«ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО»

Чанде қабл ба ифтихори 30-солагии муносибати дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон китоби академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо номи «Насими дӯстӣ» рӯйи чопро дид.

Китоб дар бораи таърихи ташаккули робитаи адабиву фарҳангии халқҳои бародар – ӯзбеку тоҷик маълумот медиҳад. Очерки илмиву адабии А.Раҳмонзода «Паёми дӯстӣ ва равобити адабӣ» муносибатҳои қадимии тоҷикону ӯзбеконро, ки бо гузашти замон бо ҳам хешу табор, рафиқи мунис, бародару хоҳар шуда, ҳамхуну решапайванд гардидаанд, ёдоварӣ мекунад. Тавре ки дар очерк гуфта мешавад: дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон дар замони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ боз ҳам таҳким ёфта, хусусияти ибратомӯз касб кардааст.
Муаллиф дар очерк дар таҳкими дӯстӣ ва густариши равобити адабии тоҷику ӯзбек саҳми нависанда ва шоиронро алоҳида таъкид мекунад. Робитаи дӯстона ва бародаронаи ду халқ дар тӯли Истиқлолияти миллӣ ба ҳар ду халқ имкон дод, ки адабиёт ва санъати худро тараққӣ диҳанд, барои эҷод шароит фароҳам оваранд ва ҷиҳати табъу нашри осори адибони гузашта ва муосир роҳи васеъро боз намоянд.
Хурсандиовар аст, ки очерк ба забони ӯзбекӣ низ бо номи «Адабий алоқалар ва дӯстлик ришталари» аз китоб ҷой гирифтааст. Ин ба хонандагони ӯзбек имкон медиҳад, ки аз мазмуну мундариҷаи очерк баҳраманд шаванд. 
Боби охири китоб «Чанд сухани дигар дар боби чеҳраҳои адабӣ ва навгониҳои эҷодӣ» ном дорад, ки мақолаҳои «Равобити адабию фарҳангии халқҳои ӯзбеку тоҷик», «Садриддин Айнӣ – пули дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек», «Сиддиқии Аҷзӣ ва бедории фикрӣ», «Дар бораи оинаи ҷаҳоннамои миллат – Бухорои Шариф», «Боз як навиди тоза дар Самарқанд», «Нигоҳи иҷмолӣ ба пажӯҳиши адабиётшиноси тоҷики Ӯзбекистон»-ро дар бар мегирад.
Муаллиф аз ҷумла дар боби охир таъкид менамояд: «Боиси хушнудист, ки солҳои охир баробари рушди адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар Тоҷикистон, дар Ӯзбекистон низ ин соҳаҳои зебоишиносӣ рушд намуда, пажӯҳишҳои судманд пайдо шуда истодаанд. Рисолаи Абдуқайюм Ҳасанзод «Адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон» аз ҳамин қабил мебошад».

М.МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: