ДӮСТИИ МИЛЛАТҲО – ОМИЛИ ОСУДАГИИ КИШВАР

Аз Муроҷиати охири Президент Шавкат Мирзиёев маълум мешавад, ки агар хоҳиши роҳбар барои пешрафти ҳамешагӣ ва қонеъ нагаштан бо дастовардҳову пирӯзиҳо вуҷуд дошта бошад, бешубҳа барои рушду камоли тараққиёти Ватан хизмат мекунад.

Аз Муроҷиати охири Президент Шавкат Мирзиёев  маълум мешавад, ки агар хоҳиши роҳбар барои пешрафти ҳамешагӣ ва қонеъ нагаштан бо дастовардҳову пирӯзиҳо вуҷуд дошта бошад, бешубҳа барои рушду камоли тараққиёти Ватан хизмат мекунад.
Чи тавре ки дар Муроҷиатнома бо қатъият гуфта шудааст «Бо вуҷуди мушкилиҳо мо аз роҳи ислоҳоти демократӣ барнамегардем”, мо ходимони матбуот низ  кӯшиш мекунем, ки ба пешравию тараққиёти замон ҳиссаи муносиби  худро гузорем. Мавзӯъҳое, ки дар муроҷиат ба забон гирифта шудааст, то ҳоли имкон ба қалам гирему ба омма расонем.
Мавзӯи дӯстӣ, яке аз мавзӯи муҳимтарини имрӯза мебошад, ки то дараҷае мавзӯи сиёсӣ ба шумор меравад. 
Боз гуфта шуд, ки 30 июли  ҳамасола, ки Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии дӯстӣ эълон намудааст, дар ҷумҳурии мо низ чун Рӯзи дӯстии халқҳо ҷашн  гирифта мешавад. Шавкат Мирзиёев  ин масъалаи муҳимро аз аввалин рӯзҳои фаъолияти худ ба амал ҷорӣ карда буд. 
Дар маркази шаҳри Намангон Хонаи дӯстӣ  барпо гардида, дар ин ҷо чор маркази милливу фарҳангӣ – тоҷик, корейс, рус ва қирғиз фаъолият дорад. 
Аз он ҷумла, дар вилоятамон  зиёда аз 270 ҳазор нафар тоҷикон истиқомат мекунанд ва қисме аз онҳо бо забони модарии худ дар мактабҳои миёна дониш  меомӯзанд. Дар рӯзномаҳои ноҳияҳои Косонсой, Чуст ва Поп саҳифаҳои тоҷикӣ низ чоп мешаванд.

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: