ДӮСТИВУ РАФОҚАТАМОН БЕШ АЗ ПЕШ МУСТАҲКАМ МЕГАРДАД

– Баъди сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки 18-19 апрели соли равон сурат гирифт, робитаҳои ду кишвари ҳамҷавор ва дӯст беш аз пеш доман фарох намуданд.

Ҳамагон медонанд, ки дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Тошканд, мисли Ангрен, Чирчиқ, Бӯка, Пискент, Чиноз, Бекобод, Бӯстонлиқ, Паркент ва амсоли он дар баробари мардумони дигар тоҷикон низ зиндагӣ мекунанд. Ҳоло бо тарзи зиндагӣ ва расму ойинҳои мардуми тоҷиктабори ҷамоати маҳаллаи тоҷикнишини Қолғонсири ноҳияи Бекобод ошно хоҳем шуд, – гуфт роҳбалади мо Асқар Исмоилов.
Вай афзуд, ки бо дастури сарварони ду давлат роҳбарони мақомоти давлатии ҳокимияти ду вилояти ҳамҷавор – Тошканд ва Суғди Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. 
Вақте ки ба ҷамоати «Қолғонсир» наздик расидем, ба мушоҳида расид, ки як самти он аз боғу дарахтзорони мевадиҳанда ва ниҳолҳои намоишӣ иборат аст ва як қисмати онро заминҳои ҳамвор ва талу теппаҳои пасту баланд ташкил медиҳанд. Раиси ҷамоат Нуралӣ Шодмонов мегӯяд:
– Ҷамоати шаҳрвандони мо ду ҳазор аҳолиро муттаҳид намудааст. Аъзои 530 хонавода ба боғпарварӣ, кишоварзӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ, шоликорӣ, инчунин парвариши занбӯри асал машғуланд ва аз ин ҳисоб рӯзгори худро таъмин мекунанд. Дар қаламрави ҷамоатамон ду мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва як кӯдакистон фаъолият менамояд. Дар мактаби рақами 34 корҳои таълиму тарбия танҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.
Қариб дар ҳар як хонаводаи қолғонсириҳо арӯси ӯзбектаборро дидан мумкин аст. Дар баробари ин, чанд духтари тоҷики ин деҳа ба ҷавонони ӯзбектабор издивоҷ кардаанд. Дӯстиву рафоқате, ки миёни ин ду халқ асрҳо боз ҳукмрон аст, дар байни ягон мардуми дигари олам дида намешавад.
Мардуми ҷамоат бо як идда фарзандони худ, мисли собиқадорони соҳаи мактабу маориф Ҳайитбой Бердиев ва Ҷангилой Шодмонова, Шакарой Шодмонова, пизишки номдори ноҳия, профессор Амон Турсунов, мураббии соҳаи варзиш Эсан Қурбонов, соҳибкори варзида Раҷабалӣ Нуралиев, фаъоли занону духтарон Фотима Бердиева ва чанде дигарон ҳамеша ифтихор мекунанд.  
Шакарой Шодмонова аз ҳамон зумраи занони деҳаи мо маҳсуб меёбад, ки панҷ фарзандро хеле хуб тарбия намудааст. Ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ буда, ҳоло дар идораҳои гуногуни давлатӣ вазифа анҷом медиҳанд. Вай барои меҳнатҳои пурсамараш соҳиби нишони давлатӣ ва ифтихорномаҳои зиёд гаштааст. Дар айни ҳол ҳамчун ёвари ҷавонон ба ҷамоати мо аз наздик ҳамкорӣ мекунад.  
Дар мактаби рақами 34 таълиму тарбия ва машғулиятҳои дигари иловагӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар суҳбат директори мактаб Ғолиб Ширинов гуфт, ки бинои мактаб тибқи тарҳи замонавӣ сохта шуда, барои 420 нафар хонанда  муқаррар гардидааст.
– Ҳоло дар он 220 нафар фарзандони мардум ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дарсу машғулиятҳо дар як баст сурат мегирад ва ин ба натиҷаҳои кори таълиму тарбия таъсири мусбат мегузорад. Боиси зикр аст, ки дар мактаб таҳти шиори «Биёед, эй рафиқон, дарс хонем!» омӯзишу парвариш ба роҳ монда шудааст, ки ин мисраъ мутааллиқ ба қалами устод Садриддин Айнӣ мебошад. Дар байни 60 мактаби ноҳияи Бекобод мактаби мо аз рӯйи иштироки донишомӯзон дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ҷойи муносибро ишғол менамояд, – тазаккур дод дар аснои суҳбат Ғолиб Ширинов.
Вай афзуд, ки аз ҷамъи 32 нафар омӯзгорони мактаб 20 нафар соҳиби маълумоти олӣ, чаҳор нафар соҳиби маълумоти олии нопурра ва 8 нафар соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошанд. Давлат ва ҳукумат барои фарзандони мардуми тоҷиктабори ҷамоатамон имкони таҳсил ба забони  модариро фароҳам овардааст. Онҳо бо китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ таъмин мебошанд. Инчунин барои шуғли наврасону ҷавонон бо варзиш дар мактаб шароити хубу мусоид мавҷуд аст.
– Ман дар синфи нӯҳуми ин мактаб бо баҳои аъло таҳсил мекунам. Ба шеъру шоирӣ низ шавқу рағбати зиёд дорам. Ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър машқ мекунам. Машқи шеърҳои ӯзбекиам таҳти унвони «Сирбӯйи илҳомлари» мунташир гардид. Ҳоло як маҷмӯаи дигарро ба забони тоҷикӣ омодаи чоп кардаам, ки дар ояндаи наздик интишор хоҳад ёфт, – мегӯяд Шабнам Файзимуродова.
Дар байни занону духтарони ҷамоат як гурӯҳ ба ҳунари кашидадӯзӣ, зардӯзӣ ва қолинбофӣ машғуланд. 
– Оилаи моро дар вилояти Тошканд ҳамчун ҳунармандони қолинбоф мешиносанд. Аз пашми бузу гӯсфанд ва абрешим калоба тайёр мекунем ва баъд паси дастгоҳ нишаста, ба бофтани қолинҳои хурду бузург машғул мешавем. Намунаи қолинҳои мо дар намоишгоҳҳои маҳсулоти саноеъи дастӣ зиёд ба намоиш гузошта мешаванд, – мегӯяд Роҳатой Маматқулова.
Маълум шуд, ки Роҳатой дар ҳунари навохтани асбоби лабчанг ҳам маҳорати хос дорад. Дарвоқеъ, вай узви дастаи фолклорӣ-этнографии «Рангинкамон»-и ҷамоати шаҳрвандони маҳалла мебошад. Ин дастаро сокини деҳа Фотима Бобоева роҳбарӣ мекунад.
– Дар дастаи мо як гурӯҳ занону духтарон фаъолият мекунанд. Ҳар як маросими ноҳия ва вилоят бе ширкати дастаи ҳунарии мо намегузарад. Мо дар репертуари худ сурудҳои халқии тоҷикиро шомил намудаем, ки ҳамеша аз тарафи тамошобинони сершумор бо дилгармӣ пазируфта мешаванд. Узви аз ҳама куҳансоли даста Муҳарраммомои 92-сола  мебошад. Вай ҳанӯз мерақсаду суруду таронаҳои мардумӣ мехонад, – мегӯяд Фотима Бобоева.
Баъд аз зиёратгоҳи «Бузрукбобо» боздид намудем. Маълум шуд, ки ба ин ҷо барои зиёрат на танҳо зоирони дохилӣ, балки хориҷӣ низ меоянд. Гуфта мешавад, таърихи оромгоҳи «Бузрукбобо» ба асрҳои 10-11-и мелодӣ рост меояд. Ин макон дар тӯли садсолаҳо серодамтарин зиёратгоҳ будааст. Аз ҷумла, мардум Неъматуллохон ибни Зайнобуддини Мағрибиро, ки бо номи «Бузрукбобо» машҳур гаштааст, пири корҳои деҳқонӣ медонистаанд.

М. АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: