ХХ бо романҳои «Дуроҳаи бӯронӣ», «Қиёмат» шӯҳрат ёфт, кашфиётҳои бузурги адабӣ намуд. Яке аз онҳо падидаи тоза ба ном «манқуртигарӣ» мебошад, ки ҳамчун кашфиёти нодири «шайтонигарӣ» (Достоевский) ва «обломовчигӣ» (Гончаров)  дар олами эҷоди бадеӣ эътироф шудааст.  
Воқеан, образи манқурт (романи «Дуроҳаи бӯронӣ») намунаи адабии комилан нав аст. Он дар асоси ривояти халқӣ ба риштаи тасвир кашида шудааст. Бино бар он, мардуми ин қабила аввал мӯйи сари бандиёнро батамом тарошида, ҳамзамон як шутури ҷавони бақувватро сар зада, онро пӯст меканданд, сонӣ қисми аз ҳама ғафсу дурушти пӯсти хоми онро лахтаву пора карда, гармогарм ба каллаи  якчанд асир мечаспониданд. Барои он ки онҳо аз ин бало халосӣ наёбанд, ба гардани ҳар яке кунда меандохтанд. Баъд дасту пойи ғуломшавандагонро баста, онҳоро ба як дашти холӣ бурда мепартофтанд. Азбаски ин амали ваҳшиёна дар қиёми тобистон сурат мегирифт, асирон ба азобу уқубати тоқатфарсое гирифтор мешуданд,  яъне бо гузашти вақт пӯсти шутур аз ҳарорати баланд хушкида сари онҳоро ба мисли чанбари оҳанин торафт сахттар мефушурд. Жунжунҳо ғуломшавандагонро пас аз чанд рӯз хабар мегирифтанд. Аксар аз гармӣ, гуруснагию ташнагӣ ва ин азоби ҷонкоҳ ҳалок мегаштанд, ҷонсахтҳо бошад, ба манқурт — ба фарде табдил меёфтанд, ки аз азизтарин ва муҳимтарин хислати одамӣ — хотира маҳрум шудаанд. Ин ғуломони безабону беирода аз ин боис на ному насаби худ, айёми бачагиву ҷавониро дар ёд доштанду на ватан, падару модар, хешу ақраборо медонистанд, онҳо инсонвор зиндагӣ карда наметавонистанд. Ба як маънӣ, онҳо кӯрдилу хештанношинос гашта, танҳо мисли саг назди  хӯҷаини худ дум меликконданду бас. Ин ривоят имрӯз ҳам чун як масали пандомез ба муосирон гӯшрас мекунад, ки аз манқуртигарӣ эҳтиёт бошем!
Доир ба эҷодиёти ин суханвари беназир бисёр навиштаанд. Мегӯянд,  ки ин навиштаҳо аз офаридаҳои бадеии ӯ зиёдтаранд. Ба вуҷуди ин, бо  суханони  Мирзо Турсунзода  гуфтани ин ҳақиқат ҷоиз аст: «Ӯ дар замини холӣ ба олам наомадааст. Бе таҷрибаи гузаштагон, бе суннатҳои миллӣ, ҳамчунин бе дастовардҳои дигар адабиётҳо ӯ ин дараҷа баланд баромада наметавонист, аз қаъри дили хонандагони сершумор маъво гирифта наметавонист». Эҷодиёти ӯ, ки аз таҳлили нозуки психологӣ ва дарки амиқи хислатҳои гуногуни ботинӣ ва ҷилваҳои рангоранги ҳиссиёту изтироби инсон шодоб аст, таҷрибаи адабиёти миллии қирғизро инкишоф додааст.
Чингиз Айтматов дар ёдномаи худ «Шахсияти беназир», ки ба муносибати 70-солагии шоири шаҳири тоҷик навиштааст, бо эҳтиром ва самимият дар бораи Мирзо Турсунзода сухан мегӯяд. Ӯ аввалин мулоқоти худро ба ёд меорад, ки он замон ҷавони наврас ва нависандаи навкоре буду дар бораи Мирзои шӯҳратманд бисёр шунида буд. Ин мулоқот аввали солҳои шасти асри гузашта дар Тошканд, дар хонаи калон ва меҳмоннавози Ғафур Ғулом рух дода буд ва дар он нависандагони номдори замон иштирок доштанд. Адиб он суҳбати хеле олӣ ва дилкашро, ки маҳфили ҳамбастагӣ ва мусобиқаи хирадмандон буд, чунин ба ёд меорад: «Дар нишасти дӯстон, ҳамкор ва ҳамфикронаш худро хеле хуб ҳис кардани Мирзо Турсунзодаро медидам ва дар айни замон ба вай чӣ навъ эҳтироми калон доштани ҳозиронро ҳис мекардам. Ба ман суҳбати оншаба хеле мароқовар буд. Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом дар донистани назми қадими форсӣ гӯё бо ҳамдигар мусобиқа доштанд. Онҳо ба ҳар маврид, дар сари ҳар як гап аз адабиёт мисол меёфтанд, ривояте, ҳикояте, масале нақл мекарданд. Барои ман шабнишинии хеле аҷоибе буд, чунки дар ин нишаст ман бо ду нафар – Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулом шинос шудам, ки бо дониш ва истеъдоди худ шарорапошӣ мекарданд». 
Воқеан, ба Чингиз Айтматов бахти баланд муяссар гашта буд, ки солҳои зиёд бо Турсунзода паҳлӯ ба паҳлӯ истода кор кунад. Чунон ки маълум аст, устод Турсунзода аввалин раиси Комитети якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо буд ва Айтматов дар ин комитет ба сифати муовини вай фаъолият дошт.  Дигар ин ки  онҳо ҳамчун аъзои Комитети мукофотҳои давлатӣ дар соҳаи адабиёт тез-тез вохӯрда меистоданд. Айтматов табиати мулоим ва лабхандҳои ӯро ёд карда менависад:
«Мирзо касе буд, ки шеърият, зебоии каломро хеле нозукона ҳис мекард ва ҳамеша ба ин нукта ҷалби диққат мекард, ки назм - поэзияи Шарқ фазилат ва шоистагиҳои хосе дорад. Инро ҳам бигӯям, ки ӯ бо адабиёти ҳинд низ ошноӣ дошт, ин хусусан дар аснои як сафари якҷояи мо ба Деҳлӣ ва дигар шаҳрҳои Ҳиндустон ба хубӣ маълум шуд».
Мегӯянд, ки сифати тарҷума бевосита ба ҳунар ва истеъдоди мутарҷим вобаста аст. Бисёрии асарҳои Чингиз Айтматов ба тоҷикӣ ва ӯзбекӣ аз ҷониби адибони соҳибистеъдод Фазлиддин Муҳаммадиев, Сорбон, Асил Рашидов, Иброҳим Ғафуров хуб баргардонида шудаанд. 
Фазлиддин Муҳаммадиев нахустин повести адиб «Ҷамила»-ро бо тавсия ва маслиҳати Пӯлод Толис тарҷума карда буд. Қиссаи «Алвидоъ, Гулсарӣ!» ва романи «Дуроҳаи бӯронӣ»-ро бо хоҳиши худаш. Ӯ дар ин хусус навишта буд: «Агар имконият даст медод, илтимос мекардам, ки тарҷумаи дигар асарҳояшро низ ба ман супоранд. Зеро ҳамаи офаридаҳои ин нависанда ба ман маъқул аст, кас устоди баркамол, санъаткори мумтоз будани Ч.Айтматовро аз саҳифаи аввал ҳис мекунад».
Бояд гуфт, ки на ҳар як нависанда ба тарҷумонӣ қобилият дорад. Нависандаи боистеъдод хусусиятҳои нусхаи аслро маҳфуз дошта, ғайриихтиёр бошад ҳам, ба асар таҷрибаи худро дохил мекунад. Ҳамин тариқ, муваффақияти тарҷума натанҳо комёбии ду нависанда, балки факти ҳаётии таъсири мутақобилаи маданиятҳо ҳам мебошад.
Дар ин бора худи  Ф.Муҳаммадиев ҳам дар мусоҳиба бо адабиётшинос Ҷӯрахон Бақозода  ба саволи «Шумо, ки ба эҷодиёти Ч.Айтматов ин қадар ихлос доред, таъсири асарҳои ӯро дар эҷодиёти худ ҳис мекунед?» чунин посух дода буд: «Асар, ки ба кас маъқул шуд, нависанда бошад, хоҳу нохоҳ ба эҷодиёташ таъсир мекунад, ба офаридаҳояш нақше мегузорад. Нависанда набошад ҳам таъсир мекунад, таъсири нек мекунад. Чингиз Айтматов аз ҷумлаи бузургони тамаддуни ҷаҳонист. Сабаб дар ҳамин аст».
Бале, ҷовидонист номи суханварони беназир. Нафаси гарми онҳо як умр дар навиштаҳояшон боқӣ мемонад.
  
Абдусалом САМАДОВ,
адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: