ДӮСТИИ ХАЛҚҲО БЕҲТАР АЗ ҲАМА ЧИЗҲОСТ...

Дар Ӯзбекистон намояндагони миллатҳои гуногун чун фарзандони як оила дӯстона ва дар сулҳу субот умр ба сар мебаранд.

Боиси хурсандист, ки ба туфайли сиёсати  оқилонаи давлати мо ҳар як миллат урфу одат, санъату маданияти худро нигоҳ медорад.   
Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бахшида ба 30 июл – Рӯзи дӯстии халқҳо нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарону кормандони Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва равобити дӯстӣ бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирон, фаъолони марказҳои фарҳангии миллии ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони соҳаи таълими халқ, масъулони ҳокимият, фаъолони Иттифоқи ҷавонон, вакилони ҷамоат ширкат варзиданд.
Раиси кумитаи номбурда Рустам Қурбонов тамоми ҳамватанонро бо Рӯзи дӯстии халқҳо муборакбод намуд ва таъкид кард, ки ба ин муносибат аз 30 июл то 7 август дар кишвари мо гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маънавию маърифатӣ, илмию амалӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар доираи фестивал ташкили чорабиниҳои идона ва барномаҳои консертӣ дар тамоми ҳудудҳои кишвар барпо мегарданд.
– Алҳол дар ҷумҳурӣ намояндагони чандин миллат кору зиндагӣ мекунанд. Байни онҳо соҳибони мукофотҳои давлатӣ, олимон, намояндагони халқ ҳастанд. Ҳоло дар ҳар як вилоят марказҳои миллию мадании миллатҳои гуногун фаъолият доранд, – гуфт раиси кумита.
Дар поёни чорабинӣ Р. Қурбонов ба саволҳои ходимони ВАО ҷавоб гардонд.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: