«ДӮСТЛИК» БА ИВАЗИ ЛУҚМАИ ҲАЛОЛ

Комилҷон аз айёми бачагӣ ба моҳидорӣ шавқу ҳавас дошт.

Ҳамин ки вақти холӣ пайдо шавад, шаст ба китф партофта лаби рӯди Дарғам ё дигар кӯлҳои атрофи Самарқандро ба қавле иҷора мегирифт. Боз «аз бекорӣ – кадукорӣ» гуфтагӣ барин то ба чангак даҳон задани сайдаш адабиётҳои гуногунро оид ба моҳидорӣ ва намуди ин ҷонваракҳо варақ мезад. Аз ҳама муҳимаш, тарзи пухтани моҳиро фаҳмида гирифт. Гоҳ-гоҳ бо модари меҳрубон машварат ороста, ҳар ду хӯрокҳои болаззат мепухтанд.
– Ту, моҳигир, – аз рафтори писар завқ бурда мегуфт падараш Рашидамак, – касби ошпазиро пурра омӯхтанат лозим. Ба ин кор шавқат баланд.
Комилҷон баъди хатми мактаби миёна ба насиҳати қиблагоҳ амалкунон ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии озуқавории Самарқанд ҳуҷҷатҳои худро супорид. Дониши кофӣ, ки дошт, аз имтиҳоноти қабул сарбаландона гузашт. Дар тӯли се соли таҳсил аз устодон бисёр чизҳоро омӯхт. Соли 1996 соҳиби диплом шуду бо роҳхати омӯзишгоҳ ба ноҳияи Нуробод ба кор омад. Ба ошпази соҳибтаҷриба Норқул Бурҳонов шогирд шуд.
– Касби ошпазӣ нозукиҳои бисёр дорад, – мегуфт Норқулака, – ба меъёри обу намак аҳамият додан зарур. Агар оташ баланд шавад, хӯрок хомпазу бемазза гардида, мизоҷҳоро гум кардан мумкин аст.
Комилҷон дар асоси маслиҳатҳои муфиди устодаш сирру асрори ошпазиро пурра омӯхт. Вай бештар ба моҳипазӣ дил баст. Алалхусус ба парвариши он бефарқ нашуд. Соли 2006 бо додараш Илҳомҷон дар лаби рӯди Дарғам ду-се кӯлро ба иҷора гирифту хоҷагии фермерии моҳипарварии «Оқ амур балиқлари» ташкил намуд. Аз ҳисоби «Ипотекабанк» қариб 600 миллион сӯм вом гирифта, барои ривоҷ додани соҳа сарф намуд. Дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ҳавзҳои сунъӣ кофт, боғу токзор бунёд кард. Ҳоло ӯ соҳиби 125 гектар замин ва 27 ҳавзи моҳипарварӣ мебошад. Қариб 30 нафар коргари доимӣ ва беш аз 50 нафар коргари мавсимӣ дорад. Танҳо соли равон ба мардуми Самарқанд 300 тонна гӯшти парҳезӣ пешкаш шуд. 
Имрӯзҳо Комилҷон Ҳалимов ниҳоят серкор аст. Зеро дар асоси қарори сарвари давлатамон доир ба ривоҷ додани соҳаи моҳипарварӣ нақшаҳои калон дорад.
– Хоҷагии мо аз давлат 8 миллиард сӯм вом гирифт, – мегӯяд Комилҷон Рашидович, – бинобар ҳамин лоиҳаҳои бузурги истиқболнок таҳия намудем. Дар ҷойи куҳнаи бозори мошин маркази инноватсионии илмиву таълимӣ ва ташхиси моҳипарварӣ, меҳмонхона, хонаҳои истиқоматӣ, кӯдакистон барои 100 нафар фарзандонамон, мактаб барои 250 нафар хонанда, ошхона, мағоза ва ғайра бунёд мегарданд. Ба дастархони мардум 400 тонна луқмаи ҳалол пешкаш мекунем.
– Комилҷон, аксарият бехабар ҳастанд, ки чаро гӯшти моҳиро луқмаи ҳалол мегӯянд.
– Воқеан, ба ин савол ҳар кас ҳар хел ҷавоб медиҳад. Аммо гап дар он аст, ки моҳӣ барои бордоршавӣ ҷуфт намешавад ва алоқаи ҷинсӣ надоранд. Моҳии  модина рӯйи рег ё лойқа тухмгузорӣ карда баъд наринааш аз болои онҳо мегузаранд, ки пас аз чанд муддат моҳичаҳо пайдо мешаванд. Як моҳӣ то як миллион тухм мегузорад. Афсӯс, ки ҳамагӣ як-ду фоиз зинда мемонанду халос.
– Дар ҳавзҳои шумоён чанд намуди моҳӣ парвариш мешаванд?
– Умуман, дар илм қариб 25 ҳазор намуди моҳӣ маълум, ки аз онҳо 20 ҳазор намудаш дар баҳру уқёнус, кӯлу дарёҳо зиндагӣ мекунанд. Дар Ӯзбекистон 40 намуди моҳӣ ба рӯйихат гирифта шудааст. Мо ҳамагӣ 3-4 намуди онҳоро парвариш мекунем, ки зағорамоҳӣ, амури сафед, лаққамоҳӣ мебошанд, ки харидоргиранд.
Ҳамкорӣ бо Русия, Хитой, Ветнам имконияти бештар парвариш кардани навъи бозоргири моҳиро  дода истодааст. Акнун моҳии сурх, шӯрмоҳӣ ва ғайра дар ҳавзҳои сунъии моён парвариш хоҳанд ёфт. Охир чӣ ҷойи руст кардан аст, ки дар бозор нархи аслии моҳӣ қариб бо гӯшти гӯсфанд баробар мебошад. Гарчанд бо меъёри тиббӣ ҳар як кас давоми сол 14 кило моҳӣ истеъмол карданаш лозим бошад ҳам, вале азбаски киса онро намебардорад, ҳама ҳам аз ин неъмати табиат баҳраманд нестанд. Дар асоси фармони Президентамон дар Самарқанд низ моҳипарварӣ ривоҷ хоҳад ёфт. Имрӯз дар вилоят 9,7 ҳазор гектар ҳавзи табиӣ ва сунъӣ вуҷуд дошта, дар онҳо 441 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мебаранд. Бо супориши сарвари давлатамон аз оғози соли 2018 барои 63 лоиҳа доир ба рушди моҳипарварӣ қариб 100 миллиард сӯмина вом ҷудо гардида буд. Умед аст, ки фермерҳо, аз он ҷумла ҷамоаи мо низ барои истеҳсоли луқмаи ҳалол саҳми муносиб мегузоранд
***
Камина Комилҷон Ҳалимовро дер боз аз наздик мешиносам. Ҳамгузару атрофиён ӯро барои иродаи қавӣ ва зиндадилу шӯхтабиат будан  эҳтиром мекунанд. Вай ҷавонмарди лабонаш ҳамеша моили табассум аст. Вай ҳамаро бо хоксорӣ, дилёбӣ, ширинсуханӣ ва албатта саховатмандӣ мафтун месозад. Суҳбаташ аз ақли расо ва табъи шӯх доштанаш гувоҳӣ медиҳад, ки бисёр ҷаҳондида аст. 
Дар рӯзи ҷашни 26-солагии қабули Қомуси асосии мо роҳбари хоҷагии фермерии «Оқ амур балиқлари» Комилҷон Ҳалимов ба қасри санъати Самарқанд таклиф гардид. Роҳбари вилоят  дар қатори дигар мукофотгирандагон исму насаби ӯро эълон кард. 
Вай хиҷолатмандона ва бо чеҳраи аз шарм лолагун ба саҳна баромад. Роҳбари вилоят дастони ӯро самимона фишурд ва ордени «Дӯстлик»-ро ба сари синааш часпонда чунин иброз дошт:
– Мукофот барои луқмаи ҳалол, – гуфт ӯ – табрик ва ба коратон омад!
Духтараке гулдастаи тару тозаро тақдим намуд. Комилҷон сар ҷунбонду миннатдорӣ намуд. Ҳангоми аз зина фаромадан хабарнигор ба даҳонаш микрофонро наздик оварда ду сухан гуфтанашро илтимос намуд.  Ҷавоби вай табассуми маънидор буду халос.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: