ДӮСТИВУ РАФОҚАТ МУСТАҲКАМ, ҲАМКОРИҲО РИВОҶУ РАВНАҚ МЕЁБАНД

Ҳамон рӯзҳо кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Фарғона аз шиору плакатҳои тараннумгари дӯстиву рафоқати миёни мардуми Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон хеле саршор ва парчамҳои ин се кишвари ҳамҷавор аз боди сабук парафшонӣ мекарданд.

Ҳамон рӯзҳо кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Фарғона аз шиору плакатҳои тараннумгари дӯстиву рафоқати миёни мардуми Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон хеле саршор ва парчамҳои ин се кишвари ҳамҷавор аз боди сабук парафшонӣ мекарданд. Майдони байналмилалии ҳавоии “Фарғона” бошад, аз ҳарвақта дида серодаму намуди бошукӯҳ ва идонаро касб мекард.
Ҷавонписарону ҷавондухтарон либосҳои идона бар тан барои пазироии меҳмонони тоҷикистонии худ саф ороста буданд. Як тараф сокинони маҳаллаҳои гирду атрофи майдони ҳавоӣ низ гӯё ба он ҷо кӯчида буданд. Бемуҳобот, ҳамаи ин манзара диққати мардуми зиёдро ба худ мекашид.
Ана, ҳавопаймо омада ба майдони ҳавоӣ нармакак фуруд омад. Дар ин ҳавопаймо як ҳайати густардаи идораҳои ҳукумати вилояти Суғди Тоҷикистон ва намояндагони доираҳои соҳибкории ин вилоят таҳти раёсати Раҷаббой Аҳмадзода ба Фарғона ташриф оварданд.
Ҷонишини аввали ҳокими вилоят Аваз Ӯринбоев ва ҳокими шаҳри Фарғона Мирзоҳид Убайдуллоев ба истиқболи меҳмонон шитофтанд ва Раҷаббой Аҳмадзодаро бо аъзои ин ҳайат хайрамақдам гуфтанд. Ҷавонон ба меҳмонон гулдастаҳои худро тақдим намуданд. Садои дафу доира ва карнаю сурнай ба атроф дакка мезад. Тибқи таомули меҳмоннавозӣ меҳмонон аз нону намаки мардуми Фарғона чашиданд.
Айни чунин манзара ва шодиву нишот дар қисмати дигари вилояти Фарғона ба вуқӯъ пайваст. Дар гузаргоҳи Водил—Қадамҷо, ки ноҳияи Фарғонаро бо ноҳияи Қадамҷо васл мекунад, гӯё замин кафидаву одам баромадааст! Дар чеҳраи ҳама шодиву нишот ва хурсандӣ гул мекард.
Дар ин ҷо мизбонон ҳайатеро аз вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазироӣ мекарданд. Аъзои ин ҳайатро ҳокими вилояти Боткент Омурбек Сувоналиев роҳбарӣ менамуд. Онҳоро низ роҳбарон ва мардуми зиёд зери садоҳои гуворои дафу доира ва карнаю сурнай бо шаҳомати хос истиқбол гирифтанд.
Меҳмонон аз ду вилояти ҳамҷавори вилояти Фарғона барои ширкат дар Бизнес-форум даъват шуда буданд, ки таҳти унвони “Ҳамоиши минтақаҳои наздимарзӣ—гарави рушд” дар шаҳри Фарғона баргузор мегардид.
Мулоқоти нахустини ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ва ҳайатҳои ду вилоят дар бӯстонсарои “Хонаи қабулҳо”-и ҳокимияти вилоят, воқеъ дар шаҳраки Водил сурат гирифт.
– Бар пояи иродаи бузурги роҳбарони мӯҳтарами се давлат дубора риштаҳои дӯстиву рафоқати қадимии мардуми мо барқарор гардид, дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод ва иҷтимоиёт ҳамкориҳои вусъатнок ба роҳ монда мешаванд, – гуфт Хайрулло Бозоров.
Ба таъкиди ӯ дар минтақаи марзии “Андархон”-и ноҳияи Бешариқ, ки бо вилояти Суғд ҳамсарҳад мебошад, аз рӯи лоиҳаи ташкил намудани “Минтақаи озоди иқтисодӣ” корҳои доманфарох идома доранд. Маҳз дар ҳамин минтақа барои даробарои мардуми ду мамлакат ва тиҷорат имконияти фаровон фароҳам оварда шудааст.
Гуфта шуд, ки ин ҷо бозори чакана ва умдафурӯширо ривоҷ додан мумкин аст. Тибқи пешниҳоди Хайрулло Бозоров дар Фарғона ташкил намудани хонаҳои савдои Боткент ва Суғд, дар ин ду вилоят ташкил намудани хонаи савдои Фарғона, ҳамчунин роҳандозии рӯзҳои фарҳанг, аз роҳи ташкили кооператсия дар минтақаҳои наздимарзӣ фарохтар намудани имкониятҳо барои тавлиди маҳсулоти гуногун, табодули профессорон-устодони донишгоҳҳо ҳатман барои мардуми се вилояти ҳамҷавор манфиатҳои зиёд хоҳанд овард.
– Кишвари мо низ оҳиста-оҳиста аз содир намудани ашёи хоми пахта даст кашиданист. Дар ин замина мо метавонем бо соҳибкорони вилояти Фарғона, ки ба азнавкоркарди пахта сарукор доранд, дар соҳаи бофандагӣ ҳамкориҳои манфиатбахшро ба роҳ монем, – изҳор кард раиси ҳукумати вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода.
Вай илова намуд, ки вилояти Суғд муқаддам низ мардуми водии Фарғонаро бо ангишти хушсифат ва арзон таъмин мекард, ки ин раванд метавонад идома пайдо кунад ва аз ҳисоби содири ангишти тоҷик мардуми вилояти Фарғона низ баҳраманд гардад.
Раиси ҳукумати вилояти Боткент Омурбек Сувоналиев иброз дошт, ки мувофиқатҳои се кишвар дар майдони сиёсат мусоидат менамояд, ки се вилояти ҳамҷавор дар соҳаҳои савдо ва иқтисод ҳамкориҳои худро вусъат бахшанд.
– Ҷумҳурии Қирғизистон ба узвияти Иттифоқи иқтисодии Авруосиё пазируфта шудааст. Ин ба вилоятҳои Фарғона ва Суғд низ барои ривоҷи тиҷорати онҳо имконияти бештар фароҳам меоварад. Гузашта аз ин, се вилояти ҳамҷавор дар Роҳи бузурги абрешим воқеъ гаштаанд. Ин мусоидат менамояд, ки мо дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳоямонро ривоҷ бахшем ва дар зери ин фазо боҳам иттиҳод бандем. Умедворам, ки дар ояндаи наздик ибораҳои “вилоятҳои ҳаммарз” ва “минтақаҳои наздимарзӣ” аз истифодаи мо барканор хоҳанд шуд, – гуфт Омурбек Сувоналиев.
Баъд мизбонону меҳмонон ба Кохи мӯҳташами театр-консерти ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғона ташриф оварданд. Дар ин ҷо роҳбарони се вилоят бо аъзои ҳайатҳои худ гирдиҳам омада, дар мавзӯи “Ҳамойиши минтақаҳои наздимарзӣ – гарави рушд” бизнес-форум баргузор карданд.
Дар оғози он меҳмонон намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии вилояти Фарғонаро тамошо карданд. Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти бофандагӣ, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, чарму атриёт, сохтмон, ҷиҳози тиббӣ ба намоиш гузошта шуд. Аз тамошои он меҳмонони тоҷикистонӣ ва қирғизистонӣ хеле завқ бурданд.
– Ин нахустин чорабинии муштараки мост, ки се вилояти ҳаммарз баргузор кардааст. Ин як чорабинии калони иқтисодӣ мебошад ва роҳандозии он баъд аз ин бояд ба ҳукми анъана дарояд. Бо фаро гирифтани тамоми соҳаҳо ҳамкориҳо рушд хоҳанд кард ва ин форум оҳиста ба платформаи бонуфуз табдил хоҳад ёфт, – гуфт Хайрулло Бозоров.
Иштирокчиёни бизнес-форум ибрози умедворӣ намуданд, ки мулоқоти миёни кормандони идораҳои давлатӣ бо ҳамтоёни онҳо ва соҳибкорон дар ин форум ҳатман самараҳои нек дар пай хоҳанд овард, зеро хишти аввали онро дар иттиҳоду ҳамбастагӣ мегузоранд.
Дар ҷараёни ин форум боз ба як қатор ҳамкориҳои муштарак ҳусни оғоз бахшида шуд. Баъди он Хайрулло Бозоров ва Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати ривоҷ додани робитаҳои иқтисодӣ ба “Харитаи роҳ” имзо гузоштанд. Гуфта мешавад, ин харитаи роҳ мусоидат хоҳад кард, ки минбаъд ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни вилоятҳои Фарғона ва Суғд беш аз пеш доман фарох хоҳад кард.
Гуфта шуд, ки шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Фарғона ва Суғд низ метавонанд мустақиман ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун ба роҳ монанд. Дар ин замина миёни ноҳияи Бешариқ ва шаҳри Конибодом, ноҳияи Бувайда ва шаҳри Гулистон, ноҳияҳои Данғара ва Бобоҷон Ғафуров, ноҳияҳои Ӯзбекистон ва Исфара, ноҳияи Учкӯприк ва шаҳри Бӯстон меморандумҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Чунин меморандуми ҳамкорӣ дар миёни ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғона ва ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент низ имзо карда шуд.
Баъд дар нимаи дуюми рӯз меҳмонони тоҷикистонӣ ва қирғизистонӣ аз якчанд корхонаҳои бузурги саноатӣ ва ҷараёни истеҳсолот боздид намуданд. Аз ҷумла, боздид аз корхонаи муштараки калобаресии “Fergana Glоbal textile”-и шаҳри Фарғона, ширкати истеҳсоли технологияҳои обёрии қатраии “Netafim”, ҷамъияти саҳҳомии шишабарории “Кварс”-и шаҳри Қувасой, корхонаи “Экокерамика”-и ноҳияи Фарғона ва амсоли он дар меҳмонон таассуроти амиқ боқӣ гузошт.
Имрӯз мувофиқи барномаи ташриф меҳмонони тоҷикистонӣ ва қирғизистонӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд ва аз корхонаи хусусии растаниҳои шифобахши “Меҳригиё”, воқеъ дар ноҳияи Учкӯприк, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Қӯқанд, “Шаҳраки кулолон”-и Риштон ва амсоли он боздид намуданд.
– Умедворем, ки меҳмонон аз пазироӣ, иштирок дар бизнес-форум ва ташкили боздидҳо аз корхонаҳо ва ҷойҳои таърихии вилоятамон қаноат ҳосил намуданд, – мегӯяд сухангӯи ҳокими вилояти Фарғона Дилмурод Ҷумъабоев.
Қарор аст, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо дар вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Боткенти Қирғизистон низ баргузор мешаванд ва минбаъд он шакли анъанавиро касб хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: