ДӮСТИИ ХАЛҚҲО ПОЯНДА БОД!

Дӯстиву бародарӣ, тифоқии байни миллатҳо, кушодадилӣ хоси суннатҳои миллии мост.

Дӯстиву бародарӣ, тифоқии байни миллатҳо, кушодадилӣ хоси суннатҳои миллии мост. Алҳол дар Ӯзбекистон намояндагони зиёда аз 130 миллат ва халқиятҳо ҳамчун як оилаи аҳлу тифоқ зиндагонӣ мекунанд. Маълум аст, ки аз қадимулайём дар байни халқҳои ӯзбек ва тоҷик муносибатҳои дӯстӣ ва хешу таборӣ мавҷуд аст. Вақтҳои охир ин муносибатҳо боз ҳам ривоҷу равнақ ёфта, мустаҳкамтар мешавад. Гуфтан ҷоиз аст, ки забони ин ду халқ ҳарчанд ҷудост, онҳо бинобар урфу одатҳои миллӣ ба ҳамдигар шабоҳат доранд. 
Ҳоло дар байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву таълимӣ ва маданӣ торафт васеъ мешаванд. Дар боғи истироҳатии ба номи Алишери Навоӣ гузошта шудани ҳайкали Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ низ аз рамзҳои дӯстии байни ин ду халқ аст. Дар ин боғ эҷодкорону олимон ва адабиётшиносони ин ду халқ чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ, суҳбатҳои бадеӣ баргузор мекунанд. Мо – омӯзгорони факултаи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ ҳамроҳи донишҷӯён дар чунин ҷамъомадҳо иштирок мекунем. 
Алҳол, ҷавонони ӯзбекистонӣ метавонанд дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таълим гиранд ва ё баръакс тоҷикистониён дар Ватани мо соҳибмаълумот гарданд. 
Сарвари мамлакатамон Шавкат Мирзиёев гуфтаанд: «Мо бояд осоиштагиву ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамкорӣ барин неъматҳои бузургро қадр кунем ва мустаҳкам намоем. Ҷавононро дар рӯҳи ҳурмат нисбати қадриятҳои милливу умуминсонӣ тарбия кунем».
Яке аз муҳимтарин иқдоме, ки халқҳои мо аз он беҳад шоду хурсанд шуданд, ин кушода шудани сарҳадҳои байни ин ду кишвар мебошад. 
Пас аз кушода шудани сарҳадҳо хешу ақрабоёне, ки чандин сол боз ташнаи дидори ҳамдигар буданд, ба ин орзуву мақсадҳои деринаашон расиданд. 
Ба қарибӣ кушода шудани «Хонаи дӯстӣ» низ хурсандиовар аст. Ҳоло 11-то маркази милливу маданӣ дар ҳамин «Хонаи дӯстӣ» фаъолияти худро идома медиҳанд. 
Дар миқёси Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзномаи «Овози тоҷик», дар вилояти Самарқанд бошад, рӯзномаи «Овози Самарқанд» пурра бо забони тоҷикӣ чоп мешаванд, дар ноҳияи Самарқанд, рӯзномаи «Гулобод тонги» саҳифаи махсуси тоҷикӣ дорад. Ҳамчунин вақтҳои охир китобҳо низ бо ду забон – ӯзбекӣ ва тоҷикӣ нашр мешаванд. Баёзи «Саодати дӯстӣ» бо саъйи кормандони рӯзномаи «Овози Самарқанд» рӯйи чопро дид, дар он намунаҳои эҷодиёти шоирони ӯзбек дар тарҷумаи тоҷикӣ оварда шудаанд. 
Дар 8 факултаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, аз ҷумла физика, математика, кимиё, таърих, биология, педагогика, педагогикаи томактабӣ, филологияи тоҷик донишҷӯён дар гурӯҳҳои тоҷикӣ таҳсил мегиранд. Дар 5 ноҳияи вилояти Самарқанд бошад, 130 адад мактабҳои тоҷикӣ мавҷуданд. 38-тои онҳо дар ноҳияи Самарқанд фаъолият доранд. Алҳол дар шаҳри Самарқанд низ мактабҳо хонандаҳоро ба таълими забони тоҷикӣ қабул мекунанд. Ба қарибӣ бо дастгирии Тоҷикистон дар ноҳияи Ургут мактаби нави замонавӣ кушода шуд, ки шаҳодати уруҷи дӯстиву тифоқии байни халқҳоямон мебошад. 
Ба наздикӣ ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов бо олимаҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар иштироки ректори муассиса, профессор Р.И.Холмуродов мулоқот кард. Дар он профессор – олимаҳо бо таклифу дархостҳои худ ба ҳоким муроҷиат  намуданд. 
Бовар дорем, ки туфайли муносибатҳои дӯстонаи Президентҳои ду мамлакат – Ӯзбекистону Тоҷикистон таклифу дархостҳои дар мулоқот бо ҳокими вилоят аз ҷониби мо изҳоршуда ҳам аз соли хониши 2021/22 ҷомаи амал мепӯшанд.
 
Кибриё ҲАСАНОВА, 
профессор, мудири кафедраи педагогикаи ДДС.
Малика ҶУМЪАЗОДА, 
омӯзгори кафедраи педагогикаи ДДС.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: